ДТММ - пешоҳанги набардҳо

Имрӯз (05.12.с.2016), бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД дар қароргоҳи воҳиди махсуси мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Раёсат, сардорони хадамотҳо ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, собиқадорони ДТММ ва ҳайати шахсии даста иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон,  нахуст номаи табрикотии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба самъи ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи расонида, баъдан аз фаъолият ва дастовардҳои ин ниҳод ҳарф зад.

Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки ДТММ замоне таъсис ёфт, ки кулли ҷомеа ва Ватани маҳбуби моро фазои нооромиву бесарусомонӣ фаро гирифта буд. Бо назардошти вазъи ба амал омада ва бо мақсади барҳам задани ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ 5 декабри  соли 1995, «Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ва ба ҳайати он ҷавонони ҷасуру далер, чусту чолок ва рӯҳану ҷисман обутобёфта ҷалб карда шуданд.

Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар набарду муборизаҳои вазнин аз мактаби шуҷоату мардонагӣ ва имтиҳону озмоишҳои сангин гузашта, донишу маҳорат  ва  малакаи  касбӣ, шаклу усулҳои мухталифи кории худро такмил, бо техникаву тачҳизотҳои муосир таъмин ва имрӯз ба як ниҳоди боэътимоди таъминкунандаи амнияти кишварамон табдил ёфтааст.

Хизмати содиқона, шуҷоат ва иродаи мустаҳками аъзоёни Дастаи таъиноти махсуси милитсияи вилояти Суғдро Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти ВКД  ҳамеша қадр мекунанд. Намунаи олии он соли 2013 таъмиру азнавсозӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар вилояти Суғд мебошад, ки беҳтарин шароитҳо фароҳам гардидааст. Имрӯзҳо дар Дастаи таъиноти махсуси милитсия нафароне кору фаъолият доранд, ки дар ҳақиқат Ватан-Модар барояшон муқаддас ва ҳифзи амнияти сарзамин шиори зиндагиашон аст. Бо фароҳам гардидани шароити хуби корӣ сафи ҷавонони хоҳишманд афзуда, иқтидори кории ниҳодро ҷавонони рӯҳану ҷисман обутобёфта ташкил медиҳад.

Дар иртибот  ба ин санаи таърихӣ бо фармони Вазири корхои дохилӣ ва сардори РВКД дар ин вилоят кормандони фаъоли ДТММ бо Сипосномаву Ифтихорнома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Дар идомаи чорабинӣ маҳорати низомӣ, тактикиву ҷангии худро диловарони Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар амалиётҳои шартӣ ба ҳозирин намоиш доданд. Безараргардонии маводҳои тарканда, боздошти гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, озод кардани гаравгонҳо дар шароитҳои гуногун, муҳорибаҳои тан ба тан, дастовардҳои варзишӣ ва дигар самтҳои фаъолияти Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар саҳнаҳои махсуси шартӣ бо маҳорати баланд намоиш дода шуд.

Чорабинӣ бо гузашти низомӣ ва оростани дастархони идона ҷамъбаст гардид.

Муҳсин Юсупов, корманди РВКД дар вилояти Суғд

лейтенанти калони милитсия

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3821995
ИмрӯзИмрӯз1229
МоҳМоҳ21500
ХамагиХамаги3821995

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.