ВМКБ: Осудагии Ватан мароми мост

Ба хотири пешгирии хатарҳои муосири ҷомеа ва зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризм ва экстримизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави ифротӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон вохӯрии роҳбарияти РВКД дар ВМКБ ва раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бо сокинон, халифаҳо, ҷавонон ва фаъолони ин ноҳия вохӯрии судманд баргузор гардид.

Вохӯриро Раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёзода ҳусни оғоз бахшид.

Дар идомаи вохӯрӣ сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Абдулваҳоб Искандарзода баромад намуда, зимни суханрониаш қайд кард, ки давлате, ки дар дохилаш тартибу низом нест, дар арсаи дунё давлат ҳисоб шуда наметавонад ва маҳз бо ҳамкорӣ бо аҳолӣ метавон сулҳу суботи кишварро таъмин намуда, пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлубро гирифт. Бамааврид аст суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки қайд намудаанд: «Давлати моро ба ғайр аз худи мо - тоҷикон ҳеҷ кас обод карда наметавонад».

Сардори Раёсат Абдулваҳоб Искандарзода инчунин дар робита ба ғамхориҳои пайвастаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мардуми ВМКБ зикр намуд, ки бо таваҷҷӯҳ ва ғамхории давлату ҳукумати кишвар дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон биноҳои нави замонавӣ ва муассисаи таълимӣ, инчунин дар деҳаи Барсеми ноҳия барои хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардида дар кӯҳтотарин вақт хонаҳои истиқоматӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳангоми мулоқот бо иштирокдорон сардори Раёсат оиди вазъи криминогении вилоят ва ноҳияи Шуғнон, ки нисфи зиёди ҳудуди он бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст, маълумот дода зикр кард, ки вазъияти сиёсии имрӯзаи ҷаҳон ягон кишварро бе таъсир намегузорад, дар ин самт ҳар яки мо бояд дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ бояд саҳмгузор бошем. Ин хатари замони муосир ба кулли ҷомеа таҳдид менамояд, аз ин рӯ аз волидон, масъулини муассисаҳои таълимӣ, намояндагони дин ва аҳли ҷамоатчигии дар толор ҳузурдошта даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамкориҳои худро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мустаҳкам намоянд. Фарзандони худро дар рӯҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ тарбия намоянд ва нагузоранд, ки ба вазъи тинҷиву осоиштагии Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид гардад. Ҳамчунин, дар масъалаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои худсарона ва ғайриқонунӣ сиёҳкардашуда, бе иҷозатномаи махсуси БДА, автомашинаҳои бе рақами қайди давлатӣ ва рақамҳои бегона, мусодираи яроқу аслиҳа, маводи мухаддир ва пешгирии дигар ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон ибрози назар карда шуд.

Дар вохӯрӣ, инчунин сардори раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Нусратулло Мирзоев дар мавзӯҳои мубориза бо гурӯҳҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҷавонони ноогоҳ бештар ба ин амалҳои зишт даст мезананд, ибрози андеша намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ намояндагони ҷамоатҳои Поршнев ва водии Ғунди ноҳияи Шуғнон барои сардорон Раёсатҳо пешниҳодот ва ҳамчунин сипоси хешро барои чунин сӯҳбати озод баён дошта, изҳор намуданд, ки минбаъд низ саҳми худро дар дастгирию тарбияи ҷавонон ҳатман хоҳанд гузошт.

Баргузории чунин вохӯриҳои судманд, бахусус дар қисматҳои сарҳадии ноҳияҳои вилоят аз манфиат холӣ набуда, барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои мухолиф мусоидат мекунанд.

Далер  Чоршанбиев, Маркази  матбуоти  РВКД  дар  ВМКБ

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3820572
ИмрӯзИмрӯз1105
МоҳМоҳ20077
ХамагиХамаги3820572

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.