Милитсия ба ман номи нек ва обрӯ дод…

Аз рӯзгори собиқадори ВКД полковники милитсия Умаров Шариф Тулаганович

Меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба фаъолияти мақомоти милитсия дар синни 22-солагӣ ӯро ба ин ҷода оварда, аз корманди ҳайати қатори то ба рутбаи полковники милитсия расид.  Полковники мустаъфии милитсия Умаров Шариф Тулаганович сию се соли    ҳаёти пурбаракати худро дар сафи мақомот, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирию ошкорсозии ҷинояткорӣ сипарӣ намудааст. Маҳз самимияту садоқати ба ин касб дошта, ӯро маъруфу муваффақ гардонид ва аз милитсионери Хадамоти посбонӣ-пайроҳадорӣ то вазифаҳои роҳбарикунанда, сардори шӯъбаи милитсия камол ёфт.

Шариф Умаров 17-уми декабри соли 1951 дар деҳаи Қарчқуми шаҳри Конибодом, дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Ба вуқӯъ пайвастани як ҳодисаи сарироҳӣ дилбастагии мавсуфро ба милитсия ба вуҷуд овард ва талоши расидан ба орзӯи даврони наврасӣ, муҳаббат нисбати касб то охирин лаҳзаҳои мурод оромаш намегузошт.

«Ҳангоми мактабхонӣ ба ҳодисае рӯ ба рӯ гардидам, ки орзӯи корманди милитсия шуданро дар замирам ҷой намуд. Баъди аз дарс озод шудан мо як гурӯҳ талабагон шоҳиди садамаи нақлиётӣ гардидем. Нақлиёти сабукрав муаллимаамонро пахш ва аз ҷойи ҳодиса фирор намуд. Аз байни шоҳидон ман ягона нафаре будам, ки рақами автомашинаро дар хотир гирифта ба корманди милитсия - нозири минтақави Холбоев расонидам. Ҳушёрӣ ва хотираи қавӣ доштанамро тавсиф намуда, номбурда таъкид дошт, ки аз ман дар оянда милитсионери хуб мебарояд. Маҳз ҳамин баҳодиҳӣ ва сӯҳбати аввалин бо корманди милитсия, ки дар баробари симои ҷиддӣ доштан, хушмуомила ва либоси низомӣ ба ӯ хело мезебид, оташакеро дар дили ман ҷой дод» мегуяд Шариф Умаров.

Хизмати ҳарбиро давоми солҳои 1971-1973 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адо намуда ба зодгоҳ  бармегардад. Моҳи феврали соли 1974 тақдири ӯ ба милитсия пайваст. Аввалин вазифае, ки пайроҳаи соҳаро ба рӯяш боз намуд, ин милитсионери ротаи хадамоти посбони пайроҳадории Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ленинобод буд.  

Кор дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари ҳушёриву зиракӣ, саводнок ва соҳибмаълумот буданро талаб менамояд. Бо назардошти ҳамин унсур роҳбарияти ҳамонвақти ШКД шаҳри Ленинобод қобилияти Шарифи ҷавонро ба инобат гирифта, барои таҳсил ба Мактаби махсуси милитсияи шаҳри Душанбе мефиристанд. Соли 1978 баъди хатми ин муассисаи таълимӣ вазифаи ҳайати миёнаи роҳбарикунандаро ба старшинаи милитсия Умаров Ш. бовар намуда, бо сарфароз гардонидани рутбаи лейтенанти милитсия ӯро  сарнозири комендатураи махсуси №3 шаҳри Ленинобод, ки он замон дар тобеъияти ВКД буд, таъин менамоянд.        

Пайваста дар омӯзиш будан, сайқал додани савияи дониш ва маҳорати тахассусӣ шиори ҳамешагии зиндагиномаи қаҳрамони мост. Давоми солҳои 1982-1987 шӯъбаи ғоибонаи Мактаби олии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Тошкандро хатм ва заминаи касбияти худро бо гирифтани донишҳои соҳавӣ устувор намудааст.

Зимни иҷрои вазифа нишон додани фаъолияти бенуқсон, исботи маҳорати баланди кордонӣ, масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ дари вазифаҳои баланди мақомотро барои ӯ боз намуд. Соли 1980 сардори комендатураи махсуси шаҳри Қайроққум (ҳозира Гулистон), солҳои 1983-1989 сардори шӯъбачаи минтақавии милитсияи шаҳраки Адрасмони ШКД шаҳри Қайроққум, соли 1989-1992 муовини сардори ШКД ноҳияи Спитамен, солҳои 1992-1994 сардори шуъбачаи ШКҶ Раёсати корҳои дохилаи вилояти Ленинобод ва то соли 2002 дар вазифаҳои муовини сардор оид ба корҳои фаврӣ дар шаҳрҳои Конибодому Панҷакент ва ноҳияи Б.Ғафуров фаъолият карда, аз моҳи майи соли 2002 то баромадан ба нафақа моҳи феврали соли 2007 роҳбарии ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуровро ба ӯҳда дошт.

«То охирин нафас омодаам, ки дар сафи милитсия бошам» мегӯяд полковники мустаъфии милитсия Шариф Тулаганович. «Зеро мақомот ба ман номи нек ва обрӯ дод. Бо ҳамсафари ҳаётиам Маҳбуба, низ ҳангоми иҷрои вазифа шинос шуда, оила барпо намудем ва соҳиби се фарзанд гаштем».

Аснои фаъолият дар сафи милитсия борҳо бо Сипосномаву Ифтихорнома, ордену нишонҳои соҳавӣ меҳнати ӯро қадр кардаанд. Ду маротиба ба унвони «Аълочии милилитсия» сазовор гаштааст. Ҳангоми фаъолият дар ҳайати қаторӣ соҳиби нишони сарисинагии «Аълочии милитсия» ва дар давраҳои минбаъда меҳнати ин собиқадори корозмуда бо нишони «Барои хизматҳои аъло дар ВКД» қадршиносӣ шудааст, ки дар баробари дигар ордену медалҳо сари синаашро зеб медиҳанд. 

Полковники мустаъфии милитсия Умаров Ш.Т.,  аз он нафароне, ки дар камолоти касбии ӯ саҳм гирифта, дар ҷодаи пайроҳаи душвор ва пуршараф раҳнамоӣ намудаанд, миннатдор аст. Бо эҳтирому самимият номи нафаронеро ба забон меорад, ки ба ӯ ҳаққи устоди доранд. Қодир Хабилов, Абдуманон Ғозиев, Абдураҳим Қаҳҳоров, Муҳсин Муҳиддинов, Обид Қосимов аз зумраи онҳоянд.

Худ низ услуби устодонро идома дода ҳангоми ба ҳайси роҳбар будан таҷрибаи андухтаашро ба ҷавонон омӯзонидааст, ки онҳо имрӯзҳо дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомот сардорони ШВКД ва муовини сардори шӯъба фаъолият доранд. Полковникҳои милитсия Эмин Ҷалилзода, Зикриё Абдуазизов, Қосим Насимзода, Бахтиёр Аминҷонов, подполковникҳои милитсия Давлатов Ҷ.,  Ҳошимов Ф.,  Ҷумъаев Ҳ.  ва боз чандин нафари дигар аз шогирдонеанд, ки ҳамчун роҳбаладу роҳнамо нисбати мавсуф эҳтиром доранд.

Шоҳиди бесарусомонӣ ва ҷанги хунини шаҳрвандӣ будан дардноктарин хотирае мебошад, ки ҳеҷ аз ёд намеравад. Авҷи ҷинояту қонуншиканӣ, поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, марги ҳампешагон барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ лаҳзаҳои мушкилтарини таҷрибаи кориам мебошад, мегӯяд Шариф Тулаганович. Чаҳор маротиба -  ду дафъа дар соли 1992, соли 1993 ва соли 1995 ба ҳайси роҳбари гурӯҳ (командир) ба нуқоти даргири ҷанги шаҳрвандӣ ба минтақаи ноҳияҳои маркази ҷумҳурӣ сафар кардааст.

Новобаста аз вазнинии пеша пайвандони худро ба ин пайрохаи заҳматталаб раҳнамун сохтааст. Имрӯзҳо писари калониаш Зариф Умаров дар рутбаи подполковники милитсия, вазифаи муовини сардори ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ оид ба корҳои фавриро ба ӯҳда дошта, духтараш Матлуба Умарова сержанти калони милитсия дар бахши котиботи ШБДА РВКД дар вилояти Суғд идомадиҳандаи касби падар мебошанд.

Саҳифаи хотираи собиқадор пур аз ҳолатҳои ибратбашанд. Ҳангоми кушодани ҳар ҷинояти вазнин, ки ба ӯ ва зердастонаш даст медод, кайфияти хосае бардошта ғайраташ дучанд мегашт. Ҳамеша дар вақти ҳозир гардидан ба ҷойи ҳодиса ҳамачизро ба инобат гирифтан лозим, хурдтарин ашё ҳамчун ҷузъи таҳрикдиҳанда метавонад дар кушодани гиреҳи ҷиноят мусоидат намояд.

Номбурда ба ёд меорад, ки «дар шаҳри Конибодом баъди содир шудани ҷинояти одамкушӣ, ки се нафар аъзои як оиларо кушта ғорат карда буданд як сарпуши нушокии «Пепсикола» самти кории гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро муайян сохта ба боздошти ҷинояткор ноил намуд.  Он замон нушокии «Пепсикола» танҳо дар шаҳри Тошканд истеҳсол мешуд. Фарзияи аввалини мо санҷиш ва бозпурсии шахсоне буд, ки дар ҷумҳурии ҳамсоя истиқомат дошта бо оилаи ғоратшуда иртибот доштанд. Дар натиҷаи коргузорӣ дар ин самт гиреҳи ҷиноят кушода ва ҷинояткор дастгир гардид, ки дар шаҳри Тошканд истиқомат дошта, хонаи хоҳари худро ғорат, дар баробари куштани хоҳар ҳамчунин шавҳар ва фарзанди ноболиғи ӯро бо бераҳмии махсус ба ҳалокат расонида пули нақд, тилловорӣ ва дигар дороиро ба яғмо мебарад».

Ба ин монанд бисёр ҳодисаҳои воқеӣ аз таҷрибаи шахсии полковники мустаъфии милитсия Умаров Ш.Т., дар вохӯриҳо бо насли имрӯзи милитсия қисса карда мешавад. Мавсуф аъзои фаъоли Шӯрои созмони собиқадорон мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд аст. Дар чорабинию ҷамъомадҳои мақомот иштирок намуда дар тарбияи насли ҷавони соҳа саҳм мегирад.

Аз ғамхориҳои роҳбарияти ВКД ва раёсати он дар вилояти Суғд бархурдор буда, кӯмаку дастгириҳои моддиву маънавиро ба таври ҳамешагӣ нисбати худ эҳсос менамояд. Вохӯриҳои мунтазами Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки дар доираи сафарҳои корӣ ба минтақаи Суғд бо сибақадорон баргузор мегардад, ӯро хело рӯҳбаланд менамояд. Зеро ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ нишонаи он аст, ки мо нафақахӯронро ба гӯшаи фаромӯшӣ нагузоштаанд, таъкид медорад Шариф Умаров.

Бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ ташкили маҳфилҳои дидорбинӣ, бохабар шудан аз ҳолу аҳволи собиқадорон, расонидани кумакҳои пулӣ, тақдими роҳхат, ҷиҳати муолиҷаи санаторӣ аз иқдомоти роҳбари аввали мақомот аст, ки якчанд маротиба ӯ низ шарафёб гардидааст.

Дар арафаи 65-солагии рӯзи мавлудаш низ номаи табрикотии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия  Назарзода Шариф Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ дар ҳузури ҳампешагон ба ӯ расонида шуд.

Ба муносибати зодрӯзи собиқадори пуртаҷрибаю вафодор ба касб, Шӯрои созмони собиқадорони дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд фаъолиятбаранда вохӯрии Умаров Ш.Т.,  бо кормандони ҷавони шӯъбаҳое, ки замоне худи ӯ фаъолият дошт, ташкил ва баргузор намуда истодааст.

Кору амали нек ҷомаест, ки дар баробари мукаммал гардонии шахсият ба кас обрӯ мебахшад. Қаҳрамони мо низ бо амалу рафтори нек соҳибобрӯ гардидааст, ки ин ҳамаро ба фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ нисбат медиҳад.

Акбар Шарифов, капитани милитсия 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3871142
ИмрӯзИмрӯз412
МоҳМоҳ21646
ХамагиХамаги3871142

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.