Таҷлили Рӯзи Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД

Имрӯз (05.12.с.2016), дар қароргоҳи Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи таъсисёбии ин ниҳоди бонуфузи мақомоти корҳои дохилӣ, бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии ВКД, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, собиқадорон ва меҳмонон бо тантана таҷлил карда шуд.

Нахуст, пас аз саломи ҳарбӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Чорабинии тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ифтитоҳ намуда, аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳайати шахсӣ ва собиқадорони Воҳидҳои таъиноти махсусро бо иди касбиашон табрику таҳният намуд.

Қайд гардид, ки ҳайати шахсии ин ниҳод аз даврони таъсисёбӣ то ба имрӯз дар таъмини суботу оромӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ хизматҳои арзанда намуда, ҷони худро дареғ надониста, ҷонфидоиҳо кардаанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар баромадҳо, аз ранҷу заҳмат ва корнамоиҳои ин ниҳоди бонуфуз дар таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор ёдовар гардиданд.

Гарчанде аз таъсиси Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ солҳои зиёде нагузаштааст, вале дар тӯли фаъолияташ собит намуд, ки кормандони он ҳамчун фарзандони содиқи ин сарзамин ҳамеша омодаанд барои ҳифзи ин Ватан ва сарзамини аҷдодӣ ҷони худро нисор созанд.

Дарки баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба давлату миллат буд, ки кормандони Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар муборизаҳои сангин дар минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок карда, аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон доданд.

Далерию мардонагии фарзандони ин сарзамин, кормандони Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ Зоиршо Қаландаров, Олег Захарченко, Муқимҷон Алиев, Фарух Зарипов, Зариф Саидов, Дмитрий Буриев, Олег Дудиев, Шералӣ Давлатов, Иброҳим Ҷӯраев, Бобобек Тиллоев, Ҷамшед Махсумов, Тоҳир Усмонов ва дигарон беҳтарин намунаи диловарию корнамоӣ ва садоқат ба Ватан мебошад, ки барои ҳимоя ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ҷони худро нисор кардаанд. Хотираи неки ин родмардони Ватан дар таърихи милитсия ва дар қалби ҳамкорону дӯстон ҷовидонӣ боқӣ хоҳад монд.

Сипас, барои пос доштани хотираи нафароне, ки ҳангоми адои хизмат баҳри Ватан ҷоннисорӣ кардаанд, лаҳзаи хомӯшӣ эълон гардид.  

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар идомаи суханрониаш зикр намуд, ки кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар тӯли солҳои сипаригардида, вазифаи худро содиқона ва софдилона ба ҷо оварда, дар лаҳзаҳои ҳасосу тақдирсоз аз душвортарин муқовимату санҷишҳо гузашта, ҷиҳати безарар гардонидани  дастаҳои мусаллаҳу ҷинояткор ва таъмини амнияти шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорати касбӣ, омодабошии ҷангӣ, тайёр намудани мутахассисон оид ба истифодаи техникаи махсус ва гузаронидани тамринҳо дар шароити кӯҳсор, дар мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, минтақаи Рашт ва ноҳияи Шаҳристон марказҳои таълимии саҳроӣ таъсис дода шудаанд, ки барои фаъолияти минбаъдаи кормандони воҳидҳои таъиноти боз ҳам мусоидат хоҳанд намуд.

Кормандони ин ниҳод барои мубориза бурдан бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, ошкорсозӣ ва безараргардонии ин гурӯҳҳо, иттиҳодияҳои ҷиноятии байналмилалӣ, бартараф намудани дигар ҷиноятҳои хавфнок ҳамеша омода буда, вазифаи худро софдилонаву содиқона баҳри таҳкими истиқлолият, осудагии кишвар ва баланд бардоштани обрӯву эътибори кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сарбаландона иҷро менамоянд.

Қайд намудан бомаврид аст, ки бо кӯмаку ғамхорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол таъминоти моддӣ-техникии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва шароити хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар мегардад.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар навбати худ барои кормандони ин ниҳод тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам меорад. Биноҳои замонавии Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон бо тамоми шароитҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.  

Боварии комил аст, ин родмардони Ватан ба савганди худ содиқ монда, ба миллату давлати худ эҳтиром мегузоранд ва барои таҳкими волоияти қонун, тартибу низом, оромию осудагӣ ва сулҳу субот, ҳифзи давлати соҳибистиқлол, демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон донишу малака ва маҳорати касбии худро дареғ намедоранд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби ҳайати шахсии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД машқҳои тактикӣ, ҷангҳои тан ба тан, худмуҳофизатӣ ва усулҳои гардонидани ҳуҷум намоиш дода шуда, он дар сатҳи баланди касбӣ иҷро гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои муносибати софдилонаю поквиҷдонона нисбати иҷрои вазифаҳои базиммадошта, хизмати содиқона ба Ватан - Модар ва заҳматҳои шабонарӯзӣ як қатор кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД бо рутбаҳои махсуси навбатӣ, нишони сарисинагӣ ва медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорномаю Раҳматнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, бо ин фармон ба оилаҳои кормандони фавтида ва маъюбон кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Дар охири чорабинии идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ва ансамбли «Сипар»-и ВКД консерти бошукӯҳ доир гардида, дастархони идона ороста шуд.

Х. Солиҳов, Р. Шукурова, Т. Латипов

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3739274
ИмрӯзИмрӯз1279
МоҳМоҳ18976
ХамагиХамаги3739274

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.