Пиёдагардро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад

Рӯзи 20.08.с.2012 ронандаи автомашинаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди к.Куйбишеви ш.Кӯлоб пиёдагард Алимардонова Ҳанифа соли таваллудаш 1963, сокини к.Куйбишевро бо автомашина зада пахш карда, аз ҷой ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Алимардонова ҳанифа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико» рақами давлатиаш АМ 26-09 РТ 01 Обидов Нурулло Нуриддинович соли таваллудаш 1981, сокини к.Пушкини ш.Кӯлоб дастгир карда шудааст.

 
Ноболиғ ба ҳалокат расид

Рӯзи 20.08.с.2012 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Калибра» рақами давлатиаш АВ 16-30 РТ 03 Холов Орифҷон соли таваллудаш 1975, сокини деҳаи Сармантойи ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Қумсангир-Панҷ дар ҳудуди деҳаи Сомонӣ аз ӯҳдаи идора кардани воситаи наклиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Саидназарова Сарвиноз соли таваллудаш 2009, сокини деҳаи Кумсой, ки аз канори чапи роҳ ба канори рости роҳ мақсади гузаштан дошт, ба қисми чапи автомашина зада пахш мекунад. Дар натиҷа Саидназарова С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

 
Қаллоби моҳир ба даст афтод

Аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар қаллобӣ шаҳрванд Умарова Дилафрӯз Иброҳимовна соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Варзоб, деҳаи Тойқара дастгир карда шудааст, ки ӯ моҳи марти соли 2011 ҳангоми дар вазифаи роҳбари ҶДММ «Дунёи Дониш» буданаш ба боварии шаҳрванд Абдуллоев Парвиз Насриевич соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Зарафшони ш.Душанбе даромада ваъда додааст, ки ӯро ба давлати Канада равон менамояд ва аз ӯ 2760 доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати худаш сарф намудааст.

Ҳамин тариқ Умарова Д., моҳи феврали соли 2012 ҳангоми дар вазифаи роҳбари ҶДММ «Дунёи Дониш» буданаш ба боварии шаҳрванд Абдуллоев Наврӯз Маҷидович соли таваллудаш 1988, сокини н.Ҳисор даромада ваъда додааст, ки ӯро ба давлати Канада равон менамояд ва аз ӯ 6000 доллари амрикоӣ гирифта ба манфиати худаш сарф намудааст.

Ҳамин тавр Умарова Д. моҳи феврали соли 2012 ба боварии Алиев Исмоил Олимхонович соли таваллудаш 1993, сокини ш.Душанбе, к.Темурмалик даромада, аз ӯ 3700-доллари амрикоӣ гирифта ва моҳи марти соли 2012 ба боварии Қодиров Дилшод Хайриддинович соли таваллудаш 1992, сокини ш.Душанбе, к.Шамсӣ даромада аз ӯ 4000-доллари амрикоӣ гирифта, ба онҳо ваъда додааст, ки онҳоро ба давлати Канада равон менамояд ва маблағҳоро гирифта ба манфиати худаш сарф кардааст. Умуман Умарова Дилафрӯз аз шаҳрвандони номбурда 16 460 доллари амрикоӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ масраф намудааст. Аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

 
Куштор дар ҳолати мастӣ

Рӯзи 20.08.с.2012 дар қисми поёни хоҷагии деҳқонии «Убайдулло» дар назди деҳаи 8-Марти ноҳияи Ёвон, ҷасади шаҳрванд Юсупов Бурӣ Амирович соли таваллудаш 1962, сокини деҳаи А.Навоӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шудааст. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Қарабоев Сафар Тайлоқович соли таваллудаш 1963, сокини ҷамоати деҳоти «Хаёти Нав», корманди хоҷагии деҳқонии «Фарҳод» дар ҳолати мастӣ шаҳрванд Юсупов Буриро лату кӯб кардааст. Аз ҷониби кормандони милитсия Қарабоев С. дастгир карда шуда, зери тафтиш қарор дорад.

 
Дар натиҷаи садама ноболиғон ба ҳалокат расиданд

Рӯзи 19.08.с.2012 ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия» рақами давлатиаш ЕО 65-31 01/РТ Сайфуллоев Зокир Нусратуллоевич соли таваллудаш 1974, сокини к.Мири ноҳияи Сино, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Котовский назди бинои–17 пиёдагардони хурдсол: Ҳакназаров Искандар Абдураҳмонович соли таваллудаш 2002, Ҳақназаров Алиҷон Абдураҳмонович соли таваллудаш 2005 ва Садриддини Муҳаммад соли таваллудаш 2003, сокинони кӯчаи П.Сулаймониро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Сипас Ҳақназаров А. ва Садриддини М. ба ҳалокат расидаанд.

 
Вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ оқибати маргбор дорад

Рӯзи 19.08.с.2012 ронандаи автомашинаи тамғаи «Леганзе» рақами давлтиаш 76-96 АМ 01/РТ Азизов Нурулло Асадуллоевич соли таваллудаш 1988, сокини шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳраки Сомониён ба тарафи ш.Душанбе дар ҳудуди к.Ҷавонон қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, пиёдагарди хурдсол Нарзуллоев Маҳмуд соли таваллудаш 2004, сокини к.Гоголро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол Нарзуллоев Маҳмуд ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

 
Автомашинаро ғайриқонунӣ ҳай карда бурд

Рӯзи 19.08.с.2012 Ҳотамов Шамшодҷон Шозамонович соли таваллудаш 1992, сокини к.Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон ба мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуд, ки ҳамин рӯз тахминан соати 07:00-дақиқа шахси номаълум аз назди бинои истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш тамғаи «ВАЗ-21099» рақами давлатиаш 66-03 АР/01, ки беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Ғаюбов Илҳом Имомалиевич соли таваллудаш 1983, сокини к.Миралӣ, дастгир карда шуд.

 
Беназорат гузоштани ноболиғ сабаби сӯхтор гардид

Рӯзи 18.08.с.2012 дар коҳдонхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Ҳусейнов Абдуҷаббор соли таваллудаш 1970, сокини деҳаи Қизилюлдуз, соҳибкор, дар масоҳати 90-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст, ки дар натиҷа 2-тонна коҳ ва болопӯши коҳдонхона сӯхта нобуд шудааст. Сабаби сӯхтор аз оташбозӣ кардани писари ноболиғи соҳибхона Ҳусейнов Х. будааст. Зарари расонидашуда 4500-сомониро ташкил медиҳад.

 
Воситаи нақлиётро эҳтиёткорона идора бояд кард

Ронандаи атвомашинаи тамғаи «Опел-Астра» рақами давлатиаш ТҶ 51-93 АВ 03 Солиҳов Маҳмадёр Яхшиевич соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Бешбулоқи ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат аз тарафи деҳаи Чормағзак ба самти маркази ноҳияи Ёвон, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Тураев Саидмеҳтар Сайдуллоевич соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Озодӣ, хонандаи синфи 2-юми мактаби таҳсилоти умумии №9-ро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 
Ярмарка бахшида ба Иди шарифи Рамазон

Ба фарорасии Иди шарифи Рамазон ҳамагон тараддуди омодагии оростани дастурхони идонаро доранд, ки дар тамоми гӯшаву канори кишвар ин идро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Субҳи имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои Вазорат ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ташкил ва гузаронида шуд.Бояд таъкид сохт, ки нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ярмаркаи мазкур дар муқоиса бо нархи бозор аз 20 то 30 фоиз арзон ба харидорон пешкаш карда шуд. Аз ҷумла, нархи як килограм гушт – 25 сомонӣ, картошка – 1 сомонӣ, нархи як килограмм пиёз - 1сомонӣ, арзиши 1-дона тухм бошад 50 дирам, помидору боимҷон низ - 1 сомониро ташкил медод, инчунин барои кормандони муҳофизавӣ ва фаррошон маҳсулотҳои полезӣ ба таври ройгон кӯмак расонида шуд. Дар ярмаркаи мазкур натанҳо кормандони ВКД балки шаҳрвандон ташриф оварда, харидорӣ намуданд ва ба ташкилкунандагони ин амри хайр минатдорӣ изҳор намуданд.

Хоҷагидорони ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ ният доранд дар соли оянда ҳосили бештар ба даст оварда, хонаи ҳар як корманди милитсияро бо маҳсулоти худӣ ва бо нархи нисбатан арзон таъмин намоянд.

 

 

 

 
Худсарона манзили зист бунёд намуд

Аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт шаҳрванд Ҳалимов Ашраф Ҳакимшоевич соли таваллудаш 1980, сокини ҷамоати деҳоти Тагоба бо гумони худсарона ишғол намудани қитъаи замин дастгир карда шуд, ки ӯ бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда худсарона 0,12-га замини ҷамоати деҳоти Н.Махсумро азони худ намуда, дар он ҷо манзили истиқоматӣ сохтааст.

 
Қоидаи ҳаракати роҳро вайрон кардан оқибати нохуш дорад

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс» рақами давлатиаш 38-72 АС 01 Исмоилов Илҳом соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии н.Вахш, ҳангоми ҳаракат дар роҳи атвомобилгарди н.Вахш ба самти н.Бохтар, дар рӯ ба рӯи масҷиди ҷомеавии марказии Ал-Бухории н.Вахш қоидаи ҳаракати роҳро вайрон карда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Мирзоев Сафаралӣ соли таваллудаш 2005, сокини деҳаи Дӯстии ҳамин ноҳияро зада пахш мекунад. Дар натиҷа ноболиғ Мирзоев С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 
Иқдоми хайр

Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои бошукӯҳи ҷумҳуриявӣ кӯмак расонидан ба мактаб-интернату хонаҳои кӯдакон, оилаҳои камбизоат ва собиқадорон дар мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дастгирии ниёзмандон ва кӯдакони ятиму бепарастор, ки дар кӯдакистонҳову дабистонҳо тарбия мегиранд дар арафаи ҷашни Иди моҳи шарифи рамазон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ анҷом дода шуд. Ин навбат ба мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе ва кӯдакистони №42-и махсусгардонидаи кӯдакони сустбини «Чашма»-и ноҳияи Сино кӯмаки моддӣ, маводҳои ғизоӣ аз қабили: орд, шакар, биринҷ, равғани растанӣ, картошка, пиёз, арзану нахуд, маҳсулотҳои қаннодӣ, тарбузу харбуза ва дигар маводҳои хӯрока ба маблағи зиёда аз 7000- сомонӣ, расонида шуд. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии шахсони барҷомондаву бепарастор пайваста чунин чорабиниҳо доир намуда, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд.

 

 

 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3871129
ИмрӯзИмрӯз399
МоҳМоҳ21633
ХамагиХамаги3871129

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.