Баромади Вазири корҳои дохилӣ

Суханронии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар вохӯрӣ

бо дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия 

 

Муҳтарам дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатӣ, меҳмонон  ва ҳозирини гиромӣ!

Қабл аз ҳама барои ташриф ва иштироки фаъолона ба шумо изҳори миннатдорӣ намуда, боварӣ дорам, ки ҷамъомади имрӯза ба ҳамкории судманди кормандони милитсия бо аҳолӣ, бахусус дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия дар таҳкими қонуният, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини  тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат хоҳад кард.

Афзудани эътимод ва боварии аҳолӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сол аз сол масъулияти онҳо дар таъмини суботу оромӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳаллу фасли арзу муроҷиати шаҳрвандон, бештар гардида, сокинони кишвар дар симои кормандони ин ниҳод пуштибон ва ҳимоятгари худро мебинанд.

Мақсад аз ҷамъбасти фаъолияти дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия, ин тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои комилан судманди кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо ин ниҳодҳо дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ мебошад. Зеро маҳз бо дастгирии аҳолӣ, зиёиёну равшанфикрон, аҳли ҷамоатчигӣ, намояндагони маориф, кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, бахусус донишҷўён мо метавонем бо падидаҳои номатлуби ҷомеа, ки имрӯз моро ба ташвиш овардааст, мубориза барем.

Яке аз самтҳои муҳим ва вазифаҳои асосӣ, ки аз «Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2015» бармеояд, ин ҷалби дигар идораву сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар пешгирӣ ва барҳам задани кору амалҳои ғайриқонунӣ иборат буда, мақсади он мутаъдил гардонидани кору фаъолияти сохторҳои қудратӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва манфиатҳои давлату ҷамъият мебошад.

Бояд таъкид кард, ки танҳо дар ҳамдастӣ ва муборизаи дастаҷамъона суботу оромӣ барқарор гардида, ин ҳамкорӣ барои рафъи кору амалҳои ғайриқонуние, ки пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва маданиро халалдор месозанд, мусоидат менамояд.

Ман ба он нафароне, ки дар ҳамдастӣ бо кормандони милитсия ин масъулияти душвору пурифтихорро ба душ гирифта, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзанда мегузоранд, изҳори сипос менамоям.

Воқеан шумо беҳтарин фарзандони содиқи ин  сарзамин ба ҳисоб рафта, ҳамчун ҷавонони бонангу номус, миллатдӯст, ватанпараст ва ҳомии суботу оромӣ, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ мебошед.

Қайд намудан бомаврид аст, ки сафи шаҳрвандоне, ки мақсади бо мо ҳамкорӣ намуданро доранд, сол аз сол афзуда, таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат ва Вазорати корҳои дохилӣ низ, ба онҳо рӯз аз рӯз бештар мегардад. 

Моҳи декабри соли 2009, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» ва моҳи августи соли 2010 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Дружинаҳои ихтиёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки ин як қадами қатъӣ дар роҳи ҳамкории аҳолӣ бо мақомот дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.

Робитаи зич бо аҳолӣ, ҳамкории судманди ҷавонон бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имкон медиҳад, ки пеши роҳи амалу кирдорҳои номатлуб гирифта шуда, сатҳи ҷинояткорӣ паст карда шавад. Бо ин мақсад мо ҷавононро барои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба хизмат ҷалб намудем.

Дар мувофиқа бо роҳбарияти Донишгоҳу Донишкадаҳои олӣ, идораву корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҳисоби донишҷӯёни аълохон, кормандони пешқадам ва ҷисману рӯҳан боқувват гурӯҳҳои дружиначиён таъсис додем, ки мунтазам бо кормандони милитсия, барои таъмини суботу оромӣ ба хизмат сафарбар карда мешаванд.

Бо туфайли заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва шумо ҷавонони бонангу номус осудагию суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гардида, ҷиноятҳо пешгирӣ, шахсони ҷинояткор дастгир ва нисбаташон чораҳои лозимӣ андешида мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки иштироки фаъолонаи шаҳрвандон баъди эълон гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» боз ҳам пурзӯр гардид.

Дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия, махсусан бо нозирони минтақавии милитсия беш аз 550 нафар дружиначиёни ихтиёрӣ ва садҳо нафар кормандони ғайриштатӣ ҳар шабонарӯз ба хизмат сафарбар мешаванд, ки ин шаҳодати ҳамкории босамари милитсия бо аҳли ҷомеа мебошад. 

Сафи дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия сол аз сол афзуда, шумораи онҳо то имрӯз ба зиёда аз 30 ҳазор нафар расидааст, ки дар 69 дружинаҳои шаҳрию ноҳиявӣ  сарҷамъ шуда, таҳти сарпарастии сардорони ситодҳо ин дружинаҳо ба хизмат сафарбар мегарданд. Саҳми дружиначиёни ихтиёрӣ дар  пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо басо калон буда, онҳо ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа ба дигарон дар риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ намунаи ибрат мебошанд.

Натиҷаи дуруст ба роҳ мондани ҳамкории кормандони милитсия бо дружиначиёни ихтиёрӣ аст, ки сол аз сол саҳми онҳо дар кушодани ҷиноятҳо ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия зиёд мегардад.

Дар соли 2014 дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия 133  ҷиноят (2013-15 ҷиноят) ва зиёда аз 2 ҳазор ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ошкор карда шудааст, ки назар ба соли гузашта хеле беҳтар мебошад.

Ин ҷо саҳми дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия Ҷӯраев А.И., Азимов Х.А., Қаримов Ҳ.Р., Аминов Ҳ.Ҷ., Очилдиев М.Х., Мамасолиев Х. ва даҳҳо нафари дигарро метавон қайд кард, ки дар ошкор кардани ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ, қаллобӣ ва ғасби ғайриқонунии замин саҳми назаррас доранд.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ҳавасмандгардонии дружиначиёни ихтиёрӣ сол аз сол таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Дар давоми соли 2014 зиёда аз 300 нафар дружиначиён ва кормандони ғайриштатии милитсия аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он дар шаҳру вилоятҳо қадршиносӣ гардида, имрӯз дар арафаи ҷамъбасти фаъолияти самаранокашон зиёда аз 300 нафари дигар ҳавасманд карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо низ  пайваста мавриди қадршиносӣ қарор мегиранд. Дар ин радиф 230 нафар дружиначиён ва кормандони ғайриштатии милитсия аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо сазовори тӯҳфа ва мукофот гардиданд.

Дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза дар назди Дружинаҳои ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми милливу давлатӣ вазифаҳои басо ҷиддие қарор доранд, ки ҳалли онҳо аз ҳар як дружиначии ихтиёрӣ иродаи матин, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.

Мустаҳкам намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини  муҳити солими аҳлоқӣ ва вазъияти муътадили сиёсӣ дар ҳар як давру замон дар маркази диққати давлат ва сиёсати иҷтимоию ҳуқуқии он қарор дошта, имрӯзу фардо низ боқӣ мемонад.

Шаҳрвандон бояд барои таъмини бехатарӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии бетартибиҳои оммавӣ саҳмгузор бошанд, ки он барои таъмини сулҳу субот дар ҷомеъа, яке аз омилҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин хотир ҷиҳати барқарор намудани  ҳамкорӣ бо аҳолӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои рафти Ислоҳоти милитсия, устувор намудани боварӣ байни мақомоти милитсия ва аҳолӣ ва мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, пешгирии ҳодисаҳои зӯроварии  хонаводагӣ, ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст, ки дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Инчунин бо Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи «Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеъа» аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди  «Эмерҷенс груп» мавриди амал қарор дода шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Масъалаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, сулҳу субот дар ҷомеъа яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, ба он диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», ин ба танзим доровардани рафти иштироки шаҳрвандон ба тариқи ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иборат мебошад.

Ин ҷо кӯтоҳ аз вазифа ва ӯҳдадориҳои хизматӣ ёдовар гардида таъкид намуданиям, ки дружинаҳои ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия асосан барои иҷрои вазифаҳои зерин дар ҳамкорӣ ба мақомоти милитсия ҷалб карда мешаванд.

- иштирок дар  чорабиниҳо оид ба таъмини тартибот ҷамъиятӣ;

 -ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар майдону хиёбонҳо, боғҳои истироҳатӣ, варзишгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ;

- гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ;

-иштирок дар чорабиниҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;

-иштирок дар таъмини амнияти шаҳрвандон, пешгирӣ намудани беназоратии кӯдакон ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон,

- иштирок дар таъмини амнияти  ҳаракат дар роҳ;

-иштирок дар пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор иборат мебошанд.

Аъзои Дружинаҳои ихтиёрӣ шахсоне шуда метавонанд, ки ба синни 18-солагӣ расида, бо сифатҳои корӣ, ахлоқӣ, солимии рӯҳию ҷисмонӣ ва қобилияти иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз дигарон бартарӣ дошта бошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон, аз нооромӣ ва ҷангу муноқишаҳо дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ва шомил гардидани ҷавонон ба ташкилоту гурӯҳҳои ифротгаро изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд:

«Бори дигар хотиррасон менамоям, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад».

Шумо фарзандони азиз, дар баробари саҳм гузоштан дар таъмини суботу оромӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин ба ҳамсолон, дӯстон ва наздикони худ моҳияти зиндагии дурустро фаҳмонида, нагузоред, ки онҳо дучори фиребу дасисаи ашхоси нотавонбин ва ҷиноятпеша гарданд. Танҳо дар ҳамдастӣ ва ҳамкорӣ бо Шумо, метавонем пеши роҳи ҷинояткорӣ ва амалу кирдорҳои номатлубро гирем.

Шумо нерӯи бузург ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, метавонед бо ақлу заковат ва хиради худ ҷомеаро боз ҳам ободу зебо гардонед. Аз ин рӯ бо ҷалби шумо мо метавонем бо корҳои бунёдкориву созандагӣ  кишварамонро боз ҳам ободу зебо намоем. 

Боварии Сарвари давлат ба сокинони кишвар, моро водор месозад, баҳри сазовор будан ба он бояд аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода карда, барои ба як ҷомеаи мутараққӣ мубаддал кардани ҷомеаи Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Муҳтарам меҳмонон  ва дружиначиён!

Ватани азизамон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ  то рафт боло меравад. Ин ҳама нишонаи тинҷиву осоиштагӣ, меҳнату заҳмати самараноки мардум, хизмати сазовори кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дастгирии Шумост, ки сиёсати Сарвари давлатро ҷонибдорӣ карда, барои рушду инкишоф, гулгулшукуфӣ, пешрафти соҳаи иҷтимоиёту иқтисодиёт, илму маориф ва фарҳангу маданият, кӯшишу талош мекунед.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар оянда низ ин иқдоми неку созанда ва бунёдкоронаро давом дода, ҳар яки шумо ҳамчун фарди бонангу номус ва миллатдӯсту ватанпарвар дар рушду шукуфоӣ ва боз ҳам боло рафтани сатҳи тараққиёту некуаҳволии сокинони кишвар, саҳми худро мегузоред.

Дар соли равон баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ дарназар дошта шудааст. Аз ҷумла интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллӣ ва шаҳру ноҳия аз маъракаҳои воқеан муҳиме ба ҳисоб меравад, ки иштироки фаъолонаи шаҳрвандон ва дар фазои ором баргузор гардидани он дар назди мо масъулияти ҷиддиеро пеш мегузорад.

Ҳар фарде, ки барояш ин давлату миллат, фарҳангу маданият, халқи тамаддунофар ва дастовардҳои даврони истиқлолият азиз аст, набояд аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду инкишофи ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ-саноатӣ, варзишӣ ва илмӣ-фарҳангӣ дар канор бошад. Аз ин рӯ иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот, ҳамкорӣ ва дастгирии шумо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, яке аз василаҳои муҳими расидан ба ҳадафҳои бунёдкорона ва созанда мебошад.

Шумо ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи ин давлати соҳибтамаддун, миллати сарбаланд ва диёри биҳиштосо бо арҷгузорӣ ба арзишҳои олии давлату миллат ва эҳтиром ба сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Сарвари давлати тоҷикон, садоқату самимияти худро ҳангоми иҷрои масъулияти ба зиммадошта собит намуда, саҳми худро дар таъмини суботу оромӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ бояд нишон диҳед.

Боварӣ дорам, бо дастгирӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди шумо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо иштироки муташаккилонаи аҳолии мамлакат дар фазои дӯстиву рафоқат баргузор мегардад.

Ба ҳамаи Шумо дар арафаи фарорасии фасли баҳор саломатӣ ва орзуҳои нек таманно намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ ва ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҷиҳати таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ барору комёбӣ таманно менамоям.

Ташаккур, барои таваҷҷӯҳатон!

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.