Ҷаласаи Комиссияи давлатӣ оид ба қабули «Шаҳри бехатар»

Имрӯз (02.12.с.2016), дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули Лоиҳаи низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» доир гардид, ки дар кори он Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва ширкати чинии «Ҳуавей технологияҳои Тоҷикистон» иштирок доштанд.

Иштирокчиёни ҷаласа нахуст аз Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД дидан намуда, аз фаъолияти камераҳои мушоҳидавии назорати ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ шинос гардиданд.  

Ҷаласаро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, оиди фаъолияти Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар», ки дар ҳамкорӣ бо ширкати чинии «Ҳуавей технологияҳои Тоҷикистон» бунёд гардидааст, мухтасар маълумот дода, диққати ҳозиринро ба баррасии баъзе паҳлуҳои лоиҳаи мазкур ҷалб намуд.

Дар идомаи чорабинӣ, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронии хеш оиди дида баромадани тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, техникӣ, ӯҳдадориҳои тарафҳои иштирокчии лоиҳаи мазкур ибрози назар намуд.

Сипас, аъзоёни Комиссияи давлатӣ баъди баррасии масъалаҳои дахлдор дар мавриди беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» баҳри амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ таклифу пешиҳодҳои худро ироа намуданд.

Қобили зикр аст, ки 22 декабри соли 2012 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «HUAWEI TEHNOLOGIES CO., LTD»-и Ҷумҳурии Халқии Чин Созишнома ҷиҳати таҳвили таҷҳизот барои лоиҳаи «Низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»» ба имзо расида буд.

Лоиҳаи «Шаҳри бехатар» аз қисматҳои гуногун, маркази идоракунӣ, маҷмааи электронии танзими ҳаракат дар роҳ (камераҳои мушоҳидавии политсияи электронӣ), маҷмааҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ (назоратбарӣ тариқи камераҳои назоратӣ), назорати иншоотҳои чароғакҳои роҳнамо ва ғайра иборат мебошад.

Рафти амалисозии лоиҳа дар ду марҳила тақсим шуда буд. Дар марҳилаи аввал сохтмони бинои Маркази идоракунии «Шаҳри бехатар» бо насби таҷҳизотҳои дар лоиҳа пешбинишуда ба итмом расонида, дар 20 чорроҳаҳои кӯчаҳои ба номи А. Дониш, С. Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ иншооти чароғаки роҳнамо ва маҷмааи мушоҳидавии политсияи электронӣ сохта шуданд. Инчунин, дар мавзеҳои «Боғи ба номи устод Рӯдакӣ», майдони ба номи «800-солагии Москва», Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ камераҳои даврзанандаи назоратию банаворгирӣ насб карда шуда, бо Маркази идоракунӣ пайваст карда шуданд.

Дар марҳилаи дуюм бошад дар 50 чорроҳаи шаҳри Душанбе иншоотҳои чароғаки роҳнамо ва политсияи электронӣ насб карда шуда, дар роҳҳои даромад ва баромади ба шаҳри Душанбе маҷмааи «Боздошт» сохта ба истифода дода шуд. Барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ зиёда аз 500 адад камераҳои мушоҳидавӣ-назоратӣ насб карда шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз рӯзи оғози фаъолияти Маркази «Шаҳри бехатар», яъне аз 01 ноябри соли 2013 то 30 ноябри соли 2016 аз қоидавайронкуниҳои тариқи камераҳои мушоҳидавӣ бақайдгирифташуда 465087 далелҳо баррасӣ гардида, дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бошад, 27691 ҳолати вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ ошкор карда шудаанд. Сабти наворҳои камераҳои назоратии Маркази «Шаҳри бехатар» дар ошкор ва кушодани зиёда аз 250 ҷиноятҳо мусоидат намуданд.      

Солиҳов Х., подполковники милитсия 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3824038
ИмрӯзИмрӯз109
МоҳМоҳ23543
ХамагиХамаги3824038

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.