Суханронӣ

Cуханронии

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро

бахшида ба  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва раъйпурсии умумихалқӣ дар Кохи Ваҳдат  

21.05.с.2016                                                                           ш. Душанбе 

Муҳтарам меҳмонон,

ҷавонон ва аҳли толор, ҳозирини гиромӣ! 

Шуморо ва дар симои шумо тамоми ҷавонони Тоҷикистонро бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва райъпурсии умумихалқӣ табрик намуда, ба шумо саодату сарбаландӣ, осоиши рӯзгор ва дар кору зиндагӣ комёбиҳоро таманно менамоям.

Чӣ тавре, ки медонем ҳар сола дар ҷумҳурӣ рӯзи 23 май  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола дар тамоми ҷумҳурӣ бо тантана таҷлил карда мешавад.

Пагоҳ дар сар то сари кишвар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар ҳаёти сокинони мамлакат, як воқеаи фараҳбахш ба шумор рафта, бори дигар собит менамояд, ки Тоҷикистон дар раванди дигаргуниҳои ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва иқтисодӣ бо мутобиқ гардонии қонунҳои ҷорӣ, баҳри беҳбудӣ, пешрафту шукуфоӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша талош менамояд.

Ранҷу заҳмат ва талошу кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, дар якчанд соли охир шароиту имконият фароҳам овард, ки сокинони Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва тинҷиву осоиштагӣ умр ба сар бурда, дар муттаҳидӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дастаҷамъӣ баҳри некуаҳволӣ, ободӣ ва фардои дурахшон софдилона меҳнат намоянд.

Ноил шудан ба дастовардҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-фарҳангӣ моро водор месозад, ки имрӯз аз дирӯз ва фардо аз имрӯз боз ҳам беҳтару бештар ба нафъи халқу Ватан ва миллат меҳнат кунем.

Имрӯз ба кору фаъолият, мавқеъ ва саҳми ҷавонон дар рушду инкишофи ҷомеа назар карда, моро ҳисси рӯҳбаландӣ ва ифтихор фаро мегирад, ки ин  неруи созандаву бунёдкори кишвар метавонад барои ободию гул-гулшукуфии мамлакат корҳои бузургро анҷом диҳад. 

Пешвои миллат доимо дар баромад ва суханрониҳои худ дар симои ҷавонон ояндасозони давлату миллатро дида, таъкид менамоянд, ки онҳо созандагони имрӯзу фардо бошанд, ба рӯзгори ҷомеа пайваста тавонанд, ки дар ҳаёти иттилоотии дунё  мавқеъ ва мақоми кишвари худро муаррифӣ ва ҳимоя намоянд.

Акнун гуфтаниям, ки ин ояндасозии шумо, созандагии шумо, пешбарандагии шумо имрӯз, ин лаҳза, ин соат, аз ин дақиқаҳо бояд ҳамеша идома ёфта, дар рафтору гуфтор, кирдору муоширати шумо таъсири ҳар яки шумо ба ҷомеа ифода ва инъикос гардад. Бояд дар созандагӣ зиракии сиёсиро, ҳушёрии давлатдориро аз даст надода, нотарсу далеру шуҷоъ ва ташаббускор бошем.

Бо рафтору пиндори нек, бо гуфтори хирадмандона, хониши аъло, одобу ахлоқи намунавӣ  ба дигарон тавонем таъсир расонем ва аз андешаю суханрониҳоямон ҷавононро аз роҳи бад гардонида, ба роҳи нек ҳидоят кунем.

Баҳри пешбурди корҳои идеологӣ-тарбиявӣ дар миёни ҷавонон, амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти мардум бо хоҳиши ҷавонони мамлакат, махсусан донишҷӯён, барои сафарбарии онҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву – террористӣ, соли 2014 гурӯҳи бо номи «Пешоҳанг» ташкил гардид.

Дар ин муддат зиёда аз 20 семинару конференсия ва мизҳои мудаввар дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, шаҳри Хуҷанд, шаҳри Курғонтеппа, ноҳия ва минтақаи Рашт бо иштироки бевоситаи ин ҷавонон баргузор гардид.

Ба ғайр аз ин аз тарафи ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар давоми фаъолияти худ зиёда аз 70 вохурӣ бо ҷавонон ва донишҷӯён инчунин мактаббачагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ баргузор гардид. Инчунин дар тамоми минтақаҳои ҷумҳури мубодилаи афкори ҷавонон рафту омади онҳо ба меҳмонӣ ба хонаводаи якдигар дустии онҳоро қавитар гардонид.

Дар доираи сафар ба Федератсияи Россия аъзоёни гурӯҳи «Пешоҳанг» бо ҷавонони тоҷики муқими ин кишвар ва намояндагони созмонҳову диаспораҳои тоҷик, ки дар қаламрави Россия кору таҳсил менамоянд дар шаҳру вилоятҳои  Россия аз қабили  Москва, Тверь, Сочи ва Краснодар оиди дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ,  эҳтиром  ва  арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди назар маърӯза ва суханронӣ намуданд. Дар натиҷаи ҳамаи корҳои дастаҷаъми таъсири ҷавонон ба ҷомеъа баҳри пешгирии содиршавии ҳаргуна ҷинояткорӣ, шомилшавии онҳо ба гуруҳҳои террористӣ - экстремистӣ хело хуб ба роҳ монда шуд. Беҳуда набуд, ки шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои номбурда хеле коҳиш ёфт.

Бо дастгирии Роҳбари давлат бо мақсади баланд бурдани сатҳи донишу маърифат ва фарҳангу маданият дар даврони истиқлолият садҳо бинову иншоотҳои замонавӣ, аз қабили муассисаҳои илмӣ-таълимӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, роҳу нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ ва хизматрасонӣ сохта ба истифода шуданд.

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимони ҷавон ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки то имрӯз 136 нафар олимон бо ин ҷоиза сарфароз гардонида шуданд.

Айни замон дар хориҷи кишвар 12 ҳазор нафар ҷавонон дар доираи Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти мамлакат «Дурахшандагон» ва беш аз 20 ҳазор нафар дар асоси шартномаҳои байнисоҳавӣ ва донишгоҳӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Имрӯз дар маҷмӯъ дар Донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷ беш аз 35 ҳазор нафар ҷавонони мо таҳсил доранд.

Бо ташаббус ва иқдоми хоссаи Сарвари давлат, ҳамсола ба соҳаи варзиш диққати махсус дода шуда, барои солимӣ ва тандурустии ҷомеа садҳо толору майдонҳо ва маҷмааҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки имрӯз мавриди истифодаи хурду калон қарор доранд. Ҳафтае нест, ки чорабиниҳои варзишӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор нагардад.

Пешвои миллат пайваста дар баромаду суханрониҳои худ аз тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва баланд бурдани ахлоқу маърифати онҳо ёдовар гардида, таъкид менамоянд, ки имрӯз наврасону ҷавононро дар рӯҳияи садоқат ба давлату миллат, дӯст доштани тарзи ҳаёти солим, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эътимод ба фардои дурахшон тарбия намуд.

Бояд таъкид намуд, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллат ба шумор рафта, ҳамагон ба он назаранд, ки фардо онҳо бо азхуд намудани касбу ҳунар дар рушду инкишофи ватани азизамон, пешрафти илму техника, саноат, кишоварзӣ, фарҳангу маданият ва некӯаҳволии мардум саҳми арзанда гузошта, бо ҳунару истеъдоди худ, дар рушду инкишофи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеи намоёнро ишғол менамоянд.

Маҳз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Сарвари давлат, ҷиҳати бунёди толору майдонҳои варзишӣ буд, ки дар якчанд соли охир cадҳо нафар варзишгарони тоҷик ба баландтарин комёбиҳо ноил шуда, соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ  гардиданд. 

Дар тӯли даврони Шӯравӣ агар дар Тоҷикистон ҳамагӣ даҳ нафар соҳиби унвони баланди чемпиони ҷаҳонро шуда бошанд, дар замони истиқлолият бошад  беш аз 30 нафар варзишгарони мо дар намудҳои гуногуни варзиш ба ин унвони баланд сазовор гардиданд.

Агар дар он давра варзишгарони мо ҳамагӣ 133 медал (тилло-113, нуқра-9, бирнҷӣ-12) ба даст оварда бошанд, дар даврони соҳибистиқлолӣ ин нишондиҳанда ба беш аз 3 ҳазорк 400 (тилло-1047, нуқра-920, бирнҷӣ-1476) медал расидааст, ки даҳҳо маротиба зиёд мебошад.

Имрӯз ҷомеа ба мутахассисони болаёқат, доно ва соҳибистеъдод ниёз дорад. Аз ин хотир ҳамасола Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, беҳдошти соҳаи маориф ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос маблағҳои зиёдро ҷудо намуда, тамоми шароитҳоро муҳайё месозад, то шумо ҳамчун ояндасози ҷомеа, дониши андӯхтаатонро дар амал тадбиқ намоед.

Мутаассифона афзудани сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни наврасону ҷавонон, бахусус мактаббачагон ва донишҷӯёни мактабҳои Олӣ ташвишовар буда, ин нуқта дар Паёми Президент низ борҳо қайд гардид.

Бо вуҷуди тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардан, чунин тарзи рафтору муносибати ҷавонон падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигиро водор месозад ба таълиму тарбияи насли наврас  диққати ҷиддӣ диҳанд.

Сабабҳои асосии даст ба ҷиноят задани ҷавонон ин пеш аз ҳама тарбияи суст дар оила ва мактаб, беназоратии волидон, бетарафии ҷомеа ва мардуми атроф, нангу номус ва худшиносии миллӣ надоштан, ба қадри ҷавонӣ нарасидан, умри азизро хор кардан ва эҳтиром ба падару модар ва наздикони худ надоштан аст.

Риоя накардани Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ аз тарафи ҷавонон вақтҳои охир боиси ташвиш гардидааст. Дар солҳои 2014-2015 ва соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 393 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки 1 ҳазору 453 ҳолати он аз тарафи ҷавонон содир гардидааст. Дар натиҷаи бемасъулиятӣ ва сарфи назар кардан аз талаботҳои Қоидаи ҳаракат дар роҳ 371 нафар ҳалок гардида, 1241 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Бояд қайд намуд, ки низом, тартиб ва тинҷиву амният чӣ дар ҷомеа ва чӣ дар оила аз риояи қоидаҳо дар кӯча, роҳ, дар хиёбон ҳангоми гаштугузор, муносибат ва муошират сар мешавад.

Ҳар яки мову шумо вазифадор ҳастем, ки нафароне, ки ба роҳи бад мераванд, онҳоро аз роҳи хато гардонем, дар нисбати тақдири якдигар бетараф набошем. Камбудӣ ва хатогии ҳамдигарро ошкоро гуем, аз эрод гирифтани айбу гуноҳи якдигар ва амалҳои номатлуб худдорӣ накунем ва барои бартараф кардани онҳо кӯшиш намоем, он гоҳ ҷамъият обод ва солимии ҷомеа таъмин мегардад. Шумо бояд ҳар лаҳза дар пайи андешаи ободӣ, шукуфоӣ ва рушду нумуи ҷомеа бошед.

Соҳибдавлат будан ва соҳиби чунин як сарзамини ободу зебо гардидан на ба ҳар як қавму халқият муяссар мегардад. Ва ин неъматҳои бебаҳоро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз ва эҳтиёт намоем. Барои ояндагон як мулки ободу зебо, рӯзгори тинҷу осоишта ва фарҳангу таърихи бойро боқӣ гузорем, то онҳо аз мо ба некӣ ёд кунанд.

Фарде, ки худро воқеан фарзанди содиқи ин сарзамин меҳисобад ва обу хоки диёрро  азиз медонад, бояд садоқату самимияти хешро бо ҳунару истеъдод, дониш ва меҳнати софдилона нишон диҳад.

Гарчанде шомилшавии ҷавонон ба давлати ба ном исломии Ироқу Шом  (ДИИШ)коҳиш ёфта бошад ҳам, боиси нигаронӣ аст, ки имрӯз садҳо нафар ҷавонони мо бо оилаҳои худ, алалхусус занону кӯдакон дар кишварҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ дар сангинтарин шароит, ки ҳар лаҳза ба ҳаёти онҳо марг таҳдид менамояд, дар муноқишаҳои ҷангӣ иштирок менамоянд. Садҳо нафари онҳо ҳалок гардида, зану фарзандонашон  ятим ва бесаробон монда, рӯзгори сангинро ба сар мебаранд.  

Дар натиҷаи муроҷиат ва дархости онҳое, ки сахт пушаймон гардида буданд, мо даҳҳо нафарро ба Ватан баргардонидем, ки шумо ба воситаи барномаҳои алоҳида аз қисмати талхи онҳо огоҳ шудед.

Сабабҳои асосии ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил гардидани ҷавонон, ин:

-бетарафии ҷомеа,

-сатҳи пасти донишу маърифат, 

-сустии таълиму тарбия,

-беназоратии волидон дар оила,

-ояндаи неки худро андеша накарданд,

-ба ваъдаҳои зархаридони хориҷӣ оиди соҳиби маблағ шудан,

-нисбат ба ҷомеа, ватан ва миллат бетарафӣ зоҳир намудан аст, ки дар натитҷа бархе аз ҷавонон таҳти таъсири андешаву ақидаҳои гуруҳҳои ифротгаро қарор гирифта, ҳаёти худро дар хатар мегузоранд.

Фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имкон дод, ки пеши роҳи содиршавии якчанд амалҳои террористӣ гирифта шуда, аъзоёнӣ ташкилоту гурӯҳҳои ифротгаро дастгир карда шаванд.

Ҳар чӣ қадар, ки ҷавонони кишвар муттаҳид шаванд, ҳамон қадар  ҷомеа пеш рафта, муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию маданӣ рушд меёбанд.

Ман боварии комил дорам, аз вохӯрии имрӯза  Шумо як неру  ва рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ғурур ва нангу номуси миллию ватандӯстиатон боло мегирад. 

Зеро ҳадаф аз ин вохӯрӣ дар он аст, ки шумо ҷавонони бо нангу номуси ватан дар пешрафти ҳаёти сиёсии ҷомеа, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, ҳуқуқвайронкуниҳо, нақши назаррас дошта бошед ва бо ширкати фаъолонаи худ дар раъйпурсии умумихалқӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон заминаи боэътимод гузоред!

Ба ҳамаи шумо саодату сарбаландӣ, хотирҷамъӣ ва дар кору фаъолияти ҳамарӯза, барору комёбӣ таманно менамоям.

Ташаккур ба диққататон!

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.