Корҳои фаҳмондадиҳии оташнишонон дар фасли сармо

Кормандони СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти кории хешро мутобиқи супориши роҳбарияти ВКД ва нақшаи иловагии Сарраёсат «Оид ба бехатарӣ ва сӯхтор» дар давраи зимистон бо таври шабонарӯзӣ дар бозору марказҳои савдо ва муассисаҳои табобатию таълимӣ ба роҳ монда, дар бобати боз ҳам беҳтар гардонидани нишондодҳои самаранокии кор ва пеш аз ҳама сайқал додани маҳорати касбӣ оташнишонӣ ва омодагии дастаҳои идоравии оташнишонии иншоотҳои номбурда бештар кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Бо ҳамин мақсад аз тарафи нозирону муҳандисони Сарраёсат дар ҳамбастагӣ бо кормандони хадамоти оташнишонии ҷузъу томҳои он дар Беморхона ва бозори марказии шаҳри Ваҳдат ва бозорҳои Сомону, Саиди Ҳалими ноҳияи Рӯдакӣ, ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе, инчунин дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистону хонаи кӯдакони синни томактабии №1 шаҳри Душанбе профилактикаи оташнишонӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

 
Ҳодисаҳои дуздии моликияти шахсӣ

Ба мақомоти милитсия аз ҷониби марди 62-солаи сокини ноҳияи Темурмалик муроҷиат ворид гардид, ки санаи 9 ба 10-уми ноябри соли 2016, шахсони номаълум аз дохили оғилхонааш ду сар чорвои калони шохдор, ҷамъ ба маблағи 4500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ ду ҷавони 21-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Данғара дастгир карда шуданд.

Ҳамчунин, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ, марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардид. Гумонбаршуда рӯзи 20.10.с.2016, тахминан соати 23:00-дақиқа, аз хонаи истиқоматии зани 48-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 7000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз рӯи ин далелҳои зикргардида парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

 
Тақаллубкорӣ дар ноҳияи Данғара

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Данғараро бо гумони ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.

Гумонбаршуда, моҳи сентябри соли 2012, бо роҳи фиреб ба боварии зани 51-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ ба маблағи 50640-сомонӣ сӯзишвории навъи «солярка»-ро гирифта, то ҳол маблағи онро барнагардонидааст.

Ҳамчунин муайян карда шуд, ки номбурда аз соли 2015 то моҳи феврали соли 2016, бо ҳамин роҳ аз марди 23-солаи сокини дигари ноҳияи Данғара 10100-доллари амрикоӣ ва 13000-сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағаш аз ҳудуди ноҳия қитъаи замини назди ҳавлигӣ медиҳад, аммо то ҳанӯз ваъдаашро иҷро накарда, маблағро бозпас нагардонидааст.

Инчунин ӯ аз соли 2010 то соли 2014, ба боварии марди 55-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ бо ваъдаи аз ҳудуди ноҳия ҷудо намудани як чанд қитъаи замини назди ҳавлигӣ, 45600-доллари амрикоӣ гирифта, ваъдахилофӣ кардааст.

Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиоти ҳодиса давом дорад.

 
Таҷлили Рӯзи Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД

Имрӯз (05.12.с.2016), дар қароргоҳи Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи таъсисёбии ин ниҳоди бонуфузи мақомоти корҳои дохилӣ, бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии ВКД, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, собиқадорон ва меҳмонон бо тантана таҷлил карда шуд.

Нахуст, пас аз саломи ҳарбӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Чорабинии тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ифтитоҳ намуда, аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳайати шахсӣ ва собиқадорони Воҳидҳои таъиноти махсусро бо иди касбиашон табрику таҳният намуд.

 
ВМКБ: кормандони ДТММ - муҳофизони Ватананд!

Ҳамасола дар кишвар, 5-уми декабр иди касбии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсияи ВКД бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки дар замони истиқлолияти ҷумҳурӣ барои ин ниҳоди давлатӣ тамоми шароитҳои  лозимӣ фароҳам оварда шуда, онҳо дар таъмини сулҳу суботи мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ ҳиссаи сазовор доранд.

Кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсия дар РВКД дар ВМКБ низ ин санаи таърихиро дар сатҳи зарурӣ таҷлил намуданд.

 
ДТММ - пешоҳанги набардҳо

Имрӯз (05.12.с.2016), бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД дар қароргоҳи воҳиди махсуси мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Раёсат, сардорони хадамотҳо ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, собиқадорони ДТММ ва ҳайати шахсии даста иштирок намуданд.

 
Мо ҳама сарсупурдагони Ватанем!

Имрӯз (05.12.с.2016), бахшида ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД, дар вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ оғоз бахшида, кормандони Дастаи таъиноти махсуси РВКД ин вилоятро бо ин муносибат самимона табрик намуд.

 
Чорабинии тантанавӣ дар ДТММ РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт

Имрӯз (05.12.с.2016), дар қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, бахшида ба таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии идона Раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин минтақа, ҳайати шахсӣ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

 
Дуздии ашё ва маснуоти заргарӣ

Ба мақомоти милитсия зани 25-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа оиди ҳодисаи дуздӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 01.12.с.2016 тахминан соати 09:00-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо як адад телевизори тамғаи “Стар-Сат”, як адад “ДВД”, молу ашёҳои рӯзгор, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 3435-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ марди 23-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ва зани 33-солаи сокини ноҳияи Хуросон дастгир гардиданд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 
Ҳодисаҳои ғоратгарӣ

Ба мақомоти милитсия зани 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 02 декабри соли 2016, тахминан соати 15:00-дақиқа, шахси номаълум дар назди маркази савдои “Садбарг” воқеъ дар шаҳри Душанбе, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ ҷузвдонашро, ки дар дохили он 2620 сомонӣ ҷой дошт, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ғоратгарӣ марди 21-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

 

 

 

 
Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

02.12.с.2016, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд ду нафар ҷавон бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуданд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 2000-дона ва аз сокини 18-солаи ноҳияи Ашт 40,000 дона маводи тарфгарии намуди “Трения” дарёфт ва мусодира карда шуд.

Нисбати ин  далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 
Куштори бераҳмона - асрори бедаракшудани ҷавонзани 28-сола дар ноҳияи Ашт

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ашт аз моҳи декабри соли 2010 инҷониб шаҳрванд Хайруллоева Гулрӯ Маликовна, соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи деҳаи Гулшани ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияро ҳамчун шахси бе ному нишон гумшуда ҷустуҷӯ менамуд. Кормандони милитсия бо тартиб додани воқифномаҳо ва ҷамъоварии маълумот чораҳои дахлдор андешида, асрори нопадид шудани ҷавонзанро бо гузашти шаш сол ошкор намуданд. Натиҷаи бедарак шудани Гулрӯ Хайруллоева ин ҷинояти махсусан вазнин, одамкушӣ мебошад.

Гиреҳи ҷиноят вақте боз гардид, ки оиди ҳодисаи мазкур кормандони милитсия ахбороти оперитивиро коркард намуда, дар натиҷаи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ гумонбарони ҷинояти одамкуширо муайян намуданд. Барои даст доштан дар куштори бераҳмона шаҳрвандон Султонов Ҳабибулло Нарзуллоевич, соли таваллудаш 1963 ва Ботуров Элмурод Юлдошевич, соли таваллудаш 1983, ки ҳарду ҳамдеҳагони Гулрӯ Хайруллоева мебошанд, боздошт гардиданд.

 
Ҷаласаи Комиссияи давлатӣ оид ба қабули «Шаҳри бехатар»

Имрӯз (02.12.с.2016), дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули Лоиҳаи низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» доир гардид, ки дар кори он Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва ширкати чинии «Ҳуавей технологияҳои Тоҷикистон» иштирок доштанд.

Иштирокчиёни ҷаласа нахуст аз Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД дидан намуда, аз фаъолияти камераҳои мушоҳидавии назорати ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ шинос гардиданд.  

 
ВМКБ: Осудагии Ватан мароми мост

Ба хотири пешгирии хатарҳои муосири ҷомеа ва зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризм ва экстримизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави ифротӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон вохӯрии роҳбарияти РВКД дар ВМКБ ва раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бо сокинон, халифаҳо, ҷавонон ва фаъолони ин ноҳия вохӯрии судманд баргузор гардид.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3739244
ИмрӯзИмрӯз1249
МоҳМоҳ18946
ХамагиХамаги3739244

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.