Баромад

Суханронии  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳозирини муҳтарам, омӯзгорону шогирдон!

Ҳамкасбони азиз!

Имсол мардуми шарафманди тоҷик 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро бо қадршиносӣ аз соҳибихтиёрӣ ва шукргузорӣ аз бунёди давлатдории миллӣ таҷлил намуданд. Тантанаҳои ҷашнӣ дар тамоми вазорату кумита ва ташкилоту муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса доир гардиданд ва тантанаи имрӯза дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳост.                 

Яке аз рӯйдодҳои тоза ва фараҳбахшро дар оғоз қайд менамоям, ки қабул ва пазируфтани пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» ва табрикоти самимонаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Питер Томсон ва Пан Ги Мун ба унвони Сарвари давлати тоҷикон, боз як далели боло рафтани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ва сиёсати ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад.

Қабули ин иқдом аз ҷониби чунин як ташкилоти бонуфузи ҷаҳон на танҳо пирӯзӣ ва обрӯи Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин тамоми мардуми заҳматкаш, сарбаланд ва бонангу номуси кишварамон аст ва мову шумо бояд аз ин ифтихор намоем.

Имрӯз, ки ба хотири ҷашни таъсисёбии ин даргоҳи илму маърифат, ҷамъомади тантанавӣ доир гардидааст, бо истифода аз ин фурсати муносиб Шумо омӯзгорон, курсантону шунавандагон ва ҳозирини гиромиқадрро ба ифтихори 25-умин солгарди фаъолияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ табрик гуфта, бароятон сулҳу оромӣ, рӯзгори обод,  саломативу хушбахтӣ ва садоқату самимиятро орзу менамоям.

Имсол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олӣ ва ҳамватанон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи мамлакат, дар даврае баён гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд.

          Ҳозирини гиромӣ,

Якчанд нуктаҳои асосиеро, ки дар Паём зикр гардид, бомаврид медонам, ки ин ҷо таъкид намоям.

Вобаста ба пурзур намудани мубориза дар самти терроризму экстремизм, ки дар Паём садо дод, кормандони мақомоти корҳои дохилиро водор менамояд, ки фаъолиятро дар ин самт боз ҳам тақвият диҳанд.

Ҳамзамон ба мавқеи занон таваҷҷӯҳ намудани Пешвои миллат ва ҷалби бештари онҳо ба кору фаъолият дар мақомоти давлатӣ ин боз як далели ғамхорӣ ва дастгирии онҳо дар пешбурди мақом ва мавқеи занон дар ҷомеа мебошад.

Таваҷҷӯҳи хосаи Сарвари давлат ба таълиму тарбия ва мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, ба он боис гардид, ки соли 2017, дар ҷумҳурӣ Соли ҷавонон эълон гардад. Ин иқдоми нек ва ташаббуси наҷиб аз кулли ҷавонони кишвар талаб менамояд, ки дар партави сиёсати созанда ва бунёдгузори Президенти мамлакат баҳри пойдори суботу оромӣ, рушду инкишоф ва тараққиёти мамлакат дучанд меҳнат ва фаъолият намоянд.

Албатта, дар сатҳи баланди сиёсӣ ва дар фазои сулҳу субот баргузор гардидани чунин маъракаҳои сиёсӣ, аз ҳар фарди баору номуси ҷомеа, алалхусус мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар  масъулиятшиносӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватанро талаб менамояд. Воқеан, хизмат ба халқ ва давлату миллат масъулияти бузург мебошад. Бинобар ин аз ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ, махсусан курсантону шунавандагон, ки оянда ба фаъолияти мустақили касбӣ қадам мегузоранд, талаб менамоям, ки ҳамчун мутахассиси баландпоя ва ҷавобгӯи талаботи имрӯзи ҷомеа, ба касбу савганди хеш содиқ ва  баҳри таъмини қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша омода бошед.

Мехоҳам як нуқтаи хеле муҳимро таъкид намоям. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки ягона муассисаи олии таълимии кишвар дар самти тайёр кардани кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва соҳибтаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, таваҷҷӯҳи хоса доранд. Далели ин гуфтаҳо ду маротиба ташриф овардани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.

Аввалин маротиба Президенти мамлакат ҳанӯз соли 1996  ба муносибати нахустин хатми шунавандагони ин даргоҳи олии таълимӣ ба Академия ташриф оварда буданд. Маротибаи дуюм бошад, соли 2014 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гузоштани санги асос ба сохтмони бинои нави ба талаботи замони муосир ҷавобгӯи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда буданд. Ҷавобан ба таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи моро зарур аст, ки сарбаландона вазифаҳои хизматии худро иҷро намуда, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми малака, дониш ва ҳастии худро дареғ надорем.

Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки зодаи даврони истиқлолияти кишвар мебошад, дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ мушкилиҳои зиёдеро пушти сар намуда, роҳи пуршараферо тай карда, ба як маркази пурқуввати таълимӣ ва илмӣ табдил ёфтааст. Имрӯз ҳайати роҳбарикунанда ва қатории мақомот метавонанд аз таърихи пурифтихори ин муассисаи олии таълимӣ ва бахусус шахсиятҳои баруманде, ки дар аввали таъсисёбии ин даргоҳи низому маърифат истода буданд, ифтихор намояд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони Академия дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, монографияҳо ва китобҳои дастҷамъона ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, дар такмили қонунгузорӣ ва коркарди санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ ва пешниҳоди мулоҳизаву тавсияҳои муфид ба фаъолияти амалии мақомоти корҳои дохилӣ саҳми арзанда доранд.

Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ, ҳамазамон баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорон ва курсантон тамоми шароиту имкониятҳо ва китобу дастурҳои таълимӣ-методӣ муҳайё карда шуда, он таҳти назорати бевоситаи ман қарор дорад.

Бояд таъкид намоям, ки дар ин муассисаи таълимӣ ба фанҳои Ҳуқуқи ҷиноятӣ, Мурофиаи ҷиноятӣ, Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва Фаъолияти маъмурӣ диққати аввалиндараҷа дода шуда, ҳамкориро бо бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимии дохили кишвар, аз ҷумла Маркази таълимӣ, Коллеҷи милитсия ва кишварҳои хориҷӣ пеш аз ҳама бо Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар сатҳи баланди касбӣ бояд ба роҳ монд.

Ҳамзамон боиси сарфарозист, ки  ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҳама чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, варзишӣ, озмунҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок   намуда, соҳиби мақомҳои ифтихорӣ мегарданд.

Дастовардҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ  дар тамоми самтҳои фаъолият ва хусусан дар ҷодаи таълим ва тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон, дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, дифоъ аз ҳолатҳои фавқулодда ва идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз самараи он тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баҳра мебаранд, мавқеъ ва мақоми онро дар миёни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, бамаротиб боло бурдааст.  

Ҳозирини гиромӣ!

Албатта  Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, дар муддати 25-соли фаъолияти пурсамари хеш тавонистааст, ки ба дастовардҳои хело назаррас ноил гардад. Вале замони муосир аз ҳар фарди ҷомеа, алалхусус кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  Шумо омӯзгорони муҳтарам, дар самти тайёр намудани кадрҳои дорои ҷаҳонбинии мукаммал ва содиқу вафодори миллату давлат, хизмати аз ин ҳам бештарро тақозо дорад. Чунки то ба ҳол на ҳама имконияту неруӣ Академия  ба  пуррагӣ  истифода  гардидааст. 

Бинобар ин, роҳбарияти Академияро зарур аст, ки барои ба дараҷаи боз ҳам баландтар бардоштани сифати таълим, баланд бардоштани малакаи дониши курсантону шунавандагон ва ба меъёрҳои байналмиллалии ҷаҳони муосир мувофиқ сохтани ҷараёни таълим тамоми захираву имкониятҳоро истифода баранд. Имрӯз ба ҳамаи шумоён маълум аст, ки базаи моддӣ - техникӣ, маблағгузорӣ ва бо техникаи ҳозиразамону лабораторияҳои фаннӣ, таъмин намудани Академия беҳбудиро мехоҳад. Хушбахтона, масъалаҳои зикр гардида дар нақшаи Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ мавҷуд аст ва он рӯз дур нест, ки баробари ба анҷом расидани сохтмони бинои наву замонавии Академия  ин нақшаҳо албатта амалӣ мегарданд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2017 бо дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии Академияи нави Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода мешавад.

Дар анҷоми сухан бори дигар Шумо ҳозирини гиромӣ, омӯзгорону шогирдони ин даргоҳи низому маърифатро ба ифтихори таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо саломатӣ, рӯзгори осуда орзу намуда, дар корҳои илмӣ-педагогӣ ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно дорам.

Сарбаланду муваффақ бошед! Бори дигар ид муборак ҳамкасбони азиз!

                 Ташаккур ба диқататон

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3824538
ИмрӯзИмрӯз609
МоҳМоҳ24043
ХамагиХамаги3824538

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.