Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Академияи ВКД

Имрӯз (15.12.с.2016), Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ боздид ба амал оварда, ба сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда дар иншоотҳои он аз наздик шинос гардид.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовинони Вазир ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамроҳӣ намуданд.

 
Конференсияи илмӣ-амалӣ дар самти таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон

Имрӯз (15.12.с.2016), дар толори маҷлисгоҳи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ конференсияи илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба мавзӯи «Проблемаҳои таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, мақомоти судӣ, прокуратура, мактабҳои олии ҳуқуқшиносии кишвар ширкат варзиданд.

 
Садамаи нақлиётӣ дар роҳи Ҳисор-Душанбе

Рӯзи 14.12.с.2016, тахминан соати 10:10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ҳисор ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди деҳаи Дурбати шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахт бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Мусофирони автомашинаи мазкур ҷавонони 18 ва 20-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

 
Рабудани автомашинаи «Мерседес-бенс»

12.12.с.2016, тахминан соати 24:00-дақиқа, шахсони номаълум автомашинаи шахсии «Мерседес-Бенс»-и марди 50-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки дар назди бинои истиқоматӣ гузошта шуда буд, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони рабудани воситаи нақлиёт се нафар сокинони шаҳри Душанбе, наврасону ҷавонони 15, 17 ва  19-сола дастгир карда шуданд.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

 
Бозпас нагардонидани маблағ

Ба мақомоти милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 11-уми октябри соли 2016, марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе ба бовариаш даромада, аз ӯ маҳсулоти кишоварзиро ба маблағи 42000-сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 
Дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ

Ба мақомоти милитсия зани 64-солаи сокини шаҳри Бӯстон муроҷиат намудааст, ки рӯзи 7-уми декабри соли 2016, тахминан соати 09:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 2800-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ дастгир гардид.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 
Мусодираи маводҳои тарфгарӣ

12.12.с.2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ҳудуди шаҳри Исфара зани 34-солаи сокини шаҳри мазкурро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 500 адад маводи тарфгарии навъи “Трения”, 20 адад “Черная Смерть”, 108 адад “Маленькая пчёлка”, 144 адад “Снайпер”, 6 адад “Ракета Х142” ва 4-адад “Золотой Песок-Х0008” дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт давом дорад.

 
Азонихудкунии маблағҳои корхона

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия  марди 57-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ва ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршуда, аз моҳи октябри соли 2008 то 1-уми октябри соли 2016, дар ҶДММ “Муҳаммадҷон”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ба ҳайси анборчӣ фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш аз ҳисоби маблағҳои маҳсулоти сохтмонӣ, ҷамъ ба маблағи 52500-доллари амрикоӣ ва 130300-сомониро ғайриқонунӣ азонихуд намудааст.  

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

 
Данғара: Тақвияти ҳамкориҳои судманд бо ҷомеа

Имрӯз (12.12.с.2016), дар маркази ноҳияи Данғара бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни мақомоти корҳои дохилӣ ва аҳолӣ, тарғиби сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб вохӯрии судманд баргузор гардид, ки дар кори он муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, раиси ноҳияи Данғара Сайдализода Маҳмадулло, намояндагони ташкилоту идораҳои давлатӣ, маориф ва дин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи мазкур ширкат варзиданд.

Ҷамъомадро раиси ноҳияи Данғара Сайдализода Маҳмадулло ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷӯҳи иштирокчиёнро ба баррасии мавзӯҳои мушкилоти имрӯзаи ҷомеа дар ҷумҳурӣ ва минтақаҳои он, роҳҳои бартараф намудани онҳо ва таҳкими робитаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ ҷалб сохт. 

 
Ҳалокати шаш нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ

Рӯзҳои 10-11 декабри соли ҷорӣ, дар қаламрави ҷумҳурӣ 5 садамаи маргбори нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 6 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.

10.12.с.2016, тахминан соати 13:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 25-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди деҳаи Розиёни ноҳияи Данғара, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Прадо” таҳти идораи марди 63-солаи сокини шаҳри Душанбе бархурдааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” зани 57-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 

 
Ғоратгарӣ дар назди ошхона

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршуда рӯзи 10.12.с.2016, тахминан соати 19:00-дақиқа, дар назди ошхонаи ба номи “Аҳмад Зоир”, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе, бе ягон асос марди 59-солаи сокини шаҳри Душанберо лату кӯб карда, аз ӯ бо тариқи зӯроварӣ як адад телефони мобилии тамғаи “Нокия”, ки арзишаш 500-сомонӣ мебошад, тасарруф  намуда, аз ҷойи ҳодиса  ғайб  задааст.

Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

 
Бартараф намудани сӯхтор дар анбори Маркази савдои «Баҳор»

Имрӯз (11.12.с.2016), соати 07:20-дақиқа ба Маркази алоқаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сӯхтор дар анбори бинои Маркази савдои «Баҳор», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар расид.

Баробари расидани хабар, фавран ба ҷои ҳодиса 4 нақлиётҳои оташнишонии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ сафарбар карда шуд.

Ҳангоми дар соати 07:24-дақиқа ба ҷои ҳодиса ҳозир шудани қисми мазкур алангаи оташ бинои анборро дар масоҳати зиёда аз 60 метри мураббаъ фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳн гардидани он ба дигар ҳуҷраҳои истиқоматие, ки дар қисмати болои мағозаи мазкур ҷойгир буданд, ба миён омада буд.

Дар натиҷаи амалиётҳои якҷоя ва саривақтии ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ сӯхтор дар соати 07:50-дақиқа иҳота ва дар соати 09:08-дақиқа дар масоҳати аввалааш пурра хомӯш карда шуд.

 
Дуздии телефони мобилӣ

11.12.с.2016, ба мақомоти милитсия зани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки дар ин рӯз тахминан соати 13:00-дақиқа, шахси номаълум дар истгоҳи бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе, бо тариқи пинҳонӣ аз ҷайбаш як адад телефони мобилии тамғаи “Хуавей П-8”, ки арзишаш 3000-сомонӣ мебошад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ писарбачаи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир гардид.

Нисбати далели мазкур корҳои тафтишотӣ давом доранд.

 
Дар сӯхтор ҳеҷ кас осеб надид

Имрӯз (10.12.с.2016), соати 14:00, дар нуқтаи сӯзишвории гази моеъ, воқеъ дар ноҳияи Бохтар, ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа, дар ҳудуди шоҳроҳи  Қурғонтеппа-Сарбанд, ки ба шаҳрванд Раҳимов Саид, соли таваллудаш 1974, сокини деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад.

Дарҳол ба ҷойи ҳодиса кормандони бастҳои оташнишонии РХДО вилояти Хатлон бо техникаю таҷҳизоти махсус ва дигар хадамотҳои дахлдор сафарбар шуданд.

Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидан муайян карда шуд, ки дар натиҷаи беэҳтиётӣ дар автомашинаи газкашони тамғаи «Дулан», рақами қайди давлатиаш 9714 АО РТ, ки ба шаҳрванд Халилов Ҷавҳар Абдулҳалимович, соли таваллудаш 1990 тааллуқ дорад, сӯхтор сар задааст.

Сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз нақлиёти боркашони гази моеъи тамғаи «Дулан» ба зарфи нигоҳдории гази моеъи нуқтаи сӯзишворӣ мебошад, ки шарора ба амал омада, боиси сар задани ин ҳодиса гардидааст.

Дар сӯхтор ҳеҷ кас осеб ва зарар надидааст. 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3779137
ИмрӯзИмрӯз88
МоҳМоҳ24152
ХамагиХамаги3779137

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.