Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз …

Академияи ВКД муассисаи таълимӣ-низомие мебошад, ки реҷаи махсуси дохилӣ дорад. Курсантони ин таълимгоҳ аз рӯзи аввали таҳсил бо фармони Вазири корҳои дохилӣ ба сафи кормандони ВКД дохил шуда, либоси низомӣ ба бар менамоянд. Пӯшидани либоси низомӣ талаботи махсуси худро дошта, он бояд тозаву озода, дарзмолкардашуда ва бо тамоми ҷузъиёташ пӯшида шавад. Дар баробари ин, бояд корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми пӯшидани либоси низомӣ намуди зоҳирии оинномавӣ дошта бошанд.

Бо назардошти ин гуфтаҳо, дар ҷаласаи нахустини падару модарони курсантони курси 4-уми факултети №2-и Академияи ВКД интизоми таълимӣ-хизматӣ ва давомоти курсантон муҳокима ва вазифаҳои минбаъда барои беҳтар намудани илмомӯзию рафтори донишомӯзон баррасӣ гардид.

Ҷаласаро сардори Академия, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ оғоз бахшида, изҳор намуд, ки бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонони кишвар ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пурзур намудани ҳамкории судманд байни волидайни курсантон ва масъулини Академия, роҳбарияти ин муассисаи олии таълимӣ тасмим гирифтааст, ки Шӯрои волидайни курсантонро ташкил намояд.

Мавсуф дар идомаи суханронӣ изҳор намуд, ки мақсади асосии мо таълиму тарбия, назорат ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани ҳомиёни ояндаи бонангу номуси миллат, инчунин дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва худогоҳиву миллатдӯстӣ тарбия намудани курсантон аст. «Пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бо шогирдон чун фарзандони хеш муносибат намоем ва ояндаи дурахшони онҳоро дар назар дошта бошем. Дар ин ҷода ба мо ёрии Шумо зарур аст».

Сардори факултети №2, полковники милитсия Алиҷон Ализода дар тақвияти суханони боло оид ба вазифа ва уҳдадориҳои волидайн муфассал баромад намуда, зикр сохт, ки дар асоси Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидон вазифадоранд, ки аз хонишу интизом ва ҳолу аҳволи фарзандаш доимо бохабар бошанд. Номбурда ҳамзамон афзуд, ки дар ҳолати риоя накардани талаботи қонуни мазкур қонунгузор ҷавобгариро муайян намудааст.

Дар идома сардори курси воҳиди таълимӣ-низомӣ  ва сардори қисми таълимии факултети №2 баромад намуда, андешаҳои хешро баён доштанд. Зикр карда шуд, ки дар давоми 4 соли хониш курсантон дар ҳаёти ҷамъиятии Академия фаъолона иштирок намуда, 464 мукофот ба даст оварданд.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва баланд бардоштани савияи дониши курсантон бо аҳли толор гуфтугӯи судманд ва ошкоро сурат гирифт.

Сипас, раис ва аъзои Шӯрои падару модарон аз ҳисоби волидайни курсантони курси 4 интихоб карда шуд. Бо пешниҳоди аҳли толор ва овози якдилонаи онҳо, раиси Шўро Салима Ҷобирова, аъзои Шӯро Муслима Хуҷамуродова,  Дилрабо Турсунова ва Шарифамоҳ Зарипова интихоб гардиданд.

Ҳамзамон, тибқи иҷрои нақша-чорабиниҳои асосии Академия ва нақшаи кории факултети №5 дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД низ бо иштироки 80 нафар волидон маҷлиси падару модарон гузаронида шуд. Вохӯрии волидони курсантони факултети №5 бо ихтисоси бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда бо ҳиссиёти пур аз меҳру муҳаббати волидон нисбат ба таълимдиҳандагон ва фаъолияти таълимии омӯзгорону ҳамкории онҳо бо волидайни курсантон сурат гирифт. Дар он роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академия, падару модарон ва хешу таборони наздики курсантон ширкати фаъолона намуданд.

Нахуст, сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Ф. Шарифзода Академияро макони омодакунандаи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи рӯз муаррифӣ карда, изҳор намуд, ки муассисаи мазкур тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар пешрафти таъмин ба кадрҳои баландихтисос дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар нақши фаъол дорад. Номбурда арзи эҳтироми худро ба роҳбарияти давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ВКД ҷиҳати дастгирию кӯмаки ҳамарӯзаашон ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас, муовини сардори Академия оид ба низом, полковники милитсия Алӣ Ҳалимов, сардори факултети №5, полковники милитсия Шомурод Ҳайдарзода ва сардори курс, капитани милитсия М. Сангов баромад карда, дар бораи дастовардҳои даврони истиқлол ва садоқати ватан андешаҳояшонро баён доштанд.

Муовини сардори Академия, полковники милитсия Алӣ Ҳалимов аз ҳамкориҳои судманди волидон бо омӯзгорону кормандони Академия ҳарф зада, ҳамаи ин ташаббусҳоро ба манфиати ҳар ду ҷониб арзёбӣ кард.

Ҳамчунин, зимни ин чорабинӣ падару модарони курсантони факултети №5 суханронӣ намуда, миннатдории хешро ба роҳбарияти давлат ва ВКД, инчунин ба сардори Академия ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандонашон, ки дар оянда мутахассисони ҷавобгӯи бозори меҳнат ба ҳисоб мераванд, расониданд.

Шомурод ҲАЙДАРЗОДА, Наврӯз ҶОБИРОВ 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3779210
ИмрӯзИмрӯз161
МоҳМоҳ24225
ХамагиХамаги3779210

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.