Ошкор гардидани ҷинояти қаллобӣ

22.12.с.2016, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза соҳибкор, марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат бурдааст, ки 17-уми марти соли 2016, ҳангоми дар дохили ҶДММ “Умед-88”, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт қарор доштанаш, марди 53-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 344 ҳазору 468-сомониро гирифта ваъда додааст, ки бар ивазаш сӯзишвории дизелӣ бо нархи 4-сомону 10-дирам оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

 
Санҷиши муштараки шабакаҳои барқӣ

21.12.с.2016, бо доир намудани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони шабакаҳои барқӣ муайян гардид, ки соҳибкор, ҷавони 19-солаи сокини пойтахт, муддати чанд моҳ ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгираки барқӣ қувваи барқро ба нуқтаи таъмири пойафзол, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви ш.Душанбе гузаронидааст.

Бо ин амал ӯ ба ширкати саҳомии холдингии “Барқи Тоҷик”, ба миқдори 3198-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 
Мусодираи маводҳои тарфгарӣ

22.12.с.2016, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар назди бинои истиқоматии кӯчаи Муҳаммадиеви шаҳри Душанбе, ҷавони 26-солаи сокини пойтахт, бо гумони муомилоти  ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 3500-дона маводи тарфгарии “Капсула” дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз, аз ҷониби кормандони милитсия дар вилояти Суғд, марди 25-солаи сокини ноҳияи Ҷ. Расулов, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир гардид.

 Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 9000-дона маводи тарфгарии “Хлопушка” дарёфт ва мусодира карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 
Милитсия ба ман номи нек ва обрӯ дод…

Аз рӯзгори собиқадори ВКД полковники милитсия Умаров Шариф Тулаганович

Меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба фаъолияти мақомоти милитсия дар синни 22-солагӣ ӯро ба ин ҷода оварда, аз корманди ҳайати қатори то ба рутбаи полковники милитсия расид.  Полковники мустаъфии милитсия Умаров Шариф Тулаганович сию се соли    ҳаёти пурбаракати худро дар сафи мақомот, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирию ошкорсозии ҷинояткорӣ сипарӣ намудааст. Маҳз самимияту садоқати ба ин касб дошта, ӯро маъруфу муваффақ гардонид ва аз милитсионери Хадамоти посбонӣ-пайроҳадорӣ то вазифаҳои роҳбарикунанда, сардори шӯъбаи милитсия камол ёфт.

Шариф Умаров 17-уми декабри соли 1951 дар деҳаи Қарчқуми шаҳри Конибодом, дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Ба вуқӯъ пайвастани як ҳодисаи сарироҳӣ дилбастагии мавсуфро ба милитсия ба вуҷуд овард ва талоши расидан ба орзӯи даврони наврасӣ, муҳаббат нисбати касб то охирин лаҳзаҳои мурод оромаш намегузошт.

«Ҳангоми мактабхонӣ ба ҳодисае рӯ ба рӯ гардидам, ки орзӯи корманди милитсия шуданро дар замирам ҷой намуд. Баъди аз дарс озод шудан мо як гурӯҳ талабагон шоҳиди садамаи нақлиётӣ гардидем. Нақлиёти сабукрав муаллимаамонро пахш ва аз ҷойи ҳодиса фирор намуд. Аз байни шоҳидон ман ягона нафаре будам, ки рақами автомашинаро дар хотир гирифта ба корманди милитсия - нозири минтақави Холбоев расонидам. Ҳушёрӣ ва хотираи қавӣ доштанамро тавсиф намуда, номбурда таъкид дошт, ки аз ман дар оянда милитсионери хуб мебарояд. Маҳз ҳамин баҳодиҳӣ ва сӯҳбати аввалин бо корманди милитсия, ки дар баробари симои ҷиддӣ доштан, хушмуомила ва либоси низомӣ ба ӯ хело мезебид, оташакеро дар дили ман ҷой дод» мегуяд Шариф Умаров.

 
Тамошои дастаҷамъонаи Паём

22 - юми декабри соли 2016, аз тариқи шабакаҳои  телевизионии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати шахсӣ ва курсантону шунавандагони факултетҳои № 1-5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо намуданд.

Убайдуллоев Ш.Э. подполковники милитсия 

 
Мусодираи маводҳои тарфгарӣ дар кишвар

20.12.с.2016, ҳангоми баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, дар дидбонгоҳи РБДА, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе, боздошт карда шуд.

Дар вақти кофтукови автомашина, 72800-дона маводи тарфгарии намуди “Трения”, 8-дона маводи тарфгарии намуди “Новый век”, 8-дона маводи тарфгарии намуди “Салют”, 541-дона маводи тарфгарии намуди “Ҷай ван лей”, 23-дона маводи тарфгарии намуди “Ракета”, 1-дона маводи тарфгарии намуди “С новым годом”, 25-дона маводи тарфгарии намуди “Небесный пегас” ва 1932-дона маводи тарфгарии намуди “Соловей разбойник”, ки ба марди 24-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ доранд, дарёфт ва мусодира карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, маводҳои тарфгарии мусодирагардида, 75314-ададро ташкил медиҳад.

Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.  

 

 
Табрикот

Табрикоти

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҷавонони кишвар бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017

 Ҷавонони бонангу номус ва содиқи миллат,

Имрӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон карда шуд.

Ин иқдоми нек ва бомаврид аз таваҷҷӯҳи хоса ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон, ки онҳо нерӯи созанда ва давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол мебошанд, шаҳодат медиҳад.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Тавре Президенти кишвар дар Паёми худ зикр карданд, «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

 
Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Пешвои миллат аз ҷониби кормандони РВКД дар ВМКБ

22 декабри соли 2016, дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар ВМКБ тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Раёсат,  ҳайати шахсӣ, ДТММ, ШБДА РВКД дар ВМКБ ва  сарбозону афсарони  қисми низомии 3503 қушунҳои дохилаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ иштирок намуданд.

Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин  дар ҳамаи ШВКД-и  шаҳру    ноҳияҳо, Хадамоти давлатии «Муҳофиза»,  ШХДО дар ВМКБ  бо иштироки тамоми ҳайати шахсӣ дар маҷлисгоҳҳо ташкил гардид.

 
Паём – фарогири самтҳои афзалиятноки ҳаёти кишвар

Дар маҷлисгоҳи РВКД дар вилояти Суғд бо иштироки ҳайати шахсӣ тамошои дастаҷамъонаи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ доир ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва дастовардҳои Ҳукумати мамлакат дар даврони 25-соли Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории навини Тоҷикистони мустақил маълумоти дақиқ гирифтанд.

Бояд зикр намуд, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ инъикосгари воқеъии ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат буда, дар он вазъи ҷорӣ ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, имкониятҳои иқтисодиву молиявии давлат ҷиҳати иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда, фаъолияти бонизом ва муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунӣ ва ҷамъиятӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлат мавриди таҳлили Сарвари давлат қарор дода шуданд.  

 
Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ - муқаддасоти миллат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

 
Паём – баёнгари ояндаи дурахшони миллат

Имрӯз, (22.12.с.2016), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ  ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дастаҷамъона пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи телевизион тамошо карданд.

Президенти мамлакат дар баромади хеш доир ба дастовардҳо дар тӯли 25-соли Истиқлолият, се ҳадафи стратегии мамлакат: истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, инчунин рушди соҳаи маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар суханронӣ намуданд.

 
Паёми Пешвои миллат – сармашқи фаъолияти кормандони милитсия

Имрӯз (22.12.с.2016), дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар минтақаи Рашт, намоиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Ҳайати шахсии РВКД дар минтақаи Рашт дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимат бо ҷиноятҳои коррупсиониро сармашқи кори худ қарор дода, дар ин самт тамоми қувваю малакаи касбии хешро равона хоҳанд кард.

 
Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз …

Академияи ВКД муассисаи таълимӣ-низомие мебошад, ки реҷаи махсуси дохилӣ дорад. Курсантони ин таълимгоҳ аз рӯзи аввали таҳсил бо фармони Вазири корҳои дохилӣ ба сафи кормандони ВКД дохил шуда, либоси низомӣ ба бар менамоянд. Пӯшидани либоси низомӣ талаботи махсуси худро дошта, он бояд тозаву озода, дарзмолкардашуда ва бо тамоми ҷузъиёташ пӯшида шавад. Дар баробари ин, бояд корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми пӯшидани либоси низомӣ намуди зоҳирии оинномавӣ дошта бошанд.

Бо назардошти ин гуфтаҳо, дар ҷаласаи нахустини падару модарони курсантони курси 4-уми факултети №2-и Академияи ВКД интизоми таълимӣ-хизматӣ ва давомоти курсантон муҳокима ва вазифаҳои минбаъда барои беҳтар намудани илмомӯзию рафтори донишомӯзон баррасӣ гардид.

 
Дуздии ноутбук

21.12.с.2016, ба мақомоти милитсия марди 61-солаи сокини шаҳри Бустон дар он хусус муроҷиат намудааст, ки санаи 9-уми ноябри соли 2016, соати 09:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо  1-адад ноутбуки тамғаи “НР”, ки арзишаш 580-доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ, марди 39-солаи сокини ноҳияи Фархор дастгир карда шуда, далели шайъӣ гирифта шуд.

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3818481
ИмрӯзИмрӯз558
МоҳМоҳ17986
ХамагиХамаги3818481

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.