Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарӣ

26.12.с.2016, ҳангоми гузаронидани ҷорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 34-солаи сокини шахри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 58-дона маводи тарфгарии намуди “Мики маус”, дарёфт ва мусодира гардид.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 
Академияи ВКД зодаи даврони Истиқлол аст!

Дар ҷамъомади бошукӯҳе, ки дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД ба муносибати солгарди таъсисёбии ин муассисаи олии таълимии тахассусӣ баргузор гардид, роҳбарияти Вазоратҳои корҳои дохилӣ, фарҳанг, маориф ва илм, мактабҳои олии кишвар, ҳайати кормандону омӯзгорон, курсантону шунавандагон ва собиқадорони ин даргоҳи илму маърифат иштирок намуданд.

Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни баромади худ иброз намуд, ки боиси сарфарозист, ки ҳамаи мо дар чунин чорабинии идона иштирок дорем. Тавре мавсуф изҳор дошт, таҷлили солгарди Академияи ВКД хеле хотирмон мебошад, зеро новобаста ба он, ки чоряк аср на чандон таърихи тӯлонӣ дорад, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ин даргоҳи донишандӯзӣ дар ин муддати кӯтоҳ тавонистанд роҳи хеле дарози маърифатомӯзиро тай намоянд.

 
Баромад

Суханронии  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳозирини муҳтарам, омӯзгорону шогирдон!

Ҳамкасбони азиз!

Имсол мардуми шарафманди тоҷик 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро бо қадршиносӣ аз соҳибихтиёрӣ ва шукргузорӣ аз бунёди давлатдории миллӣ таҷлил намуданд. Тантанаҳои ҷашнӣ дар тамоми вазорату кумита ва ташкилоту муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса доир гардиданд ва тантанаи имрӯза дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳост.                 

Яке аз рӯйдодҳои тоза ва фараҳбахшро дар оғоз қайд менамоям, ки қабул ва пазируфтани пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» ва табрикоти самимонаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Питер Томсон ва Пан Ги Мун ба унвони Сарвари давлати тоҷикон, боз як далели боло рафтани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ва сиёсати ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад.

Қабули ин иқдом аз ҷониби чунин як ташкилоти бонуфузи ҷаҳон на танҳо пирӯзӣ ва обрӯи Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин тамоми мардуми заҳматкаш, сарбаланд ва бонангу номуси кишварамон аст ва мову шумо бояд аз ин ифтихор намоем.

 
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ғолиби озмуни байналмилалии «Нашри беҳтарин» гардид

23-юми декабри соли 2016, бо Қарори комиссияи тахассусии Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ғолиби Озмуни байналмилалии «Нашри беҳтарин барои муассисаҳои олии таълимӣ дар соҳаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ», таҳти унвони «Нашри беҳтарин оид ба проблемаҳои протсессуалии ҷиноятӣ, криминалистика ва назарияи фаъолияти  оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ» гардид.

Мавриди қайд аст, ки Раҳимзода Рамазон Ҳамро ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан мебошад.

 
Ғорат намудани телефони мобилӣ

25.12.с.2016, ба мақомоти милитсия аризаи зани 28-солаи сокини пойтахт дар он хусус ворид гардид, ки худи ҳамон рӯз, тахминан соати 17:00-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро, ки арзишаш 7000-рубли русиро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ, марди 32-солаи шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.

 
Дуздии ҷавоҳирот аз манзили истиқоматӣ

23.12.с.2016, ба ШВКД дар вилояти Суғд бо ариза зани 19-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, муроҷиат намудааст, шаби 22 ба 23-юми декабри соли равон, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз дохили ҷевон ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки арзиши умумиашон 5475-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ ҷавони 25-солаи сокини ҳамин шаҳр дастгир карда шуд.

Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

 
Тасарруфи қувваи барқ

25.12.с.2016, зимни гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мутахассисони шабакаҳои барқии пойтахт, муайян гардид, ки соҳибкор, марди 29-солаи сокини пойтахт, бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгираки барқӣ қувваи барқро ба дӯкони самбуса ва кулчапазӣ, воқеъ дар хонаи истиқоматиаш гузаронидааст.

Бо ин роҳ ӯ ба ширкати саҳомии холдингии “Барқи Тоҷик”, ба миқдори  2 ҳазору 211-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 
Табрикот

Табрикоти

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба мардуми шарифи Тоҷикистон

 Ҳамкасбон ва ҳамватанони гиромӣ!

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо ташаббус ва иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид.

Қатъномаи мазкур мисли ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон дар мавзӯи об дар Маҷмаи Умумии СММ дастгирии ҳамаҷониба ёфта, бо иттифоқи оро қабул гардидани он аҳамияти ҷаҳонӣ дорад.

Даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд гузошта, мақсади нави стратегии ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад, ки ба хотири ҳаёт ва инсоният равона шудааст.

 
Зарари қаллобон ба шаҳрвандон

23.12.с.2016, ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров, аризаи марди 31-солаи  сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ҳамин ноҳия дар он хусус ворид гардид, ки соли 2014, марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 28 ҳазору 774 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

23.12.с.2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, 25-уми августи соли 2013, ба  боварии марди 48-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 40 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Ҳамчунин муайян гардид, ки номбурда, рӯзи 17.06.с.2016, бо роҳи фиреб ба бовариии марди 35-солаи сокини шаҳри Истиқлол даромада, аз ӯ 22 ҳазору 500-сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

 
Расонидани хисорот ба шабакаҳои барқӣ

23.12.с.2016, зимни гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони шабакаҳои барқӣ дар шаҳри Ҳисор муайян гардид, ки ҶДММ “Петроп-Хонақо”, муддати 6-моҳ қувваи барқро ғайриқонунӣ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгираки барқӣ гузаронида, истифода бурдааст.

Зарари расонидашуда ба ширкати саҳомии холдингии “Барқи Тоҷик”, ба миқдори 3696-сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар ин рӯз ҳангоми гузаронидани санҷиши муштарак дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт, муайян карда шуд, ки ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар манзили истиқоматиаш, муддати 6-моҳ қувваи барқро ғайриқонунӣ, бе ҳисобгираки барқӣ истифода бурдааст.

 
Дуздии аккумулятор

Рӯзи 23.12.с.2016, ба ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 33-солаи сокини шаҳраки Сомониён, дар он хусус ворид  гардид, ки шаби 19 ба 20-уми декабри соли равон, шахсони  номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 15-адад аккумулятор, ки  маблағи 9000 сомониро ташкил медиҳанд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар ҷавонони 23-солаи сокинони шаҳраки зикргардида, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

 
Дуздии чархҳои автомашина

22.12.с.2016, ба мақомоти милитсия бо ариза марди 26-солаи сокини кӯчаи Ҷ.Румии шаҳри Қурғонтеппа дар он хусус ворид гардид, ки шаби 20 ба 21-уми декабри соли 2016, шахсони  номаълум бо тариқи пинҳонӣ 4-адад чархҳои автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро, ки дар назди хонааш беназорат меистод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5000-сомониро ташкил медиҳад.

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ ду нафар сокинони ҳамин шаҳр: писарбачаи 16-сола ва ҷавони 19-сола, ки пеш бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир гардиданд.

Аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 
Таҳкими бехатарӣ аз сухтор дар фасли сармо

Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими расмии баистифодадиҳии навбати дуюми Маркази гармидиҳии Душанбе 2, доир ба таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ, аз ҳисоби нозирон ва муҳандисони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Сарраёсат ва ҷузъу томҳои он гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, то ба имрӯз аз ҷониби гурӯҳҳои номбурда корҳои муайяне амалӣ карда шудааст.

Аз ҷумла, дар ин давра аз ҳисоби гурӯҳҳои корӣ дар шаҳри Душанбе 3030 ҳуҷраву манзилҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои С. Шерозӣ, Ҳ. Шерозӣ, Лучоб ва Маяковский, Айнӣ, Ак.Раҷабовҳо, А.Савдо, Титова, Бухоро, Н.Муҳаммад мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар баробари санҷиши хонаҳои истиқоматӣ ҳангоми баргузор шудани чорабинии зикршуда, вазъи бехатарӣ аз сӯхтори 118-адад иншоотҳои мухталифи хоҷагии халқ дар ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин аз санҷиш гузаронида шуд.

 
Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт

22.12.с.2016, ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза марди 31-солаи сокини пойтахт дар он хусус муроҷиат кардааст, ки шаби 21 ба 22-юми декабри соли равон, шахсони номаълум аз назди бинои манзили истиқоматиаш автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107-ро, ки беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.

Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар баромадгоҳи  нақби “Хатлон” автомашинаи мазкур боздошт шуда, се нафар: ҷавони 17-солаи сокини кӯчаи С.Осиёб, ки пеш бо моддаи 244 қимси 2 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва ҷавони 18-солаи сокини кӯчаи Заҳматобод ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуданд.

Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт давом дорад.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3871061
ИмрӯзИмрӯз331
МоҳМоҳ21565
ХамагиХамаги3871061

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.