Қаллобзан ба даст афтод

21.12.с.2016, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 31-солаи сокини ш.Бустон дар он хусус ворид гардид, ки моҳи декабри соли 2014, зани 54-солаи сокини ш.Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 6-адад автомашинаҳои тамғаи “Опел”, ки арзишашон 30 ҳазору 700 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Оид ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

 
Сӯиистифода аз шабакаҳои барқӣ

Рӯзи 21-уми декабри соли равон, бо доир намудани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони шабакаҳои барқӣ муайян гардид, ки соҳибкор, марди 31-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобкунаки барқӣ қувваи барқро ба танури нонвойхонааш, воқеъ дар кӯчаи Н.Ганҷавии пойтахт гузаронидааст.

Бо ин амал номбурда ба ширкати саҳомии холдингии “Барқи Тоҷик”,  ба миқдори 1 ҳазору 411-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Ҳамчунин муайян карда шуд, ки марди 27-солаи сокини пойтахт, бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобкунаки барқӣ қувваи барқро ба хонаи истиқоматиаш гузаронидааст. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

 
Мусодираи маводи тафгарӣ

21.12.с.2016, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров, марди 44-солаи шаҳри Конибодом бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 22 ҳазору 560-дона маводи тарфгарии намуди “Трения”, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад

 
Ҳалокати хурдсол дар садами нақлиётӣ

21.12.с.2016, тахминан соати 14:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи  “Опел-Астра”, марди 42-солаи сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат, дар ҳудуди деҳаи Шаҳринави ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди 2-соларо пахш намудааст.

Дар ин садамаи нохуши нақлиётӣ мутаассифона, пиёдагарди хурдсол, бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 
Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Рӯзи 20.12.с.2016, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар марди 22 ва 33 солаи  сокинони ҷамоати деҳоти Газантараки ноҳияи Деваштиҷ, бо гумони расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон, санаи 19-уми декабри соли 2016, тахминан соати 16:00-дақиқа, бо марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, охиронро лату кӯб намудаанд. Дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд. 

 
Сӯиқасд ба куштор

Рӯзи 20.12.с.2016, бо доир намудани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ҷавонзани 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргули вилояти Хатлон, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба куштор дастгир гардид.

Номбурда, санаи 20-уми декабри соли 2016, тахминан соати 04:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш ҳангоми хоб будани шавҳараш, марди 22-солаи сокини ҷамоати зикргардида, бо корд якчанд маротиба ба қисмати гардан ва узвҳои баданаш задааст.

Бо рух додани чунин ҳодиса, шавҳараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гарида, тафтишот идома дорад. 

 
Истифодаи ғайриқонунии барқ аз ҷониби шаҳрвандон

20.12.с.2016, ҳангоми гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони шабакаҳои барқӣ муайян гардид, ки марди 36-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ғайриқонунӣ дар  хонаи истиқоматиаш қувваи барқро бе ҳисобкунаки барқӣ, муддати 1-сол истифода бурда, ба  ширкати холдингии “Барқи Тоҷик”, ба миқдори  3,341-сомонӣ зарар расонидааст.

Ҳамчунин худи ҳамон рӯз зимни санҷиш муайян карда шуд, ки марди 42-солаи сокини кӯчаи А.Раҷабови пойтахт, худсарона дар  хонаи истиқоматиаш, қувваи барқро бе ҳисобкунаки барқӣ муддати 3-моҳ истифода бурдааст. Ӯ бо ин роҳ, ба  ширкати холдингии “Барқи Тоҷик”, ба миқдори 3,036-сомонӣ зарар расонидааст.

 
Мусодираи маводҳои тарфгарӣ

Рӯзи 20.12.с.2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарафшони ноҳияи Зафаробод, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 5000-дона маводи тарфгарии намуди “Трения”, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳамин тариқ, 20-уми декабри соли 2016, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҷавони 18-солаи сокини кӯчаи А.Ғуломови шаҳри Душанбе дастгир карда шуд, ки зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ 6-адад маводи тарфгарии намуди “Салют”, дарёфт ва мусодира гардид.                                                                

Ҳамчунин дар ин рӯз, аз ҷониби кормандони милитсия писарбачаи 15-солаи сокини кӯчаи Б.Ғафурови шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 82-адад маводи тарфгарии намуди “Хлопушка”, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Айни замон оиди ин далелҳо корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 
Ошкор гаштани найрангҳои фолбинзан дар Истаравшан

То ҳанӯз кам нестанд ҳолатҳое, ки мардум аз хизматрасониҳои фолбину мушкилкушо истифода набаранд. Аз таъсири истифода бурдан аз хизматгузории фолбин як нафар ҷавондухтари 19-сола, сокини вилояти Суғд аввалан даст ба ҷиноят зада, баъдан худро аз ҳаёт маҳрум намудааст. Ҷавондухтар ба хотири расидан ба висоли дӯстдоштааш ба фолбин муроҷиат мекунад.

Шаҳрванд Каримова Маърифат Норбоевна, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Гули-Сурхи шаҳри Истаравшан ҳамон нафари мушкилкушоест, ки бо ваъдаи бо роҳи сеҳру ҷоду ҳал намудани муаммо, яъне мусоидат дар бавуҷудории муҳаббат ва оқибат хонадоршавии духтар бо ҷавони дӯстдошта, давоми солҳои 2014-2016 бо роҳи фиреб ба миқдори махсусан калон, маҷмуан зиёда аз 206 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ ва тилловориро аз ҷавондухтар талаб карда гирифтааст.

Ин миқдор маблағи пулиро духтари фиребхӯрда, ки ба қобилияти фолбин бовар дошт аз хонаи бародар ва дигар пайвандонаш қисм-қисм дуздида ба фолбин додааст. Ҳангоме, ки ҳолатҳои дуздӣ ва воқеъияти кор ошкор мешавад, духтар худро шахси шармандашуда ҳисобида ба ҳалокат мерасонад. То рӯзи марг маълумоти мазкур ба тафтишот дастрас ва баъзе аз далелҳои шайъӣ, аз ҷумла тилловорӣ аз хонаи фолбин дарёфт гардиданд.

 
Ҳодисаи дар сомонаи «Азия-плюс» дарҷгардида асоси воқеӣ надорад

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари дар сомонаи «Азия-плюс» рӯзи 18-уми ноябри соли 2016  таҳти унвони «Коалитсия: Милитсионер аз ноҳияи Рӯдакӣ ба номуси ҷавондухтар дастдарозӣ намудааст»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар хабари мазкур дарҷ гардидааст, ки гӯё нозири минтақавии ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ нисбати Малика ном духтар ҳаракатҳои бадахлоқона содир намуда, сипас корманди оперативии шӯъбаи мазкур бо роҳи таҳдид ва иръоб  ба номуси ӯ таҷовуз намудааст.

Дар натиҷаи доир намудани санҷиши холисона  аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ муайян карда шуд, ки дар ҳаракатҳои кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ таркиби ҷиноят дида намешавад. Мувофиқи санади тахшиси судӣ-биологӣ таҳти №119 аз 8-уми июли соли 2016 далели ҳодисаи таҷовуз ба номус исбот нагардидааст.

Бо қарори Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ ва дастрасии моддаҳои 27 қисми 1 сархати 2 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва 149 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ  бинобар тасдиқ нашудани гуноҳи онҳо рад карда шудааст.

 
Қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои солинавӣ

Бо фарорасии Соли нави мелодӣ рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст. Тибқи супориши роҳбарияти ВКД ва СХДО кормандони ХДО ВКД дар маросими Иди арча фаъолияти хешро боз ҳам пурзӯр намуда, баҳри таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар иншооту муассисаҳо ва ҷойҳои омма ҷамъшавӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Барои он, ки дар чунин рӯзҳои хурсандӣ ҳодисаҳои нохуш рух надиҳанд, бояд ҳар як фарди ҷумҳурӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намояд. Арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад.

Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст. Андозаи арча бояд тавре бошад, ки шохаҳояш ба шифти хона нарасад ва аз девор камаш як метр дур истад. Дар толори арча дар ҷои махсус бояд аз се то панҷ адад оташхомӯшкунакҳои коршоям ва кампали патдор (адёл) нигоҳ дошта шавад. Агар оташхомӯшкунак набошад, метавон дар ҳаҷми аз 50 то 100 литр об нигоҳ дошт.

 
Истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ

Рӯзи 19.12.с.2016, ҳангоми гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони шабакаҳои барқӣ муайян гардид, ки зани 54-солаи сокини ноҳияи И.Сомонии пойтахт, муддати як сол ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби  қувваи барқ, бе иҷозати дахлдор ва ҳисобкунаки барқӣ қувваи барқро дар хонаи истиқоматиаш истифода бурдааст.

Бо ин амали ғайриқонунӣ ӯ ба шабакаҳои барқӣ ба миқдори 1748-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Ҳамчунин, зимни ин чорабинӣ маълум карда шуд, ки зани 47-солаи сокини шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби  қувваи барқ, бе иҷозат ва ҳисобкунаки барқӣ қувваи барқро ба хонаи истиқоматиаш гузаронида, ба шабакаҳои барқӣ ба миқдори 3,037-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

 
Дуздии телефон ва молу матоъ

Ба мақомоти милитсия марди 50-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки рӯзи 7-уми декабри соли 2016, тахминан соати 14:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ду адад телефонҳои мобилии тамғаҳои “Нокия XL-1030” ва “Нокия-206”-ро, ки арзишашон 2190-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ марди 22-солаи сокини шаҳри Турсунзодаро дастгир намуданд.

Ҳамчунин, оиди ҳодисаи дуздӣ ҷавондухтари 20-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи декабри соли 2016, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 20-адад матоъ ва либоси занонаро ба маблағи умумии 5000-сомонӣ, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 
Муҳокимарониҳо дар Мушовараи ВКД

(Анҷоми Мушовараи ВКД), дар ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба фаъолияти ҳар як сохтор муҳокимарониҳо сурат гирифта, муовинони Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода И., генерал-майори милитсия Умарзода И.И., генерал-майори милитсия Навҷувонов А.Ш., ҳамчунин сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Қунғуротзода Ф., сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Зарифзода М. ва дигар сардорони Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баромад намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ дар 11-моҳи соли 2016 ҳисобот доданд.

Зикр гардид, ки ба воситаи Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» зиёда аз 7 ҳазору 500 далелҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуда, кормандони «Шаҳри бехатар» дар ошкор намудани 53 ҷиноят саҳм гузоштаанд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3859560
ИмрӯзИмрӯз1916
МоҳМоҳ10064
ХамагиХамаги3859560

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.