|
Имрӯз (10.11.2016) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба истифода доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии бунёдшуда, моҳи июни соли 2013 оғоз гардида, имрӯз он бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Барои бунёди хонаи истиқоматӣ, ки дар маҷмуъ аз 40 хона иборат аст, 8 миллиону 330 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Масоҳати умумии майдони иншоот 3 ҳазору 362 метри мураббаъ буда, он аз хонаҳои аз 1 ва 2 ҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ ва пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2 - и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба чанд оилаи хуштолеъи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва оилаҳои кормандони ҳангоми адои вазифа ҳалокгардида калиди хонаҳоро тақдим карданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як бинои нави истиқоматӣ санги асос гузошта, ба корҳои сохтмонӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Сарвари давлат барои бо тарҳи замонавӣ ва ҷавбгӯ ба талабот бунёд кардани бинои нави истиқоматӣ ба сохтмончиён дастуру супоришҳо доданд.
Баъди гузоштани санги асос дар вазъияти тантанавӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани рутбаҳои махсуси генерал - майори милитсия барои хизматҳои содиқона аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба чор нафар аз роҳбарияти мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ин рутбаҳо супорида шуданд. Ба рутбаҳои махсуси навбатии генерал - майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, Қунғуротзода Фотеҳ ва Мирализода Рустам Азиз сарфароз гардиданд.
Зимни суҳбати самимӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амният ҳидоят намуданд.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола барои беҳдошти шароити иҷтимоии оилаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва бо манзили зист таъмин кардани онҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо манзилҳои хуштарҳу замонавии истиқоматӣ бунёду ба истифода дода шудааст. Баҳри таъмини шароити мусоиди кору хизмат бошад, аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар идораҳои маъмурӣ, омӯзишгоҳҳо, майдонҳои муосири машқу тамрин бо тамоми таҷҳизоти низомию варзишӣ, ҳамчунин осоишгоҳҳои замонавӣ бунёд шудааст, ки кормандон аз он ба таври васеъ истифода мебаранд.
Ифтитоҳи ин манзилҳои истиқоматӣ низ идомаи мантиқии сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои коргарони мақомот пешкаш гардид.
![]() | Имрӯз | 133 |
![]() | Моҳ | 26471 |
![]() | Хамаги | 3875967 |
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.