ВМКБ: кормандони ДТММ - муҳофизони Ватананд!

Ҳамасола дар кишвар, 5-уми декабр иди касбии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсияи ВКД бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки дар замони истиқлолияти ҷумҳурӣ барои ин ниҳоди давлатӣ тамоми шароитҳои  лозимӣ фароҳам оварда шуда, онҳо дар таъмини сулҳу суботи мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ ҳиссаи сазовор доранд.

Кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсия дар РВКД дар ВМКБ низ ин санаи таърихиро дар сатҳи зарурӣ таҷлил намуданд.

Дар чорабинии тантанавӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсат, намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят иштирок намуданд.    

Чорабинии мазкур бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.     

Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Абдулваҳоб Искандарзода нахуст ҳамаи кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияро бо иди касбиашон самимона табрику таҳният намуда, зикр кард, ки кормандони даста душвортарин ва сангинтарин вазифаҳоро ба монанди мубориза бо терроризм, экстримизм, безараргардонии гурӯҳҳои ҷиноятӣ, бетартибиҳои оммавӣ бар дӯш дошта, дар оянда низ намунаи садоқат ба савганди ҳарбӣ ва хизмати фидокорона ба Ватан буда, дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун қарор доранд.   

Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар ВМКБ бо дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ бо бинои замонавии сеошёнаи муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳо, ҳамчунин утоқҳои корӣ, ошхона, ҷойи хоб, толори варзишӣ, ҳамом, маҷлисгоҳ ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ таъмин гардидаанд.

Ҷавобан ба ин кормандони ин ниҳод бояд аз худ масъулияти дучанд зоҳир намуда, баҳри халқу Ватан софдилонаю содиқона хизмат намоянд.

Дар идомаи чорабинӣ, командири ДТММ РВКД дар ин вилоят  Ҷумахон Шарипов аз фаъолияти ин ниҳоди пурқуввати давлатӣ ёдовар шуда, арз дошт, ки кормандони ин ниҳод  дар таъмини сулҳу суботи кишвар, волоияти қонун  ва амнияти миллӣ, пешгирии ҳар гуна ҷинояткорӣ ва дар безараргардонии гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар ҷумҳурӣ ҳиссаи сазовор доранд ва минбаъд ҳам  дар адои ин вазифаи мураккабу масъулиятнок, садоқатмандона хизмат хоҳанд кард.

Сипас сардори ШВКД дар ноҳияи Шуғнон подполковники милитсия Нозим Назархудозода вобаста ба иди касбии кормандони ДТММ  вилояти номбурда табрику таҳният намуда, қайд кард, ки ин родмардони шуҷои Ватан дар таъмини сулҳу субот, фазои ором ва волоияти қонун шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ҳамеша дар сафи пеш қарор доранд.

Ба  муносибати ин ҷашн кормандони Воҳидҳои таъиноти махсус, барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ ва хизмати содиқона дар таъмини муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, аз номи роҳбарияти Раёсат бо рутбаҳои навбатӣ, Раҳматнома, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.

Чорабинии идона бо гузашти низомии мутантани сафӣ ва дастархони идона анҷом ёфт.    

Далер Чоршанбиев

Маркази матбуоти РВКД дар ВМКБ

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3820568
ИмрӯзИмрӯз1101
МоҳМоҳ20073
ХамагиХамаги3820568

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.