Ватанам, ҷону танам, имонам…

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Ватан! Чӣ калимаи муқаддасу азиз аст! Ҳар як фарди ватанпарвару миллатдӯст бо ҳисси саршор аз меҳру муҳаббат ва  ифтихор ин калимаи муқаддасро ба забон оварда, фахр аз он мекунад, ки ӯ Ватани ободу зебо ва беназир дорад. Ҳарчанд шумораи зиёди ҳамватанони мо, ки дар муҳоҷирати мехнатӣ ва донишомӯзию таҳсил дар хориҷ аз Ватан қарор доранд, вале ҳамоно ҳисси ватандӯстӣ, ободӣ ва осоиштагии диёр дар замири онҳо маъво гирифтаву барои рушду нумӯъ ва баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон саъю талош меварзанд.

Чанде қабл бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ як зумра ҷавонони гурӯҳи «Пешоханг» ба шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия сафар намуда, бо ҳамватанони бурунмарзӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ мулоқоту сӯҳбатҳо анҷом доданд.

Баъди бозгашт аз сафари даҳрӯза ба Ватан ҷавонони фаъоли донишгоҳ ва донишкадаҳои кишвар таассуроти хешро оиди мулоқоту дидорбиниҳо бо як дилгармию ҳарорат, бо ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ба мо иброз намуданд.

Нахуст мусоҳиби мо Аслиддин Хушвахтов – донишҷӯи бахши 4-уми факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон зимни сӯҳбат зикр кард, ки аз аввалин лаҳзаҳои расидан ба Федератсияи Россия моро кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо самимият истиқбол гирифтанд.

Нахуст вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомуддин Сатторов ва сипас бо Консули Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашраф Гулов оид ба вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо баргузор гардид.

Дар шаҳри Москва бо ҳамватанон дар Марказҳои тиҷоратӣ, бозорҳо ва минтақаҳо вохӯриҳо доир намудем. Воқеан мардум моро хуб пазируфтанд. Рости гап, ман аслан боварӣ надоштам, ки ҳисси ватандӯстию ватанпарастии ҷавонони мо дар хориҷ ин қадар баланд аст.

Зимни мулоқоту сӯҳбатҳои озоду самимӣ ҳамватанони мо воқеаҳои моҳи сентябр рӯхдода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳизби террористӣ эълон гардидани ҲНИТ ва дар ниқоби дини мубини ислом амал намудани онро маҳкум намуда, ҳама якдилона изҳор менамуданд, ки «Дигар ҳеҷ қувва ва нерӯи бадкирдор осоиштагӣ ва ободии Ватани азизамонро халалдор карда наметавонад».

Ҳамин тариқ мо ба шаҳри Твер, Краснодар ва Сочи низ сафар намуда, бо муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён ва тоҷикони муқими он ҷойҳо мулоқоту сӯҳбатҳо оростем.

Раиси созмони фарҳангии вилояти Твер Майбалиев Муқим, ки худ бисёр шахси бомаърифату бофарҳанг аст, моро ба ноҳияҳои гуногуни вилояти Твер раҳнамоӣ намуда, бо ҳамватанон дар коргоҳу корхонаҳо вохӯриҳо доир намудем.

Ҳамчунин дар шаҳри Твер «Шоми ҷавонӣ» ташкил карда шуд, ки дар он намоиши филми мустанад аз ҳаёти Бобои Назар – як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Филми мазкур аз як деҳаи дурдасти Россия ҳикоят мекунад, ки бошандагонаш он ҷойро партофта, рӯ ба шаҳрҳои калон овардаанд. Бобои Назар, (падари акои Бахтибег Хушаков, муовини раиси созмони фарҳангии вилояти Твер) он деҳаро бо меҳнати ҳалоли худ ободу зебо гардонида, исбот мекунад, ки дасти инсон гул аст ва дар ҳар куҷое, ки меҳнат кунад, он ҷойро ба гулистон табдил медиҳад.

Вале, Бобои Назар бо ин ҳама зебоӣ ва серию пурӣ мехоҳад ба Ватан баргардад, зеро фазои Ватан, бӯи Ватан ва хоки Ватан волою муқаддас аст!

Тамошои ин филм ҳисси миллӣ ва ватандӯстии ҳар як ҷавони тоҷикро боз ҳам баландтар намуд. Ҳатто баъзе ҷавонон ашк рехтанд.

Дар ҳар куҷое, ки вохӯрӣ гузаронидем, аслан дар мавзӯъҳои дастовардҳои замони Истиқлол бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бузургдошти Абуҳанифа Имоми Аъзам, чопи Қуръони карим бо хатти кириллӣ, ободу зебо гардонидани оромгоҳ ва марқади бузургон дар саросари кишвар, дар шаҳри Душанбе сохтани Масҷиди калонтарин барои 50 ҳазор намозгузор, таъсис додани Маркази исломӣ, Донишгоҳу коллеҷи исломӣ ва таҷлили ҷашнвораҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Нақибхон Тӯғрали Аҳрорӣ ва сохтмони садҳо иншоот, корхона ва Нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ сӯҳбат мекардем.

Дар хотима ҳаминро гуфтаниям, ки ҷавононе, ки мехоҳанд барои кору таҳсил ба Федератсияи Россия сафар намоянд, пеш аз ҳама бояд маърифати сиёсии худро такмил диҳанд, забони русӣ, технологияи муосир, ҳуҷҷатгузорӣ ва қонуну қоидаҳои муҳоҷиратии ин кишварро омӯзанд. Тавре бузургон фармудаанд: «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ».

Мусоҳиби дигари мо Аҳмадхӯча Давлатов – магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, пеш аз ҳама ҳамчун як ҷавони фаъоли кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пайваста дастгирӣ намудани ҷавонон ва роҳандозии сиёсати давлатии ҷавонон изҳори сипос намуда, зикр кард, ки ин ҳама дастгирию таваҷҷӯҳ барои боло бурдани савияи дониш ва тарбияи насли ҷавон мусоидат менамояд.

Аҳмадхӯча Давлатов дар идомаи сӯҳбат иброз дошт, ки ин иқдоми роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, фиристодани як гурӯҳ ҷавонон ба Федератсияи Россия муҳим ва хеле саривақтӣ буд.

Зимни сӯҳбату мулоқотҳо дар чеҳраи ҳамватанонамон  ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз меҳану Ватан ҳувайдо гардида, онҳо моро босамимият ва меҳру муҳаббат пешвоз мегирифтанд. Онҳо изҳор мекарданд, ки дар байни дигар миллатҳо ва қавмҳо, ки мо дар якҷоягӣ кору фаъолият менамоем, танҳо аз ҷониби Сарвари Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандонаш ин қадар ғамхорию таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуда, пайваста аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мешаванд.

Ман дар шаҳри Москва бо як ҷавони тоҷик – Муҳаммадҷон шиносоӣ пайдо намудам ва ӯ зимни сӯҳбат иброз дошт, ки дар ин ҷо ҳастанд гурӯҳҳое, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу васила моро гумроҳ намуда, дар зеҳни мо рӯҳияи ноэътимодиро ҷойгир кунанд ва ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил намоянд. Ана ҳамин вохӯриҳо ва таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат рӯҳия ва ҳисси ватандӯстии моро баланд мебардорад ва намегузорад, ки ҳар нохалаф ба ҳадафу мақсади худ расад.

Як нуктаи ҷолибе, ки Муҳаммадҷон зикр кард: «Тамоми сахтиҳои дунёро ман барои осоштагию ободонии Ватанам таҳаммул мекунам» асло аз хотири ман зудуда намешавад.

Баъди анҷоми вохӯриҳо вақте, ки мо дар мошинҳо нишаста хайру хуш мекардем, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як овоз моро бо шиори «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!» гусел карда, дастафшонӣ менамуданд, ки барои ман бисёр мутаассир буд.

Боз як иқдоми хубе, ки аз ҷониби гурӯҳи «Пешоҳанг» дар Федератсияи Россия роҳандозӣ гардид, ин таъсис додани «Маҳфили ҷавонони хориҷ аз кишвар» буд, ки дар шаҳри Твер роҳбарии ин маҳфил ба дӯши Умедҷон Шарипов вогузор гардид.

Дар шаҳри Москва бошад, роҳбари «Маҳфили ҷавонони хориҷ аз кишвар»-и кулли Федератсияи Россия Хусрав Аюбов  интихоб гардид.

Ҳадафи маҳфили мазкур бевосита аз ҳамоҳангӣ ва ҳамкории гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» бо ҷавонони фаъоли Федератсияи Россия иборат мебошад.

Дар хотимаи сӯҳбат Аҳмадхӯҷа Давлатов бори дигар ба Ҳукумату ҷумҳурӣ ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» ба Федератсияи Россия изҳори миннатдорӣ намуд.

Мусоҳиби дигари мо – Ғуломов Меҳроҷ Нарзуллоевич, раиси Созмони ҷавонони Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав изҳор кард, ки ман ҳам мисли бархе аз  ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» бори аввал ба Федератсияи Россия сафар намуда, аз дидору мулоқотҳо бо ҳамватанон то боздид аз «Майдони Сурх» ва Маркази бозиҳои олимпӣ – шаҳри Сочӣ таассуроти хотирмон бардоштам.

Дар ин сафар бо бародарону хоҳарони ҳамватан доир ба дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ, тарғиби фарҳангӣ миллӣ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сӯҳбатҳои озоду самимӣ анҷом дода шуд.

Зимни сафар дар вилояти Твер аз мавқею манзалати ҳамватанон дар ин вилоят бениҳоят шод шудем. Ба мо маълум гардид, ки танҳо дар мақомоти қудратии ин вилоят дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва пурмасъул 15 ҳаммилати мо – тоҷикон адои вазифа менамоянд. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии русзабон ва дигар миллатҳои вилояти Твер эҳтиром хосаро қоиланд, зеро онҳо бо иттифоқию якдилӣ ва якмаромӣ дӯстию рафоқати мустаҳкам дошта, ҳамеша дастгиру мададгори ҳамдигаранд.

Ҳангоми дар шаҳри Сочи қарор доштан мо аз Баҳри Сиёҳ ва  «Красная поляна» дидан намудем ва ман ин мавзеи зебою нотакрорро, ки аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон зимни сохтмони он иштирок кардаанд, ба Тоҷикистони азизамон муқоиса намудам ва маро ҳолати аҷибе фаро гирифт. Зеро бо ин ҳама зебоии сунъӣ «Красная поляна» дар назди табиати худододи Ватани азизи мо ҳеҷ буд ва ман шеъри Устод Мирзо Турсунзодаро ба хотир овардам, ки гуфтааст:

Ватан дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,

Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.

Агарчи дар миён туфону мавҷи баҳрро буданд,

Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту!

Ҳамеша бо Ватан будам,

Ҳамеша бо Ватан масрур!

Мусоҳиб: Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.   

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3878298
ИмрӯзИмрӯз950
МоҳМоҳ28802
ХамагиХамаги3878298

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.