Фаъолнокии дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ

Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи дружинаҳои ихтиёрӣ нишон дод, ки тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» таҳти №566 аз 03.12.с.2009 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №400 аз 02.08.с.2010 «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Дружинаҳои ихтиёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ 73 ситодҳои дружинаҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд, ки 17197 нафар дружиначиёнро муттаҳид намудаанд.

Дар муддати 9 моҳи соли 2016  ба сафи дружинаҳои ихтиёрӣ 608 нафар қабул ва 336 нафар бо сабабҳои узрнок (беморӣ, хатм кардани муассисаи таълимӣ, тағйир додани макони зист ва ҷойи корӣ ва ғайра) озод карда шудаанд.

Дружиначиёни ихтиёрӣ қариб дар ҳама чорабиниҳои оммавӣ  дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ҳамроҳ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳиссаи сазовор мегузоранд. Фаъолияти хуби дружиначиён аз ҷониби мақомоти  корҳои дохилӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мунтазам қадрдонӣ шуда, 319 нафари онҳо бо мукофотҳои молию пулӣ ҳавасманд гардонида шудаанд. 

Дружиначиён дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 108 ҷиноят ва 4688 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ошкор намуда, бо кӯмаки онҳо 11 нафар шахсони дар кофтуковбуда ёфта шудааст.

Бо иштироки фаъолонаи дружиначиёни ихтиёрӣ 382 ҳолати майдаавбошӣ, 644 ҳолати пайдо шудани шаҳрвандон дар ҳолати мастӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, 580 ҳолати оворагардӣ ва талбандагии шаҳрвандон, 47 ҳолати майдадуздӣ, 417 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, 1190 ҳолати риоя нашудани қоидаҳои истиқомат, 97 ҳолати фуруши ғайриқонунии маводҳои сӯзишворӣ ва 1083 ҳуқуқвайронкуниҳои дигар ошкор ва чораандешӣ шудааст.

Дружиначиёни ихтиёрӣ, ки асосан аз ҷавонону донишҷӯён иборат мебошанд, дар рафти таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ба рафтору кирдори ҷавонону ноболиғон зиёдтар аҳамият медиҳанд. Зимни хизмати якҷоя бо кормандони милитсия 544 нафар ноболиғонро дастгир намудаанд, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ даст задаанд, аз он ҷумла 117 нафар ноболиғоне буданд, ки аз таҳсил саркашӣ мекарданд.

Дружиначиёни ихтиёрӣ асосан ҳамроҳи кормандони милитсия дар санҷишҳо иштирок мекунанд. Бо иштироки фаъолонаи онҳо 894 нафар майзадагон ва нашъамандон, 2107 нафар шахсони доғи судидошта, 1652 нафар шахсони яроқи суфтамили шикоридошта,  700 оилаи ноустувор, 94 фоҳишахона, қиморхона ва ҷойҳои бозиҳои пулакӣ, инчунин фаъолияти 354 дорухонаҳо санҷида шудааст. Албатта онҳо боз бисёр дигар корҳоро анҷом додаанд, ки такрори онҳоро зарур намедонем.

Бисёрии дружиначиёни ихтиёрии мамлакатамон оянда хоҳиш доранд, ки баъди хатми мактаби олӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор қабул шаванд. Бинобар ин онҳо фаъолона ҳамроҳи кормандони милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ иштирок менамоянд ва аз нозукиҳои касби ҳимоятгари тартибот меомӯзанд, то ки оянда барояшон душворӣ пеш наояд.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо баён намудаанд: «Вазъи ҷаҳони босуръат тағйирёбанда, хатару таҳдидҳои муосир, проблемаҳои экологӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, пайи ҳам такрор шудани офатҳои табиӣ ва амсоли инҳо ҳар яки моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ бошем ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем». Дар асоси ҳамин суханҳои роҳбари давлатамон дружиначиён имрӯзҳо корро пеш бурда, оромӣ ва тартиботро дар ҷомеа ҳамроҳ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба пуррагӣ таъмин намуда истодаанд.   

Ғуломов Қудратулло, мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4229314
ИмрӯзИмрӯз2058
МоҳМоҳ72437
ХамагиХамаги4229314

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.