Захм бардоштани ҳамдеҳа аз дасти ҳамдеҳа

01.12.с.2016, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 58-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти суиқасд ба куштор дастгир намуданд.

Гумонбаршуда, рӯзи 30.11.с.2016, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ, бо марди 35-солаи ҳамдеҳааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 7-маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 
Боварӣ ба қаллобон

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зани 43-солаи сокини ноҳияи Айнӣ муроҷиат намудааст, ки соли 2015, марди 32-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба бовариаш даромада, аз ӯ 8400-доллари амрикоӣ  гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Муайян гардид, ки марди гумонбаршуда охирҳои соли 2015, аз зани 48-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ низ 5000-доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро бозпас нагардонидааст.

Ҳамчунин, ба мақомоти милитсия марди 46-солаи сокини ноҳияи Ҳисор шикоят бурдааст, ки охирҳои соли 2010, марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 11000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Нисбати далелҳои зикргардида парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

 
Ҳалокати як нафар дар роҳи оҳани Пахтаобод

30.11.с.2016, тахминан соати 10:05-дақиқа, тепловози таҳти идораи марди 56-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти роҳи оҳани Қудуғули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба самти истгоҳи роҳи оҳани Пахтаободи шаҳри Турсунзода, марди 65-солаи сокини шаҳри Турсунзодаро пахш намудааст.

Дар натиҷа, марди ҷабрдида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

 
Бо роҳи қаллобӣ ба даст овардани маблағи пулӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 28-солаи сокини ноҳияи Ҳисор оиди ҳодисаи қаллобӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 13.07.с.2016, марди 36-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба бовариаш даромада,  аз ӯ автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро, ки арзишаш  65000-сомонӣ меистад, гирифта, то ҳол барнагардондааст.

Санаи 30.11.с.2016, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 58-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.

Ҳамчунин муайян карда шуд, ки гумонбаршуда, рӯзи 18.01.с.2015, дар назди бозори “Шанхай” бо роҳи фиреб ба боварии зани 54-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 15000-доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол бозпас нагардонидааст.

Бо чунин мазмун ба мақомоти милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ шикоят бурдааст, ки  моҳи ноябри соли 2016, марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе аз бовариаш сӯиистифода намуда, 38730-сомониашро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 
Шиносоӣ аз марказҳои савдо ва бозорҳои пойтахт

Имрӯз (30.11.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз як қатор марказҳои савдо ва бозорҳо, аз ҷумла аз марказҳои савдои Фурӯшгоҳи Марказӣ (ЦУМ), «Пойтахт - 90» ва «Рӯдакӣ - Плаза» воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дидан намуд.

 
Ҷиноятҳои куштор

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Деваштич, ки қаблан бо моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд. Гумонбаршуда, рӯзи 27.11.с.2016, тахминан соати 23:30-дақиқа дар хонаи ҳамзисташ зани 23-солаи сокини ноҳияи мазкур, аз сабаби муноқишаи ба миёномада, бо пиёлаи дар дасташ буда якчанд маротиба ба сари охирин зада, сипас бо дастонаш ӯро бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.

Санаи 29.11.с.2016, тахминан соати 16.30-дақиқа ҳангоми дар хонаи истиқоматии зани 47-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор доштан, миёни зани 63-солаи сокини ноҳияи зикргардида ва ҳамзисташ марди 43-солаи сокини ноҳияи Спитамен, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, аз сабаби дар ҳолати мастӣ қарор доштанашон, муноқиша ба вуқӯъ пайвастааст. Сипас, марди 43-сола бо болғаи дар дасташ буда, якчанд маротиба ба сари зани 63-сола задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбати гумонбаршудагони ҳодисаҳои куштор бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар хобгоҳҳои донишҷуён

Ҳамасола бо фарорасии фасли тирамоҳу зимистон тамоюли зиёдшавии ҳодисаҳои сӯхтор ба мушоҳида мерасад. Зеро дар фасли сармо эҳтиёҷ ба гармӣ зиёд гардида, бархе аз шаҳрвандон барои муътадил намудани ҳарорати дохили ҳуҷраҳои зист ва тайёр намудани хӯрок дар хонаҳои истиқоматӣ ва утоқҳои кории корхонаву муассисаҳо дар қатори асбобҳои гармидиҳандаи стандартӣ, дидаву дониста талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро сарфи назар намуда, аз ҳар гуна асбобҳои гармидиҳандаи барқиву газӣ, бухориву сандалиҳои ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуда, фаровон истифода бурда, бо ин кирдори худ сабабгори ба амал омадани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор мегарданд. Аз меъёр зиёд истифодабарии ҷараёни қувваи барқ низ боиси  сарборӣ дар кабелу ноқилҳо  гардида,  аксар  вақт  сабаби асосии расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ, инчунин рух додани сӯхтор дар зеристгоҳҳои барқӣ (трансфарматорҳо) ва ҳатто ба корношоям гардонидани онҳо оварда мерасонад. Дар натиҷа аз чунин кирдорҳои номатлуб на танҳо худи вайронкунандагони талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор зарари моддиву маънавӣ мегиранд, балки  онҳо ба ҳаёту саломатӣ ва молу мулки атрофиёнашон низ хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд. Фаромӯш набояд кард, ки ҳодисаи сӯхтор ба таври худ даҳшатовар буда, ҳангоми дар он ба ҳалокат расидани одамон, он ба фоҷиа  табдил  меёбад.

 
Суиқасд ба куштор

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Турсунзодаро бо гумони суиқасд ба куштор дастгир намуданд. Гумонбаршуда, рӯзи 28.11.с.2016 тахминан соати 07:30-дақиқа дар ҳудуди деҳаи Зафари ноҳияи Рӯдакӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҷавондухтари 19-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷангу ҷанҷол карда, бо истифодаи корд якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Сипас, ӯ бо ҳамон корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба қисмати қафаси сина ва гулӯи худ задааст. Дар натиҷа, ҳар ду, ҷабрдидаю гунаҳкори ҳодиса ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.

 
Дуздии мағоза аз ҷониби ноболиғон

Ба мақомоти милитсия хабар расид, ки шаби 25 ба 26-уми ноябри соли 2016 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи соҳибкор, марди 30-солаи сокини ноҳияи Восеъ шуда, аз он ҷо 32-адад телефонҳои мобилии тамғаҳои гуногун, 50-адад симкортҳои ширкатҳои “Вавилон”, “Мегафон”, “Билайн” ва 5-адад флешкарта, ҷамъ ба маблағи 16314-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ҷинояти дуздӣ ду нафар ҷавонписари 16 ва 17-солаи сокинони ноҳияи Восеъ дастгир карда шуданд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 19-солаи сокини шаҳри мазкурро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Гумонбаршуда рӯзи 22.11.с.2016 аз хонаи истиқоматии зани 54-солаи сокини шаҳри Кӯлоб 150000 рубли русӣ ва 5000-сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 21000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 
Академияи ВКД: Баррасии масъалаҳои зӯроварӣ дар оила

Рӯзи 27 ноябри соли 2016, дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа вобаста ба мавзӯи «Хусусиятҳои баррасӣ намудани масъалаҳои зӯроварӣ дар оила аз тарафи кормандони милитсия» семинар-тренинги омўзишӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он курсантони факултети № 2 Академияи мазкур фаъолона иштирок намуданд.

Семинар-тренинги мазкур бо дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар доираи Созишномаи шарикӣ миёни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин ташкилоти байналмиллалӣ роҳандозӣ шуда, ба яке аз мавзӯъҳои мубрами фаъолияти милитсия – пешгирии зӯроварӣ дар оила ва масъалаи мақоми зан дар оила ва ҷамъият аз нигоҳи ҳуқуқ ва дини ислом бахшида шуда буд. 

 
Боздошти маҳбуси фирорӣ

Санаи 26 ноябри соли 2016, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, маҳкумшуда Амонуллохон Носириро, ки аз муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд фирор намуда буд, дастгир намуданд.

Ёдовар мешавем, ки маҳкумшуда Носирӣ Амонуллохон рӯзи 24-уми ноябри соли 2016, аз муассисаи ислоҳии №3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми адои ҷазо фирор намудааст. Баъди ду рӯзи ғайриқонунӣ дар озодӣ қарор доштанаш, номбурда дар ҳудуди деҳаи Чилгазии шаҳри Исфара дастгир ва ба муассисаи ислоҳӣ баргардонида шуд.

Маҳбус Амонуллохон Носирӣ, соли таваллудаш 1990, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Навгилем, деҳаи Шуртанг буда, солҳои гуногун  се маротиба суд шудааст.

Нисбати ӯ соли 2005 мутобиқи талаботи моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ҷазо дар намуди 120 соат корҳои ҳатмӣ, соли 2009 бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 8 солу 6 моҳ ва санаи 04.07.с.2013, барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар асоси талаботи моддаи 248 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди шаҳри Исфара ба мӯҳлати 11 сол маҳрум кардан аз озодӣ ҷазо таъин карда шудааст.

Акбар Шарифов капитани милитсия.

 
Қатли ҳамсар

26.11.с.2016, тахминан соати 23.00-дақиқа, марди 56-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо истифодаи корд чор маротиба ба узвҳои бадани ҳамсари 49-солааш задааст. Дар натиҷа, зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Сипас ӯ бо корди дар дасташ буда,  чор маротибаи дигар ба узвҳои бадани худ зада, ба беморхона интиқол дода мешавад. Нисбати марди гумонбаршуда бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

 
Бархӯрди автомашинаҳои Опел-Астра

Рӯзи 26.11.с.2016, тахминан соати 14:20 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди деҳаи Гулободи шаҳри Ваҳдат ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи марди 34-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, бармехӯрад. Инчунин, автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ронандааш марди 35-солаи сокини ноҳияи Данғара, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, ба қафои автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и дуюм мезанад. Дар натиҷаи бархӯрди автомашинаҳо, мусофирони автомашинаи “Опел-Астра”-и якум, ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Бохтар, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида, ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Данғара дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Инчунин, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и сеюм, зани 55-солаи сокини ноҳияи Данғара ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

 
Ҷиноятҳои дуздӣ ва дастгир гардидани гумонбари он

Ба мақомоти милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст, ки аз соли 2015 то инҷониб шахсони номаълум якчанд маротиба бо роҳи пинҳонӣ вориди анборхонааш шуда, аз он ҷо борхалтаҳои полиэтилениро, ҷамъ ба маблағи 240000-сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ ду нафар ҷавони 19 ва 20-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд ва ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров дастгир карда шуданд.

Дар шаҳри Кӯлоб низ як ҷинояти дуздии қаблан бақайдгирифташуда ошкор гардид. Моҳи июли соли 2016 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳавлии марди 38-солаи сокини шаҳри мазкур 16 сар мурғи марҷонро, ки арзиши умумиашон 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони дуздӣ ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дастгир карда шуд. Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3779166
ИмрӯзИмрӯз117
МоҳМоҳ24181
ХамагиХамаги3779166

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.