Ҷавонон созандагони Ватананд!

Имрӯз (30.12.с.2016), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъбасти фаъолияти кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» дар давоми соли 2016 баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар, мушовири  адлияи  ҷиноӣ  дар  Департаменти  давлатӣ,  Идораи  байналмилалии  зидди  маводи  мухаддир  ва  ҳифзи  тартиботи  ҳуқуқии  Сафорати  Амрико  дар  Тоҷикистон ҷаноби Джеймз  Берг , ҳамоҳангсози лоиҳаи «Ҳамкории милитсия ва ҷомеа» дар Тоҷикистон Манижа Тилавова, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Сейфворлд» (Дунёи бехатар) ва шаҳрвандони алоҳидае, ки бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкории фаъолона доранд, иштирок намуданд.

Сараввал муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба тамоми кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» барои ҳамкориҳои судманд дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки саҳми ҷавонон дар ҳамаи самтҳо ва пешгирии ҳукуқвайронкуниҳо назаррас мебошад.

Мавсуф изҳор дошт, ки ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз танҳо як мушкилоти ҷиддӣ, ин ҳам бошад шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фаро гирифтааст. Хушбахтона, дар соли 2016 шумораи ҷавонон ба ин гурӯҳҳо кам гардидааст, ки ин натиҷаи ҳамкориҳои самарабахши ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон карда шавад.

Боиси тазаккур аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар давоми соли 2016 дар якҷоягӣ бо кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» ва аҳли ҷомеа як қатор чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва варзиширо дар сатҳи зарурӣ доир намуда, нақши созгори онҳоро ҳамеша муҳим арзёбӣ мекунад.

Дар ҳақиқат ҷавонони даврони соҳибистиқлол, ҷавонони бонангу номус, бориз, далер ва шуҷои Ватан маҳсуб ёфта, бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ном бароварда, доимо дар сафи пеш қарор доранд. Ин иқдоми созанда бояд шиори хамешагии онҳо бошад.  

Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар дар идомаи суханронӣ аҳли толорро бо фарорасии Соли нави мелодӣ ва «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ самимона табрику муборакбод намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ва зиндагӣ барору комёбихои беназир таманно кард.


Сипас, бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ инчунин дар семинару конференсияҳои илмӣ- амалӣ вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ ва амалигардонии лоиҳаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 як қатор кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» ва шаҳрвандони алоҳида бо медал, Ифтихорнома, Раҳматнома, тӯҳфаҳои арзишманд ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз он ҷумла:

- бо медали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои ҳамкорӣ»:

- Джеймз  Берг  - мушовири  адлияи  ҷиноӣ  дар  Департаменти  давлатӣ,  Идораи  байналмилалии  зидди  маводи  мухаддир  ва  ҳифзи  тартиботи  ҳуқуқии  сафоратхонаи  Амрико  дар  Тоҷикистон;

- Муродзода Муҳсин Муқим- донишҷӯи курси 5-уми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон;

- Музаффаров Иззатулло Идибекович- магистранти Донишкадаи идоракунии давлатӣ назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

- бо маблағи пулӣ 400 (чорсад) сомонӣ:

- Рақамбекова Наҷиба Шогунбековна - донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи  аграрии  Тоҷикистон;

- Ғуломова Саёҳат Маҳмадхоновна - донишҷӯи курси 5-уми  Донишгоҳи  давлатии   шаҳри  Қурғонтеппа;

- Табарова Таманно Маҳкамовна - донишҷӯи  курси 3-юми  Донишкадаи   санъат   ба   номи   М.Турсунзода;

- бо «Ифтихорномаи фахрӣ»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-Шарофидинзодаи Исломиддин - донишҷӯи бахши 1-уми факултети технологияи инноватсионии ДТТ ба номи Академик М.Осимӣ;

-Қурбонов Шоҳин Баҳридинович - донишҷӯи бахши 4-уми факултети технологияи инноватсионии ДТТ ба номи Академик М.Осимӣ;

-Бурҳонов Шоҳҳусайн Абдуллоевич - донишҷӯи бахши 2-юми  факултети технологияи инноватсионии ДТТ ба номи Академик М.Осимӣ;

-Мусоев Озодбек Бердиназарович - донишҷӯи бахши 1-уми факултети технологияи инноватсионии ДТТ ба номи Академик М.Осимӣ;

-Синои Аслам - донишҷӯи бахши 1-уми  факултети технологияи  инноватсионии ДТТ ба номи Академик М.Осимӣ;

- бо «Сипоснома»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-Рабиев Давлаталӣ  Раҷабалиевич - донишҷӯи  курси 4-уми факултаи   иқтисодии   ДДОТ ба номи С. Айнӣ;

-Ҷурақулов  Маҳмасаид  Эгамбердиевич  - корманди ғайриштатии милитсия;

-Ҳикматов  Раҳмоналӣ  Толибович - корманди ғайриштатии милитсия ;

-Саидов Сироҷ  Эмомович – корманди  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон;

-Валиҷони  Акаҷон  -  корманди ғайриштатии милитсия.

Ҳамин тариқ, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ 126 нафар ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг», кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва шаҳрвандони алоҳида қадрдонӣ карда шуданд.

Дар чараёни чорабинӣ муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур оид ба саҳми ҷавонон дар рушду нумӯи кишвар ҳарф зада, қайд кард, ки истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон муқаддастарин неъмат мебошад ва ба ин дастовардҳои бебаҳои кишвар ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бояд шукргузорӣ намояд. Ҷавонони фаъоли Тоҷикистони азизро мебояд дар ин ҷода кӯшиш ба харҷ диҳанд, то Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ шуҳратёр гардонанд. 

Дар хотимаи чорабинии идона барномаи консертӣ бо иштироки гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» ва ансамбли «Сипар»-и ВКД доир гардид, ки фарогири суруду таронаҳои ватандӯстона ва муҳаббат ба модар, Ватан, ёру диёрро дар бар мегирифтанд.

Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова 

 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3785137
ИмрӯзИмрӯз379
МоҳМоҳ30152
ХамагиХамаги3785137

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.