Азонихудкунии маводи сӯзишворӣ

28.12.с.2016, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон: марди 29-солаи сокини шаҳраки Нов ва соҳибкор, ҷавони 28-солаи ноҳияи Зафаробод бо гумони азонихудкунии маводи сӯзишворӣ дастгир гардиданд.

Муайян карда шуд, ки номбурдагон, аз моҳи сентябри соли 2014 то моҳи октябри соли 2016, дар нуқтаи таъминоти сӯзишвории  “Дилшод-777”-и ноҳияи Спитамен, ки ба марди 31-солаи шаҳри Истаравшан, тааллуқ дорад, фаъолият намуда, сӯзишвории намуди “бензин” ва “дизели”-ро дар ҳаҷми 14280-литр  ба маблағи 57120-сомонӣ фурӯхта, маблағи ба даст овардаро азони худ намудаанд.

Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

 
Таассуроти омӯзгорону донишҷӯён аз вохӯрӣ бо кормандони милитсия

 

Дар вохӯрии кормандони милитсия бо омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, ки рӯзи 28-уми декабр баргузор гардид, оид ба масъалаҳои марбут ба илму донишомӯзии ҷавонон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва ҳолатҳои шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ изҳори назар карда шуд.

Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон тамоми паҳлӯҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯёнро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, фикру андешаҳои худро бо овардани далелу рақамҳо тақвият бахшид.

 
Соли нав бо кӯдакон зебост!

Кӯдакону наврасон бо як шодиву хурсандии беканор ба таҷлили Соли нави мелодии 2017 мешитофтанд ва ин рӯз барои онҳо ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда дар хотираҳо нақш хоҳад баст.

Бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, полковники милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматулло ва кормандони милитсия дар толори бинои театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барои фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва нафароне, ки ҳангоми адои вазифаи хизматӣ ҳалок гардидаанд, чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

 
Ҳадафи чорводузд барбод рафт

27.12.с.2016, ба ШВКД  дар ноҳияи  Муъминобод марди 57-солаи сокини ноҳияи мазкур, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 24 ба 25-уми декабри соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонааш  шуда, аз он ҷо 2-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 6 ҳазор сомонӣ мебошад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустҷӯӣ аз ҷониби кормадони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ  ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи зикргардида дастгир карда шуд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Рӯзи 27.12.с.2016, ба мақомоти милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо ариза шикоят бурдааст, ки соли равон ду нафар марди 34 ва 35-солаи сокинони ҳамин ноҳия, 207-сар моли майдаи шохдорро, ки арзишашон 89 ҳазору 400 - сомониро ташкил медиҳад, бо мақсади нигоҳубин кардан гирифта, онҳоро фурӯхта маблағро азонихуд кардаанд.

Оид ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

 
Назорати шабакаҳои барқӣ

Рӯзи 27-уми декабри соли равон, зимни доир намудани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони шабакаҳои барқӣ дар шаҳри Душанбе, муйаян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини пойтахт ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгираки барқӣ қувваи барқро ба хонаи истиқоматиаш гузаронидааст.

Хисороти расонидашуда ба ширкати саҳҳомии холдингии “Барқи Тоҷик”, 6 ҳазору 391-сомониро ташкил медиҳад.

Айни замон корҳои тафтишотӣ дар ин самт  идома дорад

 
Пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

Бо фаро расидани Соли нави мелодӣ баъзе аз нафарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, ба фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ машғул мешаванд. Ҳол он, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикисион муомилот ва ба фурӯш баровардани маводи пиротехникӣ қатътян манъ карда шудааст.     

Дар ин раванд аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста чорабиниҳои мақсаднок доир гардида, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.                                  

Аз ҷумла, 27-уми декабри соли равон, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустҷӯӣ аз ҷониби кормадони милитсия, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ, марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 29 ҳазору 500-дона маводи тарфгарии намуди “Трения”, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

 
Ҳалокати 5 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ

26.12.с.2016, тахминан  соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ҷавони 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти  Ошобаи ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи  ҷавони 21-солаи ҳамин ноҳия бархӯрдааст.

Ҳангоми рух додани чунин ҳодисаи нохуш, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ҷавони 21-сола ва мусофирони он: падару модараш марди 58-сола ва зани 56-сола бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҷавони 20-сола ва писарбачаи 4-солаи сокинони ҳамин ноҳия дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Айни замон ронандаи дигари автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ва мусофири он, марди 24-солаи сокинони ноҳияи Ашт дар беморхона қарор доранд.

26.12.с.2016, тахминан соати 23:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Ашт-Хуҷанд” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, марди 27-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

 
ВКД - тарғибгари ҳаёти солим миёни ҷавонон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Пешвои миллат бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон карда шавад.

Дар партави Паёми баргузоргардида Вазорати корҳои дохилӣ тарбияи насли ҷавон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро ба роҳ мондааст. Ин аст, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, ташаббус ва иқдоми Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кормандони милитсия дар баробари мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб ҳамкориҳоро бо дигар сохторҳо, бахусус Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Дар доираи ҳамкориҳои муштарак бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, суҳбату вохӯриҳо дар байни ҷавонон ва донишҷӯён вусъати тоза касб намудааст. Роҳандозӣ гардидани ин ибтикорот дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонони мамлакатро боз ҳам муттаҳид намуд.

 
Анвои гуногуни маҳсулот дар ярмаркаи солинавӣ

Имрӯз (28.12.с.2016), бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои Вазорат ярмаркаи махсулоти хоҷагии қишлоқ бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Дар ин намоиш анвои гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи нисбатан арзон аз қабили гушт 20 сомонӣ, биринҷ – 5 сомонӣ, 1 килограмм асал 20 сомонӣ,  картошка, пиёз, сабзӣ, шалғам, карам, гулкарам, турб бо нархи 1 сомонӣ, каду – 5 сомонӣ, тухм – 50 дирам, наск, нахуд ва лубиё - 3 сомонӣ пешкаши харидорон карда шуд.

 
Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии он

Бо сипарӣ шудани соли 2016 он хотираҳои зиёдеро дар ёдҳо боқӣ мегузорад. Ин соли сипаришуда низ чун солҳои қаблӣ бо чандин рӯйдодҳояш дар хотири ҳар яки мо нақш мебандад. Мардуми тоҷик бо таҷлил намудани як қатор иду чашнҳои миллӣ, ки муҳимтарини онҳо 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба маҷрои нави рушд ворид мегардад.

Дар баробари ҳамаи ин, дар рӯзи 22-юми декабр ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро низ бемуҳобот метавон ба қатори рӯйдодҳои хотирмони соли 2016 ворид кард. Зеро, Роҳбари давлат бо зикри бурду бохти фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар зарфи як соли сипаришуда, дар умум, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлолро барои соли нави 2017 ва давраи минбаъда муайяну мушаххас баён намуданд. Ҳамин аст, ки Паёми Сардори давлатро имрӯз дар тамоми корхонаву муассисаҳо ва мақомоту идораҳои кишвар мавриди муҳокимаи васеъ қарор дода, онро чун дастурамал барои ҳар як нафар шаҳрванди бедордили кишвар меомӯзанд.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанд нуктаи муҳим таъкид намуданд. Аз ҷумла, дар интиҳои Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ мавсуф зикр карданд, ки:

«Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро чанд лаҳза пеш аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳимми давраи наздик ба шумор меравад.

 
Пешгирии истифодаи ғайриқонунии барқ аз ҷониби оташнишонон

Бо фарорасии фасли сармо таъминот бо барқ дар қисме аз манотиқи кишвар тибқи меъёр ба роҳ монда мешавад. Ин тадбир ба хотирикоршоям нигоҳ доштани низоми энергетикии кишвар, бо нерӯи барқу гармӣ таъмин намудани хоҷагии халқ ва аҳолии мамлакат андешида шудааст.

Бо саъю кӯшиши Ҳукумати ҷумҳурӣ сол аз сол таъминоти аҳолӣ бо барқ дар давраи зимистон боз ҳам зиёд карда шуда, тибқи нақшаи дурнамо дар ояндаи наздик ин маҳдудият пурра аз байн бурда хоҳад шуд. Алҳол зарур аст, ки дар давраи маҳдудият ба қадри имкон аз барқ сарфакорона истифода бурда шавад. Зеро истифодаи аз ҳад зиёд ва нодурусти нерӯи барқ аксар вақт бо ҳодисаҳои даҳшатовари сӯхтор ва хисороти калони моддӣ анҷом ёфта, дар баъзе ҳолатҳо бошад, ҳатто ба фавти одамон низ оварда мерасонад.

 
Каллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Ба мақомоти милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 14-уми сентябри 2016, марди 28-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ аавтомашинаи тамғаи “Мерседес-бенс-222”-ро ба маблағи 115 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

 
Ҷинояти ғоратгарӣ

Рузи 26.12.с.2016 ба ШВКД  дар шаҳри Турсунзода марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур оиди ҳодисаи ғоратгарӣ муроҷиат намудааст, ки санаи 8-уми ноябри соли 2016, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар деҳаи Коммунаи ҳамин шаҳр шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон С-6”, ки арзишаш 9000-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 
Расонидани зарар ба шабакаҳои барқӣ

26.12.с.2016, зимни гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони милитсия ва мутахассисони шабакаҳои барқии пойтахт муайян гардид, ки зани 64-солаи сокини шаҳри Душанбе, ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгираки барқӣ қувваи барқро ба яке аз ошхонаҳои шаҳр гузаронидааст. Дар натиҷа ба ширкати саҳомии холдингии “Барқи Тоҷик”, ба миқдори 2 ҳазору 195-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3739292
ИмрӯзИмрӯз1297
МоҳМоҳ18994
ХамагиХамаги3739292

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.