Ҷашни «Рӯзи милитсия» дар ВМКБ

Рӯзи 8-уми ноябри соли 2016, кормандони РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иди касбии хеш «Рӯзи милитсия»-ро ботантана ҷашн гирифтанд.

Ба ин муносибат кормандони Раёсати мазкурро муовини раиси ин вилоят Тоҷиддин Назришоев, инчунин дигар намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят табрику таҳният намуда, ба онҳо дар фаъолияти ҳамарӯзаашон бурдбориҳои беназирро таманно карданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ сардори РВКД дар вилояти мазкур полковники милитсия Искандарзода А.М. баромад намуда, зикр кард, ки кормандони милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу суботи ҷомеа, ҳангоми доир гардидани чорабиниҳои муҳими сиёсию давлатӣ баҳри таҳкими волоияти қонун ва амнияти шаҳрвандон шабонарӯзӣ хизмат намуда, бо масъулияти дучанд ва арҷгузорӣ ба Савганди худ содиқона хизмат менамоянд. Бешак, вазифаи ҳар як корманди милитсия аз он иборат аст, ки дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар сафи пеш қарор дошта, бо корнамоию диловарӣ шуҳратёр гарданд.                            

                     

Сипас, мудири бахши маъмурии мақомоти ҳокимяти давлатии вилоят Пулод Зуҳурбеков суханронӣ намуда, аз таърихи милитсияи тоҷик ёдовар гардид. Ӯ қайд кард, ки кормандони милитсия дар пойдории сулҳу амнияти шаҳрвандон, саҳми арзанда дошта, ҳамеша ба савганди худ содиқ хоҳанд монд. Маҳз кору пайкор, ҷасорату шуҷоат, далериву мардонагии нахустин кормандони милитсия, ки аз худ қаҳрамонӣ нишон дода ҳангоми ифои вазифаҳои хизматӣ баҳри халқу Ватан ҷоннисорӣ кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо зудуда намешавад ва номи онҳо ҳамеша дар қалбҳо хоҳад монд.

Ҳамчунин дар идомаи чорабинӣ муовини аввали  прокурори ВМКБ Зоҳирзода Икром  аз фаъолияти кормандони милитсия ёдовар шуда, қайд кард, ки кормандони милитсия дар пойдории сохти конститутсионии кишварамон баҳри оромӣ ва сулҳу суботи кишвар саҳми арзанда доранд. 

Ба ифтихори «Рӯзи милитсия» кормандоне, ки дар фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, аз номи Вазири корҳои дохилӣ ва сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода А. М. бо Ифтихорнома, Сипоснома, рутбаҳои навбатии махсус, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин бахшида ба ҷашни таъсисёбии «Рӯзи милитсия» дар РВКД дар ВМКБ мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футболи хурд, волейбол байни занони мақомоти корҳои дохилӣ барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуда буд, ғолибон бо медал ва Ифтихорнмаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ кормандони милитсияе, ки нав ба мақомоти корҳои дохилӣ қабул гардидаанд,  барои садоқат ба Ватан, ҳифзи сулҳу оромӣ, амнияти шаҳрвандон, савганди ҳарбиро ботантана ёд намуданд.

Илова ба ин, ба хонаводаи кормандоне, ки дар вақти адои  вазифаи хизматӣ ҷоннисорӣ кардаанд ва ба собиқадорони милитсия аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Сипас бо супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба оилаи собиқ корманди милитсия Илҳом Шогунбеков, ки номбурда ҳангоми расонидани кӯмак ба зарардидагони офати табии заминларза дар водии  Бартанги ноҳияи Рушон ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ  ҳалок гардида буд, манзили истиқоматӣ тақдим гардид. 

Дар охири чорабинӣ аз тарафи кормандони воҳидҳои таъиноти махсуси милитсия машқҳои тактикӣ намоиш дода шуда, ҳайати шахсии Раёсат ва ҷузъу томҳои он бо гузашти низомӣ аз назди роҳбарияти Раёсат гузаштанд.

Бахшида ба ин санаи таърихӣ, барои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва меҳмонон дастархони идона ороста шуда, ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир карда шуд.                                              

 Далер Чоршанбиев 

Маркази матбуоти РВКД дар ВМКБ 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4080834
ИмрӯзИмрӯз162
МоҳМоҳ57253
ХамагиХамаги4080834

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.