Баромад

Баромади

Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума

дар вохӯрӣ бо ҷавонон, донишҷӯён, варзишгарон, дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва гуруҳи «Пешоҳанг» дар минтақаи Кӯлоб 

19.07.с.2016                                                        ш. Кӯлоб 

Муҳтарам ҳозирин, меҳмонон ва ҷавонони гиромӣ!

Вохӯрии имрӯза, ки дар ин толори барҳаво бо Шумо мегузарад, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббус ва иқдоми Вазири корҳои дохилӣ муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони мамлакатро боз ҳам бо ҳам муттаҳид менамояд.

Пеш аз он, ки аз мавқею мартабаи ҷавонон дар рушди ҳаёти ҷомеа ин ҷо сухан намоем, таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро бори дигар ёдовар мешавам:

Ҳукумати кишвар бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози истиқлолият то имрӯз ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Зеро ҷавонони солим ва соҳибкасбу боихтисос, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.

Имрӯз ба кору фаъолият, мавқеъ ва саҳми ҷавонон дар рушду инкишофи ҷомеа назар карда, моро ҳисси рӯҳбаландӣ ва ифтихор фаро мегирад, ки ин  нерӯи созандаву бунёдкори кишвар, метавонад барои ободию гулгулшукуфии мамлакат корҳои бузургро анҷом диҳад.

Дар се соли охир дар партави сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва бо иқдому ташаббусҳои созандаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо вохӯриҳои судманди сатҳи ҷумҳуриявӣ бо ҷавонон, бахусус донишҷӯён, варзишгарон, кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ, соҳибкорон ва намояндагони дигари табақаҳои ҷомеа, ҳам дар дохил ва хориҷи кишвар гузаронида шуданд.

Модоме, ки талошҳои роҳбарияти давлату Ҳукумат, аҳли зиё, донишмандону олимон ва шахсони равшанфикр дар пайи бунёди ҷомеаи ободу зебо, ҳаматарафа инкишофёфта равона гардидааст, ҷавонон, онҳое, ки паси мизи донишомӯзӣ нишастаанд, бо варзиш сару кор доранд, бояд бо донишу эҷодкорӣ ва ҳунару истеъдоди худ дар  ин кор саҳмгузор бошанд. 

Сол аз сол боло рафтани сатҳи донишу маърифат, иштироки фаъолонаи мактаббачагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки наврасону ҷавонони тоҷик табиатан соҳибистеъдоду болаёқат мебошанд.

Дар чорабинии имрӯза, ки дар радифи дигарон варзишгарон низ ширкат доранд, ранҷу заҳмати онҳо дар боло бурдани обрӯю нуфузи кишвар хело назаррас мебошад.

Дар даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 122 - варзишгоҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд, ки имрӯз аз онҳо самаранок истифода карда мешаванд. Қайд намудан бомаврид аст, ки имрӯз садҳо нафар ҷавонони болаёқату соҳибистеъдоди тоҷик, дар хориҷи кишварамон ба кору таҳсил машғул гардида, бо ҳунару маҳорати худ тоҷику Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ва истифодаи нерӯи тавонои онҳо дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дружинаҳои ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва гуруҳи “Пешоҳанг”, яъне Авангард аз ҳисоби ҷавонон эҳё ва таъсис дода шуданд, ки  дар таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши назаррас доранд.

Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 760 -  нафар кормандони ғайриштатии милитсия, 2205 - нафар дружиначиёни ихтиёрӣ ва 500 – нафар аъзои гуруҳи Авангард дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва мубориза бар зидди шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву - экстремистӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Мутаассифона, афзудани сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни наврасону ҷавонон, ташвишовар буда, ин нуқта дар суханрониҳои Сарвари  давлат  низ, борҳо қайд гардид.

Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз тарафи ҷавонон 303 (соли 2015 - 227) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 76 - ҳолат зиёд мебошад.

Ҷойи таассуф аст, ки гуруҳҳои ифротгарову иғвоангез ва душманони миллат, бо ҳар роҳу восита бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ вазъи ороми сиёсиро халалдор карданӣ шуда, бо ҷалби наврасону ҷавонон ва шомил гардонидани онҳо ба ташкилоту иттиҳодияҳои террористиву экстремистӣ, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ карданӣ мешаванд.

Нигаронкунанда аст, ки масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, алалхусус иштироки онҳо дар муноқишаҳои давлатҳои Сурия ва Ироқ на танҳо боиси ташвишу изтироби падару модарон, инчунин кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб гардидааст.

Чунин вазъияти даҳшатбору нанговар, ки боиси бесаробону ятим мондани фарзандон ва хонавайрон гардидани як қатор оилаҳои осоиштаву ҷавони тоҷик мегардад, фикр мекунам, ки ҷавононро бе тараф гузошта наметавонад.

Имрӯз ҷавонон дарк намуданд, ки барпо намудани давлати ба ном исломӣ, ин танҳо фиребу найранги гурӯҳҳои ҷангҷӯй ва манфиатхоҳ буда, зери ниқоби ислом онҳо мехостанд мақсадҳои касиф ва нопоки худро амалӣ созанд, вале чуноне ки мебинем аъзои ин гуруҳ талафоти зиёд дода, ба нокомӣ гирифтор шуда истодаанд.

Мутаассифона, хавфу хатари дигаре, ки дар баробари терроризму экстремизм ба ҷомеа ва ҳаёти одамон таҳдид мекунад, ин қочоқ ва истеъмоли маводи нашъадор мебошад, ки дар баробари шахсони калонсол инчунин ҷавонон низ ба он машғул мебошанд.

Дар 6 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб 73 (2015-86) ҷинояти марбут ба қочоқи воситаҳои нашъадор ошкор ва аз ашхоси нашъаҷаллоб миқдори муайяни маводи нашъадор мусодира карда шуд.

Сафи ашхоси нашъаманд ба 816 - нафар расида, ҷавонон дар ин радиф 39 - нафарро ташкил медиҳанд ва миёни онҳо 5 - нафар занон низ мебошанд.

То имрӯз дар ин минтақа 602 - нафар гирифторони бемории норасоии масунияти бадан, яъне ВИЧ-СПИД ба қайд гирифта шудаанд, ки 156 - нафари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. 

Ҳозирини гиромӣ!

Боло бурдани нақши ҷавонон ва истифодаи нерӯи онҳо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз масъалаи муҳим дар назди роҳбарияти давлату Ҳукумат мебошад.

Нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, илму фарҳанг, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва алалхусус соҳаи варзиш хеле назаррас аст.

Иштироки онҳо дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва соҳиб гардидан ба ҷоизаҳои баланди варзишӣ, ин шаҳодати ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат ба ояндаи ҷавонон ва солимии ҷомеа дар ҳаёт мебошад.

Ҳар чӣ қадар, ки ҷавонони кишвар муттаҳид шаванд, ҳамон қадар ҷомеа пеш рафта, муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию маданӣ рушд меёбанд.

Мо боварӣ дорем, вохӯрие, ки имрӯз бо Шумо доир гардид, бояд аз ҳар ҷиҳат судманд ва хотирмон бошад. Зеро ҳадаф аз ин вохӯрӣ дар он аст, ки Шумо, баҳри баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, ҳуқуқвайронкуниҳо, муноқишаҳои байни наврасону ҷавонон ва мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ саҳмгузор бошед. 

Муҳтарам ҳозирин!

Дар ин чорабинӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимияти маҳаллии шаҳри Кӯлоб туҳфаҳо таъсис дода шудааст, ки ба донишҷӯён, варзишгарон, кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва аъзои гуруҳи “Пешоҳанг”, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми назаррас доранд, тақдим карда мешаванд.

Инчунин барои болидаруҳии Шумо имрӯз дар ин толор бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик, ҳунармандони шинохтаи ш.Кӯлоб ва ансамбли “Сипар”-и Вазорати корҳои дохилӣ консерти бошукуҳ пешкашатон гардонида мешавад.

Ташаккур ба диққататон!

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.