Пешвои миллат, Истиқлолият ва милитсияи тоҷик

Бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Истиқлолият беҳтарин арзишест, ки ҳастии халқу миллатро ифода намуда, орзуву омоли ватандориро дар худ таҷассум мекунад. Саҳифаҳои таърих гувоҳ аст, ки Истиқлолият ҳар давлатро ба осонӣ муяссар намегардад. Ватани ҷоноҷони мо Тоҷикистон низ то расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ монеаву мушкилиҳои зиёдеро паси сар кард, вале хиради азалии тоҷикона ва ақлу иродаи созандаи фарзанди бонангу номуси миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Асосгузори Тоҷикистони мустақил Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки дар Тоҷикистон ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву оромӣ ва ҳамдиливу хушбахтӣ оқибат тантана кунад.

Саҳми сохтору мақомотҳои давлатӣ аз ҷумла мақомоти Вазорати  корҳои дохилӣ зери роҳбарии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва Истиқлолияти комили  Тоҷикистони ҷавон хеле назаррас аст. Чун 16-уми ноябр «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эътироф шудааст, мехоҳем саҳифаҳои таърихӣ ва дастовардҳои мақомоти милитсияро дар даврони Истиқлолият, ки дар асоси дастгириву ғамхориҳои беназири Сарвари давлат рӯи даст омадааст, варақгардон кунем.

Дар таҳкими сулҳ ва устувории пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи тартиботу оромии ҷомеа, ки имрӯзҳо ҷомеаи гуногунмиллати Тоҷикистон зиндагии осударо соҳиб аст кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нақши арзанда доранд. Дар ин муддат кормандони мақомоти милитсия ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз худ намунаи баланди ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ҳамқадам, муҳофиз, мубориз ва сипари боэътимоди Истиқлолият ва халқи кишвар будани худро исбот намуданд. Баҳои воқеии ин гуфтаҳоро мо аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дармеёбем, ки гуфтаанд «Кормандони далеру шуҷои милитсияи тоҷик дар ин давра аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштанд ва исбот карданд, ки онҳо воқеан ҳомии боэътимоди манфиатҳои давлат ва муҳофизони оромиву суботи ҷомеа мебошанд».                                                                        

Таваҷҷӯҳи хоса ва баҳои мусбати Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусалаҳи мамлакат нисбат ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун қувваи нерӯдиҳанда масъулияти кормандони милитсияро даҳчанд баланд мебардорад. Кормандони милитсия ҷавобан ба чунин эътимод ба Савганди худ содиқ монда, дар муқобили ҳамагуна зуҳуроти ҷиноӣ дар сафи пеши мубориза меистанд, то ин ки ба боварии мардум сазовор шаванд.

Баъди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ба як мақомоти комилан миллӣ табдил ёфта масъулияташ боз афзун гашт. Вазорати корҳои дохилӣ бо таъсиси сохторҳои мустақили худ фазои мусоиди ҳаёти арзандаро баҳри сокинон ба вуҷуд овард. Акнун назди ин ниҳод дар баробари пешгирӣ ва ошкорсозии ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва даҳҳо дигар уҳдадориҳои соҳавӣ, вазифаҳои пуршараф - ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, шарафу обрӯи давлату миллат ва дастовардҳои даврони Истиқлолият меистад. Бо гузашти солҳо шароити хизматрасонӣ ва савияи донишу малакаи касбии кормандони милитсия афзуда, фаъолияти ин ниҳод густурда ва мавқею мақоми он дар ҷамъият то рафт боло меравад. Ин ҳама нишонаи заҳмату ранҷи шабонарӯзии милитсия аст.

Дар 25 соли истиқлолият анъанаҳои хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ташаккул ёфта, милитсияи тоҷик он рисолатеро, ки бар дӯш дошту дорад сарбаландона иҷро менамояд. Имрӯзҳо дастовардҳои муҳиму беназири давлатро ба мисли Истиқлолият, Ваҳдат ва Сулҳ бе саҳми милитсия наметавон тасаввур кард.

Роҳи тайнамудаи милитсияи тоҷик дар давраи 25 соли соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолӣ ин тақдири ҳазорон нафар фарзандони шуҷои сарзамин аст, ки сарнавишташонро ба милитсия пайваста ба хотири ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини тартибот ва суботи ҷомеа, пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бар зидди он ва муҳимтар аз ҳама ҳимояи сохти конститутсионии Ватани маҳбуб Тоҷикистон ҷонбозиҳо карда, баҳри иҷрои уҳдадориҳои пешаи пурифтихору обрӯманд - милитсия ҷони хешро қурбон кардаанд.

          Аз рӯзҳои аввали эълон гардидани Истиқлолияти давлати дар кишвари ҷавони мо ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ доираи васеи вазифаҳо: таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти ҷомеа, оромию суботи кишвар, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, моликияти давлат ва шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии он, тафтиш ва таҳқиқи ҷиноят ва кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, назорати низоми шиносномавӣ ва бақайдгирии шаҳрвандон, таъмини қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар уҳдадориҳои хизматӣ вогузор гардидааст. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки имрӯзҳо албатта ин мақомоти бонуфузи кишвар аз уҳдаи иҷрои рисолати пурифтихори бардӯшдоштааш бошарафона баромада истода, заҳмате, ки кормандони милитсия дар роҳи фаъолияти хеш мекашанд, воқеан душвор аст, вале барои садоқат ба Савганд, Пешвои миллат, Ватан ва ҳимояи мардуми кишвар, аз корманди қаторӣ то афсари баландрутбаи милитсия мардонавор камари ҳиммат бастаанд.

          Фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва Истиқлолияти давлатӣ бо ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд. 25 соли таърихӣ, 25 соли созандагиву ободкорӣ, 25 соле, ки мардуми сарбаланди тоҷик давлати миллии худро, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё намуда дар харитаи ҷаҳонӣ сабт намуд, мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун такягоҳу сипар, ва муҳофизатгари боэътимоди ин давлат, ки ӯро ном Тоҷикистон аст, табдил ёфт.

Таи чанд соли охир аз баракати Истиқлолият ва сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат тамоми сарзамини мо аз дурдасттарин музофотҳо то шаҳру шаҳракҳо ободу зебо гардида истодаанд. Аз чунин созандагиву бунёдкориҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ  ки ҳатто таърих собиқа надорад, Вазорати корҳои дохилӣ ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷумла вилояти Суғд низ бархӯрдоранд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ бо иншоотҳои замонавӣ ва таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ мунтазам таҳким бахшида мешавад. Дар асоси ҳидоятҳои наҷибу хирадмандонаи Президенти кишвар роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Точикистон ва Раёсати он дар вилояти Суғд низ ба масъалаи ободонии биноҳои маъмурии хизматӣ, муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо таҷҳизоти муосири корӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии кормандон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.  Албата чунин тадбирҷӯӣ дар фаъолияти хизматӣ бетаъсир нахоҳад монд.

Бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон Вазорати корҳои дохилӣ дар 25 соли даврони соҳибистиқлолӣ ба сохтори муҳим табдил ёфта, дорои базаи мустаҳками кадрӣ, таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, бинову иншоотҳои замонавӣ ва кормандони аз лиҳози донишу маҳорат ва малакаи касбӣ пешрафта гардид.

          Давоми 5 соли охир даҳҳо биноҳои маъмурии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз нав бунёд ва таъмиру тармим гардида, иншооти хадамоту бахшҳои алоҳидаи мақомот аз нав сохта ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла якчанд аз ин иншоотҳо бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сарвари давлат ҳангоми ба истифода додани бинову иншоотҳои маъмурии милитсия дар минтақаи Суғд: «Қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия» дар соли 2013, «Қисми низомии 3501»-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Хуҷанд ва дар мавзеи хушманзари истироҳатии «Обшорон»-и ноҳияи Шаҳристон барои кормандони милитсия иншооти наву замонавӣ - «Маркази таълими-фароғатии ВКД» дар соли 2015 шахсан ширкат намуданд, ки ин аз таваҷҷӯҳи хосаи Президенти кишвар ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодат медиҳад.

Иншоотҳои мазкур бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, беҳтарин шароити хизматӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар соли 2012 ба тасвиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1291 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» намунаи олии таваҷҷӯҳу ғамхориро нисбат ба милитсия нишон медиҳад, ки таъмину иҷроиши фармони мазкур аз тарафи мақомотҳои маҳалллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо воҳидҳои махсуси ВКД таъмин гардидааст. Чунин иқдомҳои созанда, ки ҳама аз файзу баракати Истиқлолият ба милитсия насиб гаштааст ҳамасола бештар ба назар мерасад. Мисоли воқеии он соли равон бо дастгирии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бинои маъмурии Раёсати Вазорат дар вилояти Суғд аз таъмири пурра бароварда шуда, шароити беҳтарини кору фаъолият ба ҳомиёни тартибот  фароҳам оварда шуд.

          Беҳсозии шароити хизмат мусоидат ба пешрафти кори милитсияи Суғд гардид. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани фаъолияти оперативӣ-хизматӣ мақомоти корҳои дохилии вилоят бо роҳбарии генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба натиҷаҳои баландӣ хизматӣ ноил гардид. Маҳз фароҳам овардани шароити корӣ боис гардидааст, ки тайи 5 соли охир дар самти бақайдгирии ҷиноятҳо натиҷаҳои мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд беҳтар гардида, фоизи кушодашавии ҷиноятҳо сол ба сол сатҳи болоравӣ дорад. Таъмини ошкорсозии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини изтиробангези таъсири васеъи ҷамъиятидошта, кушторҳои бераҳмона, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, безараргардонии гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ҷиноятҳо муқобили амнияти давлатӣ, боздошти ашхоси нашъаҷаллоб, мусодираи яроқу аслиҳа ва даҳҳо дигар намуд ҷиноятҳо, ки милитсияи Суғд ошкор намудааст ва тавассути гузоришу барномаҳои махсуси телевизионии Маркази матбуоти Раёсат ба аҳолӣ манзур кардааст пеш аз ҳама бозгӯи маҳорату  истеъдоди касбӣ ва тарзи дурусти коргузориро дар ин ниҳод нишон медиҳад.

          Замони имрӯз, ки ҷаҳонро хатари терроризму экстремизм фаро гирифтааст, мутассифона таъсири манфии он ба Ватани мо низ расидааст. Фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят дар ин самт низ натиҷабахш арзёбӣ мешавад. Бо ҷасорати кормандони бахшҳои оперативии милитсияи Суғд аъмоли зишт ва мақсадҳои ғаразноки тоифаи гумроҳзадагони зархарид ошкор ва безарар гардонида шудааст. Аҳолии минтақа бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки ҳомиёни онҳо дигар намегузоранд, ки ҳаёти осоишта ва Ваҳдату суботи пойдор халал ёбад, зеро бехатарии онҳо дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон таъмин аст. Афзудани эътимоди мардум ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон дар симои милитсия, ҳимоятгари худ ва таъминкунандаи суботу оромиро дида ба ин ниҳод бовар мекунанд.   

        Дар даврони соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ ба тавсиб расидани Фармони махсуси Пешвои миллат Эмомали Раҳмон аз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва дар ин заминақабули барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» ва «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016»; ворид намудани тағйироту иловаҳо ба «Кодекси оила» - санадҳои муҳими хирадмандонаи Президенти мамлакат баҳри тақвият бахшидани мақоми зан дар ҷомеа, беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии оила, иштироки фаъолонаи занон дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занон ва духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон маҳсуб мегардад.

       Имрӯзҳо дар сафи мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд баробари мардон фаъолияти бонувони матинирода низ ба назар мерасад, ки бори вазнини ин касби пурифтихорро бар дӯш доранд. Соли равон бори аввал дар таърихи милитсияи Суғд милитсионерзанҳо дар тантанаҳои 25 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо гузашти низомӣ дар ҳузури Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва садҳо нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар паради ҳарбӣ иштирок намуданд, ки мояи ифтихор ва боз яке аз дастовардҳои милитсия дар даврони Истиқлолият маҳсуб меёбад.

           Шукри Истиқлолияти комили Тоҷикистон, ки дар Ватани азизи мо сулҳу ваҳдат, тинҷиву оромӣ ва амнияту субот ҳукмфармо мебошад, ки имрӯзҳо хоҳишмандони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ кору фаъолият намоянд ва тибқи омори милитсияи Суғд ин шумора рӯз аз рӯз ба маротиб афзуда истодааст. Муроҷиати шаҳрвандон дар рӯзҳои қабули роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд аз он дарак медиҳад. Гуфта мешавад, ки ҳар ҳафта аз 10 то 15 нафар ҷавони хоҳишманд муроҷиаташ ба ҳамин самт вобастагӣ дорад. Дархости он нафароне, ки барои кор дар сафи милитсия мутобиқат мекунанд, албатта қонеъ гардонида мешавад.   

          Лозим ба қайд аст, ки нерӯи кории мақомотро асосан ҷавонони рӯҳану ҷисман обутобёфта, матиниродавӯ ватандӯст ташкил медиҳад. Доштани донишҳои тахассусӣ, маълумотҳои дахлдори соҳавӣ онҳоро дар ин ҷода муваффақ кардааст. Новобаста аз ин бо иқдоми роҳбарияти ВКД такмили ихтисос ва донишомӯзӣ сармашқи кори ҳаряки онҳост. Баргузории семинарҳои омӯзишӣ, конфронсҳои илмӣ - амалӣ, ҷалби олимону коршиносон дар машғулиятҳо низ бо ҳамин мақсад равона гардидааст.

      Саҳми собиқадарони мақомот дар раҳнамоӣ ва камолоти касбии кормандони ҷавон хело назаррас аст. Таҷрибаи собиқадорон фаъолияти милитсияро боз ҳам пешрафта мегардонад. Дар ҳама чорабиниҳое, ки мақомоти милитсия баргузор менамоянд, онҳо иштирок намуда дастурдиҳандаи ҷавононанд. Рӯзи мавлуд, аёдат ва ёдбуди собиқадорон дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардида аз корнамоиҳои онҳо ҳамеша ба насли ҷавони милитсия маълумот дода мешавад, ки ин ҳама қадрдониҳо собиқадорони соҳаро рӯҳбаланд менамояд.

          Ҳамкории зичи милитсия бо ҷомеа яке аз иқдомҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар ва ВКД мебошад, ки боиси пешгириву ошкорнамоии ҷиноятҳои гуногун мегардад. Бидуни равобити ин ду ҷониб таъмини рӯзгори осоиштаву бомароми ҷомеа ғайриимкон аст. Яке аз принсипҳои фаъолияти милитсияи тоҷик дар даврони Истиқлолият, ки таҷрибаи корӣ ҷиҳати мусбати онро нишон додааст ин алоқамандӣ бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мебошад. Қабули Барномаву Стратегияҳои давлатии ислоҳоти милитсия, ки дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд, бо ҳамин мақсад равона карда шудааст.

       Имрӯзҳо ҷидду ҷаҳд ва саъю кӯшиши мақомоти корҳои дохилии кишвар ба он равона гардидааст, ки ҳифзи тартиботи чамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар сатҳи баланд таъмин гардида, субботу оромӣ дар кишвар пойдор ва кафили пешравӣ ва рушду инкишофи Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад.

          Дар 25 соли даврони Истиқлолият намунаи баланди ҷасорату мардонагии кормандони милитсияро борҳо дидаему шунидаем. Заҳмату ранҷи шабонарӯзии кормандони милитсия - ҳомиёнии ҳуқуқу озодӣ ва муҳофизону муборизони Ватан барҳақ лоиқи таҳсин мебошад.

Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ кормандони милитсия ҳамеша пайрави корномаҳои фидоии миллати хеш -  Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳомиву пуштибон, ҳамқадам, мададгор, муҳофиз ва сипари боэътимоди халқу миллат ва Истиқлолияти Тоҷикистон будани худро исбот намудаанд. 

Муҳсин Юсупов, корманди Шуъбаи нозиротӣ-ташкилии  РВКД дар вилояти Суғд, лейтенанти калони милитсия 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3874713
ИмрӯзИмрӯз287
МоҳМоҳ25217
ХамагиХамаги3874713

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.