Тақвият бахшидани пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ


(Идомаи ҷаласаи Мушовараи ВКД), дар идомаи ҷаласаи Мушовараи ВКД сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар 11 моҳи соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 муфассал баромад намуд.

Зимни баромад Раҳимзода А.А. фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар 11 моҳи соли равонро пурра таҳлил намуда, доир ба бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта як қатор таклифҳои судманд  пешниҳод намуд.

Зикр гардид, ки дар давраи сипаригардида ҷиноятҳои қаллобӣ зиёд гардидаанд, ки ин боиси нигаронӣ ва ташвиш гардидааст.

 
Оғози Мушовараи ВКД доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ

Имрӯз (19.12.с.2016), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ Мушовараи ВКД доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар 11 моҳи соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 оғоз гардид.

Дар Мушовара, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аъзои Мушовара, сардорони Академия, Сармарказ, Сарраёсат, Сарситод, Раёсатҳо, Шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар миқёси ҷумҳурӣ иштирок доранд.

 
Ҳалокати мусофирон дар роҳ

Рӯзи 17.12.с.2016, тахминан соати 12:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ваз-21012”, марди 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Ҷавонони ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи “Чиаи Хуае” таҳти идораи ронанда, марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бархурдааст.

Дар натиҷаи рух додани чунин бархурд, мусофирони автомашинаи тамғаи “Ваз-21012”, марди 22-солаи сокини шаҳри Душанбе ва марди 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигари автомашина писарбачаи 17-сола ва марди 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

 
Расонидани хисороти калон ба шабакаҳои барқӣ

18.12.с.2016, зимни гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва шабакаҳои барқӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки соҳибкор, марди 55-солаи сокини ноҳияи Синои пойтахт, ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобкунаки барқӣ қувваи барқро ба танури нонвойхонааш гузаронидааст.

Дар натиҷа, аз ҷониби ӯ ба шабакаҳои барқӣ ба миқдори 15,400 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.

Инчунин муайян гардид, ки соҳибкор, марди 48-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ, бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобкунаки барқӣ худсарона қувваи барқро ба танури нонвойхонааш гузаронидааст.

 
Ҷоизаи «Нашри беҳтарин оид ба проблемаҳои протсессуалии ҷиноятӣ, криминалистика ва назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ»

Муҳтарам Рамазон Ҳамро!

Бо Қарори комиссияи тахассусӣ ба Шумо унвони ғолиби Озмуни байналмилалии «Нашри беҳтарин барои муассисаҳои олии таълимӣ дар соҳаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ», таҳти унвони «Нашри беҳтарин оид ба проблемаҳои протсессуалии ҷиноятӣ, криминалистика ва назарияи фаъолияти  оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ»  дода шуд.

Шуморо ба маросими мукофотонидани ҷоиза (бе ҳуқуқи иваз намудан), ки рӯзи 23 декабри соли 2016, соати 10:00, дар суроғаи: шаҳри Остона, ноҳияи Есилский, кӯчаи Енбекшилер-10, бинои Китобхонаи Президенти Аввалини Ҷумҳурии Қазоқистон – Пешвои Миллат доир мегардад, даъват менамоем.

Бо эҳтиром, Валентина Ковтун  

 
Раддия ба сомонаи «Озодӣ»

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мақолаи «Шикамбузургҳоро аз милиса меронанд?», ки рӯзи 16-уми декабри соли равон дар сомонаи «Озодӣ» дарҷ гардидааст, иттило медиҳад, ки рӯзноманигори Радиои Озодӣ бо суистифода аз номи корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва бо мақсади асоснок кардани хабари худ, мусоҳибаи бардурӯғро гӯё бо корманди ШВКД дар шаҳри Ҳисор Саидаҳмад Исмоилов анҷом додааст.

Ҳол он, ки дар ШВКД шаҳри Ҳисор ва умуман дар мақомоти корҳои дохилӣ ягон нафар корманд бо номи Саидаҳмад Исмоилов кору фаъолият наменамояд.

Вазорати корҳои дохилӣ марбут ба ин масъала аз рӯзноманигорон хоҳиш менамояд, ки минбаъд таҳти номҳои сохта ва бардурӯғ аз номи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳар гуна иттилоотро пахш нанамоянд. 

 
ВМКБ: Ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят

Дар толори РВКД дар ВМКБ ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии ВМКБ дар давраи 11 моҳи соли 2016 баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти РВКД, ШВКД  шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар ҷузъу томҳои раёсат иштирок доштанд.   

Ҷаласаро сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур оғоз намуда, дар кори он масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои дахлдор  мавриди барасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ фоизи кушодашавии ҷиноятҳо 92,6 фисадро ташкил дода, нисбати ҳуқуқвайронкундагон чораҳои қонунӣ андешида шудаанд.

 
Захмӣ намудани ҳамсар бо корд

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан, рӯзи 15-уми декабри соли 2016, тахминан соати 14:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсари 32-солааш ҷангу ҷанҷол карда, бо корд як маротиба ба пояш задааст.

Дар натиҷаи чунин муноқиша зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 
Дастгир гардидани чорводузд

Ба мақомоти милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Ёвон муроҷиат намудааст, ки санаи 15.12.с.2016, тахминан соати 17:00-дақиқа, шахсони номаълум аз ҳудуди заминҳои чарогоҳи деҳаи Гулафшони ҳамин ноҳия 2-сар чорови калони шохдорашро, ки арзишашон 10000-сомониро  ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ марди 26-солаи сокини ноҳияи Ёвон дастгир карда шуд.

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

 
Истифодаи худсаронаи қувваи барқ

Рӯзҳои 15-16-уми декабри соли 2016, ҳангоми гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва шабакаҳои барқӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, якчанд далелҳои вайрон намудани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва расонидани зарари молиявӣ дар ин самт ошкор карда шуд.

Муайян карда шуд, ки марди 40-солаи сокини кӯчаи Шарафи пойтахт, ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобкунаки барқӣ, қувваи барқро ба нонвойхонаи шахсиаш гузаронидааст.

Номбурда бо ин роҳ ба идораҳои кор бо барқ ба миқдори 3208,05-сомонӣ зарари молиявӣ расонидааст.

 
Рашт: Натиҷагирӣ аз фаъолияти ёздаҳмоҳа

Рӯзи 15.12.с.2016, дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар 11 моҳи соли 2016 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Зикрулло Ҳукуматулло, роҳбарият ва ҳайати шахсии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва ҷузъу томҳои он иштирок намуданд.

 
Ҳалокати ду нафар дар садамаи нақлиётӣ

Санаи 14.12.с.2016, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 53-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Хуҷанд-Душанбе” бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Шаанси”, таҳти идораи ронанда, марди 27-солаи сокини ноҳияи Вахш бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 53-сола ва зани 51-солаи сокинони шаҳри Истаравшан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

 
Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарии «хлопушка»

Рӯзи 14.12.с.2016, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Б. Ғафуров ду нафар ҷавони 23 ва 21-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 2500-дона маводи тарфгарии навъи “хлопушка” дарёфт ва мусодира карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 
Ҳодисаҳои дуздии маблағи пулӣ

Ба мақомоти милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ муроҷиат намудааст, ки шаби 11 ба 12-уми декабри соли 2016, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз дохили ҷевон 85000 рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ марди 28-солаи сокини Дӯстиро дастгир намуданд.

Ҳамчунин, оиди ҳодисаи дуздӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 30-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҷойи кораш посбони қабристони “Меҳриниссо”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки шаби 12 ба 13-уми декабри соли 2016 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди посбонхонаи мазкур шуда, аз он ҷо 25000-сомонӣ маблағи пулиро дуздидаанд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3779137
ИмрӯзИмрӯз88
МоҳМоҳ24152
ХамагиХамаги3779137

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.