Академияи ВКД зодаи даврони Истиқлол аст!

Дар ҷамъомади бошукӯҳе, ки дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД ба муносибати солгарди таъсисёбии ин муассисаи олии таълимии тахассусӣ баргузор гардид, роҳбарияти Вазоратҳои корҳои дохилӣ, фарҳанг, маориф ва илм, мактабҳои олии кишвар, ҳайати кормандону омӯзгорон, курсантону шунавандагон ва собиқадорони ин даргоҳи илму маърифат иштирок намуданд.

Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни баромади худ иброз намуд, ки боиси сарфарозист, ки ҳамаи мо дар чунин чорабинии идона иштирок дорем. Тавре мавсуф изҳор дошт, таҷлили солгарди Академияи ВКД хеле хотирмон мебошад, зеро новобаста ба он, ки чоряк аср на чандон таърихи тӯлонӣ дорад, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ин даргоҳи донишандӯзӣ дар ин муддати кӯтоҳ тавонистанд роҳи хеле дарози маърифатомӯзиро тай намоянд.

- Воқеан, Академияи ВКД имрӯз дорои базаи мустаҳками илмиву назариявӣ ва амалӣ буда, фаъолияти он таҳти назорати махсуси роҳбарияти Вазорат мебошад. Гузашта аз ин, дар муддати фаъолияти он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба - аввал соли 1996, ҳангоми дипломсупорӣ ба нахустин хатмкунандагон ва ба кори амалӣ фиристодани онҳо ва баъдан соли 2014, зимни иштироку суханронӣ дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди бинои асосии Академияи ВКД, ба ин макони муқаддас қадам ранҷа кардаанд, ки ҳамаи ин шаҳодати таваҷҷӯҳи зиёди Роҳбари давлат ба кори таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон мебошад, - иброз намуд Вазир.

Дар идомаи суханронии худ Рамазон Раҳимзода, ҳамчунин аз бандҳои алоҳидаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш ироа гардид, ёдовар шуда, онро ҳамчун дастурамал барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии соҳибистиқлоламон, аз ҷумла барои ҳар як нафар хизматчии мақомоти корҳои дохилӣ арзёбӣ намуд.

Дар интиҳои суханронии худ Вазири корҳои дохилӣ бори дигар иштирокчиёни чорабинии идонаро ба муносибати ин санаи хотирмон табрику муборакбод намуда, мужда расонд, ки тавре интизор меравад, дар соли 2017 бинои асосии Академияи ВКД, ки дар он тамоми шароити замонавии таҳсилу фаъолият муҳайё хоҳад буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Дар идомаи ҷамъомади мазкур вазири фарҳанг Орумбекзода Шамсиддин Шодибек, муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Имомзода Маҳмадюсуф ва дигарон суханрониҳо карданд.

Доктори илмҳои таърих, генерал-майори милитсия Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ, ки солҳои 2009-2013 сардори Академияи ВКД буду айни замон ба ҳайси раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, аз номи собиқ роҳбарони Академияи ВКД баромад намуд.

Дар фарҷоми қисмати аввали ин чорабинии бошукӯҳ бо фармони Вазири корҳои дохилӣ чанде аз кормандону омӯзгорони Академияи ВКД ва меҳмонон бо Ифтихорномаву медалҳои Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонида шуданд, ки дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо супорида шуданд. Дар умум, 103 нафар бо чунин нишонҳои сарисинагии ВКД мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин, масъулини Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар вазъияти тантанавӣ ба чанд нафар омӯзгорони Академияи ВКД нишонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тақдим намуданд. Инчунин, аз ҷониби Вазири фарҳанги кишвар Орумбекзода Ш.Ш. ҳамчун ҳадяи идона ба китобхонаи Академияи ВКД 100 нусха китобҳои тозанашр тӯҳфа карда шуд.

Собиқ сардори Академияи ВКД Розиқзода А.Ш. низ ҳамчун тӯҳфа ба ин муассисаи олии таълимии тахассусӣ 10 нусха китоби «Вазирони корҳои дохилӣ»-ро, ки ахиран бо забони англисӣ тарҷума шудааст, ҳадя кард.

Дар қисмати дуюми чорабинии идона барномаи ҳунариву фарҳангии кормандону курсантони Академияи ВКД пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.

Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои дар сатҳи баланд пешкаш гардонидани барномаи консертиву фарҳангӣ ба созмондиҳандагону иҷрокунандагони он гулбуни тару тозаро тақдим намуда, ба маҳорату ҳунари волои курсантону омӯзгорони Академия, ки дар рафти ин маҳфил намоиш дода шуд, баҳои баланд дод.

Умед Очилов 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3739257
ИмрӯзИмрӯз1262
МоҳМоҳ18959
ХамагиХамаги3739257

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.