Ҳисобот дар назди аҳолӣ бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ

Ҳарчанд меҳвари фаъолияти мақомотҳои корҳои дохилиро мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, таъмини тартибот ва ошкорсозии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ташкил диҳад ҳам, пешгирӣ аз чунин зуҳурот самти афзалиятнок дар ВКД маҳсуб меёбад. Баргузории сӯҳбату мулоқот бо аҳолӣ, ҷалби шаҳрвандон ба ҳамкорӣ аз таъсиррасониҳои маърифатие мебошанд, ки милитсия баҳри расидан ба ҳадафҳои хизматӣ, яъне таъмини амнияту тартибот, ҳифзи суботу оромӣ, пойдории низоми боэътимоди волоияти қонун дар ҷомеа аз он истифода мебарад.

Бо ҳамин мақсад санаи 30 декабр дар толори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров вохӯрии ҳисоботии сардори шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров полковники милитсия Қосимзода Илҳом Обид бо фаъолони ноҳия доир гардид. Вохӯриро муовини раиси ноҳия Сатторзода Хуршед Ҳомид бо таъкиди дастурҳои роҳнамунсози Паёми санаи 22 декабр ироа гардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшида суханро ба Илҳом Қосимзода дод.

Бо ишора ба нуқтаҳои асосии Паём вобаста ба самти фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ба хатари глобалӣ табдил ёфтани терроризму экстремизм, сарчашмаи маблағгузории он муомилоти маводи мухаддир, афзоиши ҷиноятҳо дар ин самт, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистӣ-террористӣ, иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо ва ҳидоятҳои мақсадноки Пешвои миллат баҳри пешгирӣ аз ин зуҳурот Илҳом Қосимзода андешаронӣ намуд.

Нақши Президент дар эҳёи кишвари воҳиди тоҷикон, ташаккули давлатдории навин, таъмини сулҳу ваҳдат, фароҳамсозии зиндагии шоиста ва муҳимтар аз ҳама баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бениҳоят бузург аст. Пайки тозае, ки аз ташаббускории Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ далолат медиҳад ин бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалӣ «Об барои рушди устувор» мебошад, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст иброз намуд, И. Қосимзода.

Дар баробари таъкиди муҳтаво ва моҳияти Паёми Пешвои миллат ва истифода намудан аз дастурҳои дар он баён гашта, сардори ШВКД дар ноҳияи Б. Ғафуров таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба муаммоҳои дар минтақаи маъмурӣ ҷойдошта, аз ҷумла вазъи ҷинояткорӣ, хусусан бо иштироки ноболиғон, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, риоя нагаштани талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»,  оқибатҳои ташвишовари гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери террористӣ-экстремистӣ дошта, майли занону бонувон ба фарҳанги бегона ва дигар мавзӯъҳои доғи ҷомеа ҷалб намуд. Нишондиҳандаҳои милитсияи ноҳия вобаста ба самтҳои фаъолият бо овардани мисолҳои воқеӣ аз рафти тафтишоти пешакӣ ба маълумоти ҳозирин расонида шуд.

Давоми 11 моҳи соли сипаришаванда дар ҳудуди шаҳраку ҷамоатҳои ноҳияи Б.Ғафуров нисбат ба соли гузашта 42 ҷиноят кам ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар давраи ҳисоботӣ 17 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2015 ин нишондиҳанда 8 ҳолат кам гардидааст. Моро зарур аст боз ҳам корҳои тарғиботиро пурзӯр намуда, сокинони ноҳияро дар рӯҳияи солимию хайрандешӣ ташвиқ намоем, қайд гардид дар рафти вохӯрӣ.

Илова бар ин, фаҳмонидани мазмун ва мафҳуми экстремизм ва терроризм, таърихи пайдошавии ҷараёни дар қаламрави Тоҷикистон фаъолияташ мамнуъи «Салафия» омилҳои пайвастани ҳамватанони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва оқибатҳои манфии он аз мавзӯъҳое буданд, ки мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Танҳо дар муборизаи дастаҷамъона метавон ҷомеаро аз чунин зуҳурот ҳифз намуд, қайд намуд Қосимзода Илҳом.

Зимнан илова гардид, ки мақомоти милитсия дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ҳамкорӣ бо аҳолӣ ҳамеша омода аст. Иштироки шаҳрвандон ҳамчун қувваи пешбарандаи тартиботи ҳуқуқӣ ба манфиат хоҳад буд. Вохӯрии ҳисоботии сардорони шӯъбаҳои ВКД дар назди аҳолӣ ба ҳамин мақсад нигаронида шудааст.

Иштирокчиёни вохӯрии ҳисоботӣ баргузории чорабиниро хуш қабул намуданд ва баҳри салоҳи кор таклифу пешниҳодҳо намуда бо қаноатмандӣ аз фаъолияти милитсияи ноҳияи Б.Ғафуров изҳор доштанд, ки хизмати натиҷабахши ҳомиёни тартибот амнияту осудагии фазои кишварро поянда медорад, то ин, ки мардум осуда зиндагӣ ва кору фаъолият намоянд.

Акбар Шарифов, капитани милитсия.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3708174
ИмрӯзИмрӯз372
МоҳМоҳ16368
ХамагиХамаги3708174

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.