Баромад

Баромади Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода 

дар нишасти матбуотӣ  дар 6-моҳи соли 2016

 

ш. Душанбе                                                                                                                                                                                                                                        

22.07.2016 сол

 Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, рӯзноманигорон ва ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама барои иштироки фаъолона дар нишасти матбуотии имрӯза, ки дар он натиҷаҳои хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва саҳми онҳо дар таъмини суботу оромӣ баррасӣ мешаванд, изҳори сипос менамоям.

Ҳамзамон ҷиҳати ҳамкории судманд дар инъикоси фаъолияти кормандони милитсия дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, ки шумо ҳамарӯза онро инъикос менамоед, миннатдории худро баён намуда, боварӣ дорам, ки дар оянда низ, ин он идома меёбад.

Натиҷаи ҳамкорӣ ва талошҳои шумо буд, ки фаъолияти кормандони милитсия дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар воситаҳои ахбори умум ба таври васеъ инъикос гардиданд.

Дар ин давра камбудӣ ва эроду танқидҳо низ дар саҳифаҳои матбуот ҷой доштанд, ки баъди баррасӣ қисме тасдиқи худро ёфта, баъзе маводҳо тасдиқ нагардиданд. Ба ҳар сурат мо ҷонибдорем, ки фаъолияти мақомот аз тарафи шумо доимо пайгирӣ карда мешавад.   

Имрӯз мо дар арафаи яке аз ҷашнҳои бошукӯҳ ва тақдирсози давлату миллати тоҷик, ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ин неъмати бебаҳо барои ҳар як давлату миллат, алалхусус мо тоҷикон аз беҳтарин дастовард, арзиши олии давлатдорӣ ва нангу номуси ватандорӣ,  инчунин ифтихор аз таъриху тамаддун ва фарҳанги бою оламшумули аҷдодонамон ба ҳисоб рафта, шароит фароҳам овард, ки  дар ин муддат дар тамоми соҳаҳои ҳаёт сиёсату иқтисодиёт, саноату энергетика, кишоварзӣ илму фарҳанг ва боло бурдани мавқеи ҷавонони кишвар ба комёбиву муваффақиятҳои назаррас ноил гардем.

Бахусус дар даврони истиқлолият мақомоти корҳои дохилии мамлакат ба як неруи тавоно ва сохтори калидии кишвар табдил ёфт.

Дар ин давра як қатор корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда шуда, зиёда аз 100 адад бинову иншоотҳои хизматию маъмурии мақомот бунёду таъмир гардида, сохтмони қисме аз онҳо имрӯз идома дорад.

Боло рафтани эътиқоду эътимоди мардум ба милитсия ба он боис гардид, ки солҳои охир муроҷиати шаҳрвандон ба мақомот бештар гардида, дар баробари арзу муроҷиат онҳо барои пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини суботу оромӣ ҳамкории худро дареғ намедоранд.

Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” аз тарафи роҳбарияти Вазорат 1 ҳазору 474 ва аз ҷониби ҷузъу томҳои мақомот 28 ҳазору 612 арзу муроҷиати шаҳрвандон дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, шиносномадиҳию бақайдгирӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, тафтишот, кадр ва кофтукови ҷиноӣ қабул карда шуда, мавриди чораҷӯӣ қарор гирифт.

Дар баробари қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти вазорат, ҳамзамон ба воситаи телефонҳо ва сомонаи вазорат мунтазам дар иртибот бо корафтодагон масъалаҳои ба миёномада чораҷӯӣ карда мешаванд.

Тавассути телефони “Мадад 1919" дар ин давра 1080 хабар оид ба содиршавии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо ва арзу шикояти шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки ин аз беҳтар гардидани робитаи кормандони милитсия бо аҳолӣ шаҳодат медиҳад ва онҳо бештар оиди ҳалли мушкилоту масъалаҳои ба миёнмеомада, ба мо муроҷиат менамоянд. Мазмун ва моҳияти арзу муроҷиат бештар дар бораи кӯмаки ҳуқуқи амниятӣ,  муноқишаҳои оилавӣ, содиршавии ҷиноятҳо ва арзи миннатдорӣ ба кормандони милитсия мебошад.

Телефони «Мадад  1919” бо мақсади бо тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, идораву ташкилотҳои хизматрасон, ба монанди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Ёрии таъҷилӣ, шабакаи барқ, ҳукуматҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ пайваст намудани шаҳрвандон ва намояндагони идораву корхонаҳо ба воситаи телефонҳои мобилӣ, хонагӣ ва корӣ буда, пеш аз ҳама барои фавран кӯмак расонидан ва сафарбар намудани қувваю воситаҳои сохторҳои дахлдор вобаста ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, мушкилоти тиббӣ, сӯхтор, фаромадани тарма, ярч, садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳо равона гардидааст. Телефони “Мадад 1919”  имрӯз хеле фаъол гардида, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамояд.

Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 581 (2015 - 10411) ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 ҷиноят зиёд буда, ошкоршавии он 94 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра 39 ҷинояти одамкушӣ ва 58 ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣба қайд гирифта шуда, 2 ҷинояти одамкушӣ дар ноҳияҳои Панҷакент ва Ҷаббор Расулов, 2 ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар шаҳрҳои Хоруғ ва Ваҳдат нокушода боқӣ мондаанд.

Боиси ташвиш аст, ки новобаста аз чорабиниҳои андешидашуда ва пурзӯр намудани фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ, шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ба назар мерасад.

Чунончӣ, аз тарафи ҷузъу томҳои мақомот 368 нафар аъзоёни гуруҳҳои терористию -экстремисти муайян ва дастгир карда шудаанд. Дар ин давра 4 ҳолати сӯйиқасд ба амали террористӣ аз тарафи гуруҳҳои терористӣ пешгирӣ карда шуд.

Дар маҷмуъ 1047 ҷинояти дорои хусусияти террористию - экстремистӣ  муайян ва ошкор гардида, аз дастгиршудагон миқдори зиёди китобҳои дорои хусусияти ифротгароӣ, воситаҳои техникӣ, фиттаҳои гуногун, варақаҳои ташвиқотии зиддиҳукуматӣ, маводи мухаддир ва силоҳҳои оташфишон дарёфту мусодира карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ҷузъу томҳои мақомот 110 гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дар ҳайати 1387 нафар барои содир кардани 629 ҷиноят муайян ва дастгир карда шуданд.

Ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ ба ҳисоб рафта, мақомоти корҳои дохилӣ талош менамояд, ин раванд дар ҳаёти ҳамарӯза таъмин гардад. Вале ҳолатҳои савдои инсон ба назар расида, дар ин давра 26 ҷинояти мансуб ба хариду фурӯши одамон, 7 ҷиноят дар самти амнияти иттилоотӣ ва 376 ҷиноят вобаста ба моликияти зеҳнӣ муайян ва ошкор карда шуд.

Барои ошкор сохтани ҷиноятҳои вазнин, ҳамрӯза кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар гардида, дар давраи ҳисоботӣ аз 29(2015 -22) ҷинояти роҳзанӣ 22 ва аз 89 (2015- 68) ҷинояти ғоратгарӣ  82 - тои он кушода шудааст.

Гарчанде барои пешгирии таҳқири обру ва нангу номуси занон, корҳои зиёд дар миёни аҳолӣ бурда мешавад, ҷинояти таҷовуз ба номус нисбат ба соли гузашта зиёд гардида, аз 19 ҳолат (2015 - 16) 14 - тои он ошкор гардидааст.

Содиршавии ҷинояти дуздии амволи ғайр низ нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта, аз 2 ҳазору 827 (2015- 2741) ҷинояти дуздӣ, 2 ҳазору 447 тояш кушода шудааст.

Натиҷаи таҳти назорат гирифтани ҷойҳои ҷамъиятӣ ва гузаронидани корҳои профилактикӣ буд, ки содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ нисбатан кам гардида, аз 540 (2015 - 593) ҷинояти бақайдгирифташуда 482 тои он ошкор карда шудааст.

Зудбоварию соддагии шаҳрвандон ва бо роҳи муфт ба даст овардани маблағҳои пулӣ аз ҷониби ашхоси ҷиноятпеша боиси афзудани ҷинояти қаллобӣ гардидааст. Дар ин давра 2 ҳазору 15 (2015-1902) ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 113 ҳолат зиёд мебошад. Аз ин 1 ҳазору 678 ҳолат ошкор гардидааст.

Мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта, дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 351 (2015 - 402) ҷиноят вобаста ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ошкор карда шуд.

Дар ин давра 21 - ҳолати қочоқи металҳо ва сангҳои қимматбаҳо ошкор карда шуда, 17 килограмм сангҳои навъҳои ёқути сурх, лаъл, тилло, нуқра ва дигар маснуотҳои тиллогину заргарӣ мусодира карда шуд, ки арзиши онҳо 1 миллиону 744 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз аҳолӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1066 (2015 - 1052) адад силоҳи оташфишони ғайриқонунӣ (аз аввал, аз соли 1994 то ба имрӯз 40 ҳазору 105адад силоҳу лавозимоти ҷангӣ) дарёфт ва мусодира карда шуд. Бо истифодаи силоҳ 43 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Барои дастгир намудани ашхоси ҷинояткор, ки дар кофтуков қарор дошта, дар байни шаҳрвандон пинҳон гаштаанд ва хавфи содир кардани ҷиноят аз ҷониби онҳо аз эҳтимол дур нест, дар нимсола 942 нафар ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта муайян ва дастгир карда шуданд (аз 4052 нафари дар кофтуков қарордошта).

Аз 701 - нафар шахсони беному нишон гумшуда 418-нафарашон дарёфт карда шуда, 283 - нафари дигар дар кофтуков боқӣ монданд.

Дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пешин ва бо мақсади аз ҷазо дур намондани ашхосе, ки қаблан даст ба ҷиноят заданд, ҳамзамон ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдидагон дар ин муддат аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 464 ҷиноят ошкор карда шудааст (то имрӯз беш 26 ҳазору 386 ҷиноятҳои солҳои пешин нокушода боқӣ мондааст).

Вайрон намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боиси ташвиш гардидааст. Тӯю маъракаҳо ҳоло ҳам бо автомашинаҳои бисёр гузаронида шуда, дар тарабхонаҳо меҳмонони аз меъёр зиёд даъват карда мешаванд.

 Гарчанде талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидайн ва шахсони тарбиядиҳандаро водор менамояд, ки фарзандонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида, ватандӯстӣ, поквиҷдони ва монади ин тарбия намоянд, аммо то имрӯз 7 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ, ки дар онҳо 33 нафар ноболиғон ғайриқонунӣ ба таълимоти динӣ машғул буданд, ошкор карда шуд.

Барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модар ва масъулини муассисаҳои таълимӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, 8 ҳазору 673 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва барои андешидани чораҳои қонунӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол гардида, 3 ҳазору 273 - нафари онҳо ба маблағи 361 ҳазору 104 сомонӣ ҷаримабандӣ ва 565 - нафар огоҳонида шуданд.

Ҳамзамон, 136 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таълимоти ҳатмӣ муайян ва ба қайд гирифта шуд.

Натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва сӯҳбату вохӯриҳо дар донишгоҳу донишкада, коллеҷу литсейҳо ва мактабу маҳаллаҳо ҷинояткори дар байни ноболиғону ҷавонон коҳиш ёфта, дар ин давра аз ҷониби ноболиғон 410 (соли 2015 - 422) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳолат камтар буда, аз тарафи ҷавонон бошад 2596 (соли 2015 - 3063) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 107 ҳолат кам гардидааст.

Ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, гарчанде нисбат ба соли пеш 34 - ҳолат камтар гардида бошад ҳам, моро зарур аст, ки дар ин самт боз ҳам бештар фаъолият барем ва дар баробари кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаҳрвандон низ саҳмгузор бошанд.

Вақтҳои охир беаҳмиятӣ ва беназоратӣ дар нисбати кору амали ноболиғону ҷавонон сабаби рух додани ҳодисаҳои нохуш дар кӯлу дарёчаҳо ва фавтидани одамон мегардад.

Дар ин давра дар натиҷаи беаҳмиятӣ 94 - нафар ба ҳалокат расидаанд, ки аксарияти онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Гарчанде садамаҳои нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ кам гардида бошад ҳам, он то ҳол ташвишовар боқӣ мемонад, чунки ҳалок гардидан ё ҷароҳат бардоштани як нафар, мусибат ва зарару зиёни зиёдро ба бор меорад.

 Дар соли равон дар ҷумҳурӣ 599 (2015 - 643) ҳодисаи нақлиётӣ, ки 165 ҳолати он садамаи марговар мебошад, ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 202 - нафар ҳалок (2015 - 197) ва 609 (2014-685) нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Сабабҳои асосии ба вуқуъ пайвастани садамаҳои нақлиётӣ ва бархӯрии онҳо дар роҳҳои мазкур, пеш аз ҳама ин аз тарафи ронандагон риоя нагаштани талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд намудани суръати ҳаракати нақлиёт, баромадан ба самти муқобили ҳаракат, вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ, истифодаи нодурусти таҷҳизотҳои равшанидиҳанда ба ҳисоб мераванд.

Бештари ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштирок ва гуноҳи ҷавонон, бинобар сабаби надоштани  малакаи ронандагӣ, беандешагӣ, густохию худсарӣ ва ҷони худу дигарон раҳм накардан, ба вуҷуд меояд.

Дар натиҷаи гузаронидани як қатор санҷишҳои мақсаднок 564 далели истифодаи нақлиёти давлатӣ ба манфиати шахсӣ, 2150 ҳолати аз меъёри муқарраршуда зиёд истифодаи намудани нақлиёт дар тӯйю маъракаҳои арӯсиву домодӣ ва 324 ҳолати бо автомашинаҳои шахсӣ ба дарс омадани донишҷӯён ошкор карда шудааст.

Барои эмин нигоҳ доштани моликияти шаҳрвандон аз сӯхтор, кормандони мақомот ҳамарӯза дар нуқтаҳои савдо, бозорҳо, корхонаву муассисаҳо ва маҳаллаҳо вохӯриву сӯҳбатҳо гузаронида, тавассути барнома ва видеороликҳо дар телевизон мунтазам аҳолиро аз оқибати харобиовари сӯхтор воқиф менамоянд. Новобаста аз ин дар  шаш моҳи соли ҷорӣ 607 (2015 -547) ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 6 -  нафар ҳалок ва 20 - нафар ҷароҳати бардоштанд.Маблағи зарар зиёда аз 3 миллиону 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар 6 моҳи соли равон аз тарафи 23 нафар (соли 2015 - 29) корманди мақомоти корҳои дохилӣ 27 (соли 2015 - 39) ҷиноят содир гардидааст.

Ҳамчунин барои риоя накардани қонуният ва интизоми хизматӣ 70 - нафар аз вазифа ва 86 - нафар аз мақомот озод карда шуданд.   

Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар 250 - чорабиниҳои гуногуни илмӣ-амалӣ, конференсия, Мизҳои мудаввар, машғулиятҳои фарҳангӣ, маданию варзишӣ, сӯҳбату вохӯриҳо бо ҷомеа ташкил ва гузаронида шуданд.

Варзишгарони мақомоти корҳои дохилӣ дар 12 мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва 6 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 16 медали тилло, 10 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардиданд.

Ташаккур ба диққататон!

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.