КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

2. Принсипҳои  асосии  одоби  касбии  корманд

     4) Кодекси мазкур ба принсипҳои зерини одоби корманд, ки аз принсипҳои хизматӣ бармеоянд, асос ёфта чунин тавзеҳ дода мешаванд:

     - волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (қонуният) аз ҷониби корманд ҳукумфармо будани қонун эътироф шуда, дар фаъолияти хизматӣ ҳатмӣ будани иҷроиши он муайян карда мешавад;

     - риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон;

     -садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон;

     - инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;

     - шаффофияти фаъолият дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, ошкоро ба роҳ мондан ва ба аҳоли расонидани фаъолияти кормандон ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;

     - таҳамулпазирӣ, эҳтироми фарҳанги бойи мухталифи ҷаҳони муосир, босаброна муносибат кардан ба дигар тарзи ҳаёт, рафтор, одат, эҳсос, ақида, ғоя, динҳо, дар муомила бо пиронсолон ва дигар табақаи осебпазири аҳолӣ зоҳир намудани раҳмдилӣ;

     - поквиҷдонӣ ва беғаразӣ;

     - ҷиддият дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ;

     - эҳтиром ва кӯмакрасонӣ;

     - яккасардорӣ ва мутамарказии идоракунии он;

     - баландравии мансабии корманд дар асоси савияи дониш, қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ, мутобиқ ба тартиби муқарраргардида бидуни манфиат таъин гардидан ба мансаб ва таъмини баландравии мансабӣ;

- касбият ва салоҳиятнокии корманд, доштани донишҳои мушаххаси касбӣ, тахассус, маҳорат, малака ва таҷриба, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ боиси муваффақият мегарданд;

- кордонӣ ва хисоботдиҳанда будани корманд, доштани сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, қобилияти идоракунӣ, маҳорати роҳбарӣ ва бо тартиби пешбининамудаи ӯҳдадориҳои мансабӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият додани ҳисобот ба роҳбари бевосита;

     - баҳодиҳӣ ба корманд мутобиқи тартиби муқарраргардида бо роҳи баҳодиҳии шаффоф ва холисона ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, малака ва тайёрии касбӣ, мутобиқати корманд ба мансаби ишғолнамуда, нишондиҳандаҳои ӯҳдадориҳои мансабӣ, дараҷаи комёб шудан ба натиҷаҳои пешбинишуда, ки ба мақсаду вазифаҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои сохтории он мувофиқат мекунад.

     5) Кодекси мазкур ба принсипҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва меъёрҳои муқарраргардидаи рафтор низ асос меёбад.

 

   3. Қоидаҳои  рафтори  хизматӣ  ва  ғайрихизматии  корманд

     3.1 Дар  фаъолияти  хизматии  худ  корманд  вазифадор  аст:

     6) Адолатнок амал намояд. Ҳангоми қабули қарор ва амалӣ намудани ваколатҳои худ корманд ҳуқуқ надорад, ки дар асоси миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ба шахсе хилофи қонунгузорӣ бартарият ва имтиёз диҳад.

     7) Ба урфу одатҳои миллатҳо таҳамулпазирӣ ва арҷгузорӣ намуда, хусусиятҳои фарҳангӣ ё дигар хусусиятҳои гурӯҳҳои этникӣ ва иҷтимоиро ба инобат гирифта, ба созиши байни миллитҳо мусоидат намояд.

     8) Ба таври доимӣ ба такмили тахассуси касбии худ машғул шуда, донишҳои худро дар сатҳи мувофиқ барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ зарурӣ нигоҳ дорад, забони давлатиро донад.

     9) Фаъолияти касбии худро дар доираи салоҳияти мақомот ҳамон тавр амали намояд, ки ба қобилияти ӯ шубҳа пайдо нашавад, бовиҷдонона ва беғаразона кор карда, ба шаъну шараф ва обрую эътибори корманд иснод наоварад.

     10) Танҳо воситаҳои қонунӣ ва одоби пешравӣ дар хизматро истифода барад.

     11) Ваколати ташкилию амрдиҳи дорад, набояд рафтори хатарноки коррупсионӣ зоҳир намояд ва ӯҳдадор аст, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ба зуҳуроти маҳалчигӣ, хешутаборӣ, маҳбуб донистан ва таъиноти кадрҳо аз рӯи аломати садоқатмандии шахсӣ роҳ надиҳад.

     12) Дар муносибат бо шаҳрвандон, ҳамкасбон ва намояндагони дигар ташкилотҳо бояд хушмуомила, бодиққат ва бо эҳтиром бошад.

     13) Дар коллектив бояд меъёрҳои одоби хизматӣ, касбӣ ва қоидаҳои рафтори кориро риоя карда, ба муносибатҳои кории тарафайн ва ҳамкориҳои судманд бо мақсади фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.

     14) Дар мансаби роҳбарикунанда фаъолият намуда истода, барои кормандони зертобе аз ҳама ҷиҳат намунаи ибрат бошад, вазъи мусоиди корӣ ва фазои солими ахлоқиро таъмин намояд.

     15) Барои гирифтани иттилооти хизматӣ, ки ба ваколати ӯ дохил намешавад, кӯшиш нанамояд.

     16) Сирри давлатӣ ва хизматиро махфӣ нигоҳ дорад, иттилооти нопурра ва дурӯғро паҳн нанамояд.

     17)  Ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма оид ба иттилоотонии ҷомеа дар бораи кори мақомоти корҳои дохилӣ бо эҳтиром муносибат карда, барои гирифтани иттилооти дуруст, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст ба онҳо кӯмак расонад.

     18) Аз таъсири шаҳрвандон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ мустақил бошад, ба истиснои созмонҳои ҷамъиятии мақомоти корҳои дохилӣ.

     19) Ҷиҳати ба танзим даровардани ҳолатҳои пайдо шудани бархурди манфиатҳо чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ андешида, ҳаракатҳоеро, ки ба таъсири манфиатҳои шахсӣ, молумулкӣ (молиявӣ), тиҷоратӣ ва дигар манфиатҳо алоқаманд мебошанд ва барои бовиҷдонона иҷро кардани ӯҳдадориҳои мансабӣ монеа мешаванд, истисно намояд.

     20) Ба амалҳои коррупсионӣ муқовимат намояд ва ҷиҳати рафъи онҳо тадбирҳо андешад ба гирифтани ҳар гуна тӯҳфаҳо барои иҷрои вазифаҳои (ӯҳдадориҳои) мансабии худ дар шакли моддӣ (пул ва дигар ашёҳо) ва дар шакли ғайримоддӣ (хизматрасонӣ) ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ роҳ надиҳад.

     21) Ба роҳбари худ дар бораи муроҷиати ин ё он шахс бо мақсади моил кардани ӯ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ маълумот диҳад аз иштирок дар амале, ки беғаразии ӯ зери шубҳа қарор мегирад, ё аз ҷой доштани ҳолатҳое, ки бевосита ё бавосита аз манфиатдор будани ӯ дар амали ғайриқонунӣ гувоҳӣ медиҳад, даст кашад.

     22) Вазифаи хизматии худро барои таъсир расонидан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон ҳангоми ҳалли масъалаҳо аз вазъи хизматии худ суйистифода карда дар аҳдҳо ва вазъияти ихтилофнок, ки ба амали хизматии ӯ мутобиқат намекунад, иштирок нанамояд.

     23) Корманд бояд ҳаракат, ҳиссиёт ва эҳсосоти худро зери назорати қатъӣ қарор дода, бо ҳусни таваҷҷуҳ ё нафрат, душманӣ, ҳиссиёти дӯстии шахсӣ дар қабули қарорҳои хизматӣ таъсир нарасонад, натиҷаи ҳаракат ва рафтори худро пешбинӣ карда тавонад, дар муомила бо ҳамкасбон хоксор бошад, аз муваффақиятҳои ҳамкасбонаш сидқан шод шуда тавонад ва дар иҷрои супоришҳои мушкил, ки ба онҳо дода шудааст, мусоидат намояд, ба худситоӣ, лофзанӣ, ҳасад ва бадхоҳӣ таҳамулпазир бошад, корманд-мард нисбат ба занҳо ҷавонмардӣ ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд, дар хизмат ва ҳаёти ҳамарӯза бо илтифот (хушмуомила, дидадаро) ва боадоб бошад.

     24) Корманде, ки дар натиҷаи амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, лексикони ҷиноятиро омӯхтааст, набояд забони махсус ва аломатҳои ҷиноятии ин гурӯҳи одамонро дар муошират бо ҳамкасбон ва шаҳрвандон истифода намояд.

     25) Корманд набояд риш дошта бошад, муйи сарашро тарошад, дар тан холкубӣ кунад, ҷавоҳирот дар худ истифода намояд (ба истиснои ангуштарини ақди никоҳ), қоидаҳои либоси низомиро вайрон намояд ва ба  атрофиён намунаи ибрат бошад.

     26) Корманд бояд ҳангоми муошират бо шаҳрвандон ба чунин рафторҳо роҳ надиҳад: мағрурӣ, дуруштӣ, мутакабирӣ, эродгирии беодобона, айбдоркунии ғайриқонунӣ ва беасос, таҳдид, суханҳо ва луқмапартоиҳои таҳқиркунанда, баҳсу мунозираҳо ва ҳаракатҳое, ки ба муоширати муътадил монеъа эҷод менамояд ё ба кирдори ғайриқонунӣ моил мекунад, (санҷиши беасос ва бесабаби шиносномаҳо, картаи муҳоҷиратӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо).

     27) Манбаъҳо ва воситаҳои давлатии (технологияи иттилоотии шабакаи интернет, шабакаи дохилӣ, почтаи электронӣ, нақлиёти давлатӣ, телефон, ксерокс, факсҳо ва дигар таҷҳизот, арзишҳои моддию ғайримоддӣ) ба ӯ пешниҳодшударо самаранок ва эҳтиромона истифода намояд.

     3.2  Корманд  ӯҳдадор  аст:

     28) Ба сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ бошад ва онро дар ҳаёт татбиқ намояд, бо амали худ обрӯ ва эътибори ҳокимияти давлатиро баланд бардорад, манфиатҳои давлатӣ ва сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намояд.

     29) Тибқи ӯҳдадориҳое, ки дар дастуру низомномаҳои амалкунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ пешбинӣ шудаанд, амал намояд.

     30) Ба амалҳое, ки боиси вайроншавии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегардад, роҳ надиҳад.

     31) Кӯшиши худро барои фаъолияти самаранок равона созад.

      32) Амалҳоеро, ки ба манфиати мақомот зарар мерасонад, истисно намояд.

     33) Бо муносибат ва рафтори шахсӣ барои ташкили фазои солими ахлоқӣ дар коллектив мусоидат намояд.

     34) Ба амалҳое, ки ба самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ба таври дахлдор иҷро намудани ӯҳдадориҳои мансабии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ монеъа мешаванд, муқовимат намояд.

     35) Ба ҳолатҳои вайрон намудани меъёрҳои одоби касбӣ аз ҷониби дагар кормандон роҳ надиҳад.

     36) Бовиҷдонона, беғаразона ва бо сифат вазифаҳои хизматии худро иҷро карда, барои ин вақти кориро самаранок истифода намояд.

     37) Ба корманд дахолат намудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, манфиатҳои гурӯҳӣ, шахсони алоҳида манъ аст, агар дар қонунгузорӣ муқаррароти дигар пешбинӣ нашуда бошад.

     38) Ба баҳодиҳӣ нисбат ба мақомотҳои давлатӣ, ки дар он хизмат мекунад, агар ин амалҳо ба доираи хизматӣ, ӯҳдадориҳои мансабӣ дохил нашавад, худдорӣ намояд.

     39) Ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ вобаста ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба шаъну шарафи инсонӣ эҳтиром гузошта, ҳуқуқҳои ӯро ҳимоя намояд.

     40) Қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро танҳо дар ҳолати пешбини намудаи қонунгузорӣ ва ба андозае, ки онро иҷрои ӯҳдадориҳо талаб менамояд, ба кор барад.

     41) Маълумотҳои мазмуни маҳрамона ва кофеденсиалидоштаро махфӣ нигоҳ дорад, агар қонунгузорӣ тартиби дигарро муқаррар накарда бошад.

     42) Набояд амалеро содир кунад ё касеро водор созад, ки он амал бо додани азобу уқубат ва шиканҷа ё дигар намудҳои муносибати зуроварона, додани ҷазои ғайриинсонӣ ё паст намудани шаъну шарафи инсон вобастагӣ дорад. Корманд наметавонад ба фармону супориши роҳбару сардорон такя намуда, шиканҷа ё дигар намудҳои муносибати зуроваронаро истифода барад ва шаъну шарафи инсонро паст занад.

     43) Ҳуқуқ ва саломатии боздошташудагонро таъмин намояд, аз ҷумла ҳангоми зарурият барои расонидани ёрии тиббӣ чораҳои бетаъхир андешад.

     44) Ҳангоми хешованди наздик будани корманд ба роҳбаре, ки ба ӯ тобе буда ва фаъолияташ зери назорати ӯ қарор дошта ҳисоботдиҳанда мебошад, аз ишғоли мансаби дахлдор даст кашад.

     45) Роҳбари мақомот набояд хешовандони наздики худро ба мансаби зери тобеи худ таъин кунад ва агар ба мансаб таъин карда шуда бошад, бояд ӯро аз мансаб озод намояд ё ба дигар мансаб гузаронад.

     46) Ба вазъи ихтилофнок, ки имкони ба шаъни ӯ ва обруйи мақомот зарар расонданро дорад, роҳ надиҳад. Дар мавриди ба миён омадани чунин вазъият зарур аст, ки ин ҳолатро ба роҳбари бевосита маълумот диҳад.

     47)Ба ҳолатҳои маҷбур намудани корманд ба аъзошавӣ ва иштирок дар фаъолияти ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои сиёсӣ роҳ надиҳад.

     48) Дар муносибатҳои хизматӣ ва ғайрихизматӣ дағалӣ накунад, ҳангоми кашидани тамокӯ маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд.

     49) Намуди зоҳирии корманд вобаста аз шароити хизмат ба расмиёти кории муқарраргардида мутобиқат намояд. 

4.Тартиби ташкил ва фаъолияти Комиссия оид ба одоб

     - Комиссия оид ба одоби касбӣ бо фармоиши роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳайати Раис, муовин, аъзоёни комиссия иборат аз 5 то 7 нафар, аз ҷумла котиби масъул таъсис дода шуда, роҳбари мақомот ва ё муовини ӯ ба ҳайси раиси Комиссия интихоб карда мешавад.

     - Комиссия дар ду моҳ як маротиба ва аз рӯи зарурият ҷаласа доир менамояд. Ҷаласа ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он аз се ду қисми ҳайати он иштирок дошта бошад. Ҳангоми баробар будани овозҳо зимни қабул намудани қарор овози Раиси Комиссия ҳалкунанди ҳисоб меёбад.

     - То баррасии парвандаи интизомӣ дар ҷаласа аз ҷониби Комиссия санҷиш гузаронида шуда, ҳолатҳо ва маълумотҳои марбута ба парванда баррасӣ карда шуда, аз шахсони муайян баёнот гирифта шуда, маводҳои лозима ҷамъ оварда мешавад.

     - Комиссия санҷиши ҳолатҳои вайрон намудани талаботҳои Кодекси мазкурро тибқи тартибе, ки барои гузаронидани санҷиши хизматӣ муқаррар гардидааст, мегузаронад.

     4.1 Вазифаҳои  Комиссия:

     -омӯзиш ва пешниҳоди таклиф оид ба такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки масъалаи одоб ва бархурди манфиатҳоро танзим менамояд;

     -амалӣ намудани назорати иҷрои муқаррароти Кодекси мазкур дар мақомоти корҳои дохилӣ;

     - машварат додан ба корманд вобаста ба масъалаҳои марбут ба одоби касбӣ;

     - дар мақомоти дахлдор оид ба одоби касбӣ гузаронидани чорабиниҳои таҳсилотӣ ва иттилоотӣ;

    - барои муайян кардани ҳолатҳои вайрон шудани талаботҳои Кодекси мазкур ва бархурди манфиатҳо гузаронидани санҷиши хизматӣ;

  - таҳияи тавсияҳо барои муҳокима дар маҷлиси умумии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, дарҷ намудан дар варақаи аттестатсионии корманд оид ба ҳолатҳои риоя нагардидани талаботҳои Кодекси мазкур ва ба эътибор гирифтан ҳангоми таъинот ба дигар мансаб ва татбиқи ҷазои интизомӣ;

  - пешниҳоди тавсия барои ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб намудани корманде, ки талаботҳои Кодекси мазкурро вайрон кардаанд,  ба роҳбарони болоии мақомот;

     4.2 Салоҳияти  Комиссия:

     - банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимии одоби касбӣ;

     -таъминоти мақомот бо воситаҳои аёнӣ оид ба масъалаҳои идораи одоб;

     -дастрас намудани иттилоот оид ба вайрон намудани одоби касбӣ ва бархурди манфиатҳо аз ҷониби корманд аз шаҳрвандон ва дигар кормандон ва ба роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ хабар додан;

     - баррасии мавод оид ба ҳолатҳои вайрон намудани талаботҳои Кодекси мазкур аз ҷониби корманд ва шикояти онҳо нисбат ба қарорҳои Комиссия;

     - шарҳ додани ҳолатҳои бархурди манфиатҳо ҳангоми пайдоиши ихтилофҳо;

     - барои иҷрои вазифаҳои худ талаб намудани ҳуҷҷатҳо, мавод ва иттилоот аз мақомоти давлатӣ, инчунин аз дигар ташкилотҳои дахлдор;

     - гирифтани баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ аз корманд.

     - ҷалб намудани ташхисгарон ва мутахассисон барои додани хулоса.

     4.3 Раиси   Комиссия   вазифадор  аст:

     - фаъолияти комиссияро ташкил мекунад ва онро роҳбарӣ менамояд;

     -рӯзномаи ҷаласаи комиссияро муайян менамояд;

     - ҷаласаи комиссияро даъват менамояд ва ба он раиси мекунад;

     - аз ҳисоби аъзои комиссия оид ба масъалаи дар маҷлиси комиссия баррасишаванда маърӯзачиро муайян менамояд;

     - дар хусуси аъзои ҳайати комиссия ё иваз намудани аъзои он таклиф пешниҳод менамояд.

     4.4 Вазифаи   котиби   масъули  Комиссия:

     - таъминоти таҳлилию иттилоотӣ, ташкилию ҳуқуқии фаъолияти комиссияро анҷом медиҳад;

      -маводро барои баррасии парвандаҳои интизомӣ омода менамояд;

     - маълумотро дар бораи ҳолатҳои вайрон гардидани меъёрҳои Кодекси мазкур мураттаб ва таҳлил менамояд;

     - таҳияи тавсия оид ба такмили Кодекси мазкурро анҷом медиҳад;

     - дар таълими корманд оиди риояи талаботҳои Кодекси мазкур иштирок менамояд;

     - корманде, ки ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад, дар бораи ҷой ва вақти гузаронидани маҷлиси комиссия тадбирҳо меандешад;

     - аз шахсони мансабдор ва дигар субъектҳо мавод ва иттилооти дахлдорро, ки барои санҷиш заруранд, талаб менамояд;

     -мутахассисон ва ташхисгаронро барои иштирок дар санҷиш ва додани хулоса ҷалб менамояд;

     - ба баррасии комиссия таклифҳо ҷиҳати такмил додани Кодекси мазкур манзур менамояд. 

5. Назорат 

     50) Назорати риояи талаботҳои Кодекси мазкур дар мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи Комиссия оид ба одоби касбӣ, мутобиқ ба санадҳои меъёрии соҳавӣ ва қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ  амалӣ карда мешавад.

     6. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботҳоиКодексиодоб

     51) Иҷрои талаботҳои Кодекси мазкур аз ҷониби корманд ҳатми буда, риоя накардани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии соҳавӣ ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.     

     52) Таҳлил ва баҳодиҳии риояи меъёрҳои одоби рафтори хизматӣ ҳангоми гузаронидани аттестатсия, баррасии фаъолият, иштирок дар озмун, таъин кардани корманд ба мансаб, ҳангоми мукофотонидан, додани рутба ва сафарбар намудан ба хориҷи кишвар, тайёр кардани тавсифнома ё тавсиянома ҳатмӣ мебошад.

     53) Роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси тавсияи Комиссия бояд барои бартараф намудани рафтори ғайриоинномавии тобеон чораҳои зеринро андешад:

     - гузаронидани чораҳои иттилоотонӣ, ки ба паҳн намудани муқаррароти Кодекси мазкур равона карда шудааст;

     - бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии соҳавӣ ва қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ, татбиқ намудани ҷазои интизомӣ;

     - андешидани дигар чораҳое, ки санадҳои меъёрии соҳавӣ ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст;

     - андешидани чораҳо оиди бартараф намудани сабабу омилҳое, ки ба вайрон гаштани рафтору одоби корманд мусоидат намудаанд;

      54) Ҳангоми дар амалҳои корманд мавҷуд будани аломатҳои ҷиноят, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё интизомӣ маводи дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба мақомоти дахлдор ҷиҳати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ё интизомӣ кашидан фиристонида мешаванд.

Шарҳҳо  

 
#4 Bahtier 19.07.2016, 14:49
Уважаемый Рахимзода Рамазон.
Благодарю за данный кодекс.
Было бы очень хорошо на вашем сайте видеть низомнома о ГАИ.
Иқтибос
 
 
#3 Александр 15.07.2016, 14:05
На русском нету?
Иқтибос
 
 
#2 Бобочон 11.07.2016, 10:13
Хеле хуб, оли! Прошу вас подготовить кодекс по правам, обязанностям и ответственности работника ГАИ и права, обязанности и отвесности участников дорожного движения. Это очень важно в условиях Таджикистана. С уважением,
Иқтибос
 
 
#1 Ислохотчи 11.07.2016, 08:08
Ташаккур ба тахиякунандагон , ки лоихаи мазкурро барои мухокимаи оммави пешниход намудед.
Пешниход чунин аст:
Аз зербанди 25 банди 3.1 боби 3 калимахои "ба атрофиён намунаи ибрат бошад" хорич карда шавад, зеро дар аввали чумла омадааст, ки "Корманд набояд" ва бокимонда фикрхо бояд мантикан ба аввали чумла мутобик бошанд.
Инчунин пешниход дорам, ки хар як таклифхои воридгардидаро омухта оиди натичаи он, ки кабул шуд ё не ва сабаби кабул нашудани он, ба пешниходкунанда маълумоти кутох ирсол намоед.
Иқтибос
 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3708170
ИмрӯзИмрӯз368
МоҳМоҳ16364
ХамагиХамаги3708170

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.