|
22.10.с.2016, тахминан соати 19:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 29-солаи сокини ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Истаравшан-Зафаробод”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалол, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, марди 65-солаи сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷаи рух додани чунин садамаи нохуши нақлиётӣ, пиёдагард бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” марди 31-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Шаҳритус”, дар километри 118-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори роҳ чаппа кардааст.
Дар ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ мутаассифона, мусофири автомашина марди 44-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи мазкур дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Рӯзи 23.10.с.2016, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” марди 39-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Деҳотии шаҳри мазкур, писарбачаи 11-солаи сокини Истаравшанро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Нексия” марди 37-солаи сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар гардиши роҳи “Маданият-Айнӣ-Бобокалонов” марди 76-солаи сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст. Дар ин ҳодисаи нохуш пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
23.10.с.2016, тахминан соати 17:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ” марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Соҳилӣ аз тарафи кӯчаи Абай ба самти кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дучархаи тамғаи “Скутер” таҳти идораи ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.
Дар ин бархурд, ронандаи дучарха ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
23.10.с.2016, тахминан соати 18:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Урал” марди 34-солаи сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Ланлиф-Худгифи боло” дар мавзеи чашмаи “Муллоҳусейн”-и ҳамин ноҳия, ногаҳон аз баландии кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба автомашинаи мазкур бархӯрдаанд.
Дар натиҷа, ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии 150-метр чаппа шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.