Вохӯрии судманд бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо аҳолӣ

Имрӯз (09.12.с.2016), дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, намояндагони корхона ва идораҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, маориф ва дин, аҳли ҷамоатчигии шаҳри мазкур ҷамъомади васеъ доир гардид.

Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода оғоз бахшида, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ ва аҳолӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки баҳри таъмини тинҷиву оромӣ ва осудагии мардум мақомоти корҳои дохилии кишвар саҳми босазо доранд.  

Дар ҷамъомад, сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор полковники милитсия Ҷамшед Шарифзода баромад намуда, дар бораи вазъи криминогенӣ дар ноҳия, мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, чораҳои андешидашудаи мақомоти милитсия дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич бо ҷомеа мухтасар маълумот дод.

Дар идомаи ҷаласа муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода суханронӣ карда, дар мавзӯҳои дастовардҳои замони Истиқлолият, садоқат ба Ватан, саҳм гузоштан дар пешрафту нумӯи кишвар, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ, нигоҳдории расму оинҳои миллӣ ва дурӣ ҷустан аз бегонапарастӣ ибрози назар намуд.

Қайд гардид, ки имрӯзҳо Тоҷикистон бо шарофати сулҳу амонӣ ба пешрафту дастовардҳои бузург ноил гардида истодааст. Дар замони Истиқлолият ҳадафҳои асосии сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти берун омадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъминоти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ зина ба зина амалӣ гашта истодаанд, ки ҳамаи ин иқдомҳо ҷиҳати некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.

Дар идомаи суханронӣ муовини Вазир афзуд, ки мо шоҳиди онем, ки дар ҷаҳони муосир кишварҳои зиёде гирифтори мухолифат ва низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва мухолифати байни миллатҳо гардида, инсоният ба марҳалаи нави муноқишаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ворид шуда истодааст.

Бинобар ин, имрӯз сокинони сайёра беш аз ҳарвақта ба сулҳу субот ниёз доранд. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи мутамаддин ҷонибдори сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон буда, терроризм, эктремизм ва дигар зуҳуроти номатлубро қатъиян маҳкум менамояд, чунки танҳо тавассути донишу фарҳанги миллии худ мо метавонем бо ҳама гуна хатару таҳдидҳои замони муосир мубориза барем.

Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси миллат мебошад.

Бинобар ин, мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, ваҳдати миллиро ҳамчун яке аз дастовардҳои бисёр нодир ва бузурги халқамон эҳтиёт кунем ва тамоми саъю талоши худро барои таҳкими он равона созем.

Мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша омода аст, бо мардум дар ҳамкории зич қарор дошта бошад. Бо ин мақсад дар Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он телефонҳои боварӣ ва «Хизмати Мадад» шабонарӯзӣ фаъолият доранд, ки ҳар як арзу шикояти мардумро воқеъбинона санҷида, қарорҳои қонунӣ бароварда мешавад.

Танҳо дар ҳамкорӣ метавон бо ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ, баҳри ояндаи неки фарзандон, пешрафту шукуфоии кишвар ва тинҷиву осудагӣ мубориза бурд, - афзуд дар хотима Солеҳзода Искандар.

Дар идомаи ҳамоиш намояндагони дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа баромад намуда, дар мавриди саҳм гузоштан дар ободию корҳои созандагии ноҳияи зебоманзари Ҳисор ва умуман кишвари азизамон -Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Аз мардуми шаҳри мазкур даъват ба амал оварда шуд, ки нисбати тақдири ҷавонон ва фарзандони худ бетараф набуда, дар таълиму тарбияи онҳо ва пешгирии амалҳои номатлуб саҳмгузор бошанд.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3736582
ИмрӯзИмрӯз61
МоҳМоҳ16284
ХамагиХамаги3736582

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.