Ҳисобот дар назди аҳолӣ бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ

Ҳарчанд меҳвари фаъолияти мақомотҳои корҳои дохилиро мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, таъмини тартибот ва ошкорсозии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ташкил диҳад ҳам, пешгирӣ аз чунин зуҳурот самти афзалиятнок дар ВКД маҳсуб меёбад. Баргузории сӯҳбату мулоқот бо аҳолӣ, ҷалби шаҳрвандон ба ҳамкорӣ аз таъсиррасониҳои маърифатие мебошанд, ки милитсия баҳри расидан ба ҳадафҳои хизматӣ, яъне таъмини амнияту тартибот, ҳифзи суботу оромӣ, пойдории низоми боэътимоди волоияти қонун дар ҷомеа аз он истифода мебарад.

Бо ҳамин мақсад санаи 30 декабр дар толори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров вохӯрии ҳисоботии сардори шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров полковники милитсия Қосимзода Илҳом Обид бо фаъолони ноҳия доир гардид. Вохӯриро муовини раиси ноҳия Сатторзода Хуршед Ҳомид бо таъкиди дастурҳои роҳнамунсози Паёми санаи 22 декабр ироа гардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшида суханро ба Илҳом Қосимзода дод.

 
Дуздии қубурҳои сохтмонӣ

30.12.с.2016, ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 48-солаи сокини пойтахт дар он хусус ворид гардид, ки рӯзи 27.12.с.2016, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи ҶҶММ “Ҷунунӣ”шуда, аз он ҷо қубурҳои махсуси сохтмонӣ ва винтелҳои зидди сӯхтор, ҷамъ ба маблағи 6 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ шаҳрвандон; ду нафар марди 42 ва ва  44-солаи сокинони шаҳри Душанбе, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, дастгир гардиданд.

Айни замон оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 
Марди тақаллубкор ба даст афтод

30.12.с.2016, ба мақомоти милитсия бо ариза марди 38-солаи сокини  ноҳияи Б.Ғафуров дар он хусус шикоят бурдааст, ки моҳи июни соли 2015, марди 35-солаи истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 314-тонна пиёз харидорӣ намуда, маблағи 70 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 35 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.

Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

 
Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

30.12.с.2016, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини пойтахт, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ  6 ҳазору 636 дона маводи тарфгарии намуди “Хлопушка”, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар вилояти Суғд, марди 33-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 24 ҳазор дона маводи тарфгарии намуди “Трения”, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Аз рӯи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

 
Садамаҳои нақлиётии марговар

23.12.с.2016, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Харер”, марди 39-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди кӯчаи И.Сомонии пойтахт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, ҷавони 30-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, 29-уми декабри соли равон, соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи “Дэу-Тико”, марди 33-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Хуҷанд-Душанбе”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ҳамин ноҳия  аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, марди 51-солаи ҷамоати зикргардидаро пахш кардааст.

 Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 
Ҷавонон созандагони Ватананд!

Имрӯз (30.12.с.2016), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъбасти фаъолияти кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» дар давоми соли 2016 баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар, мушовири  адлияи  ҷиноӣ  дар  Департаменти  давлатӣ,  Идораи  байналмилалии  зидди  маводи  мухаддир  ва  ҳифзи  тартиботи  ҳуқуқии  Сафорати  Амрико  дар  Тоҷикистон ҷаноби Джеймз  Берг , ҳамоҳангсози лоиҳаи «Ҳамкории милитсия ва ҷомеа» дар Тоҷикистон Манижа Тилавова, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Сейфворлд» (Дунёи бехатар) ва шаҳрвандони алоҳидае, ки бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкории фаъолона доранд, иштирок намуданд.

Сараввал муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба тамоми кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» барои ҳамкориҳои судманд дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки саҳми ҷавонон дар ҳамаи самтҳо ва пешгирии ҳукуқвайронкуниҳо назаррас мебошад.

 
Сӯиистифода аз боварӣ

29.12.с.2016, ба мақомоти милитсия аризаи марди 51-солаи сокини пойтахт дар он хусус ворид гардид, ки моҳи марти соли 2016, марди 43-солаи шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 112 ҳазору 827 сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

 
Пешгирии маводи тарфгарӣ

21.12.с.2016, тахминан соати 16:30-дақиқа, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 1000-дона  маводи тарфгарии намуди “Трения”, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Айни замон нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

 
Беэътиноии ронандагон дар роҳҳои кишвар

29.12.с.2016, тахминан  соати 03:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи  “Маз”, марди 37-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат  дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба кӯҳпорае  бархӯрда автомашинаро  чаппа кардааст.

Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуш ронандаи автомашинаи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, рӯзи 29.12.с.2016, тахминан  соати 17:30-дақиқа, ронандаи  автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 39-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти пойтахт, дар ҳудуди деҳоти Сафобахш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки ба  ҷавони 27-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, тааллуқ дорад, бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Мерседес -Бенс”, зани 37-солаи сокини  ноҳияи Варзоб, бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ, ба ҳалокат расидааст. 

 
Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт

29-уми декабри соли 2016 , ба мақомоти милитсия бо ариза марди  38-солаи  сокини шаҳри Кӯлоб дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 13-уми декабри соли равон, автомашинаи шахсиаш тамғаи “Дэу-Эсперо”-ро, ки барои таъмир ба марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдор  супорида буд, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

 
Ғоратгарии ҳамён

28.12.с.2016, ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор, аризаи зани 74-солаи сокини кӯчаи И.Сомонӣ дар он хусус ворид гардид, ки худи ҳамон рӯз тахминан соати 12:00-дақиқа, шахси номаълум дар назди хонааш бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ ҳамёнашро, ки дар дохили он 75-сомонӣ ва 500-рубли русӣ дошт, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ, марди 38-солаи сокини ноҳияи Рашт дастгир карда шуд.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

 
Сӯистифода аз қувваи барқ

28.12.с.2016, ҳангоми гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони шабакаҳои барқӣ муайян карда шуд, ки соҳибкор, марди 42-солаи сокини пойтахт, ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгираки барқӣ, қувваи барқро ба танури нонвойхонааш гузаронидааст.

Дар натиҷа ӯ ба ширкати саҳомии холдингии “Барқи Тоҷик” ба миқдори 5570-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз, зимни санҷиши муштарак муайян карда шуд, ки марди 49-солаи сокини пойтахт, ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгираки барқӣ қувваи барқро дар хонаи истиқоматиаш истифода бурдааст.

Хисороти расонидашуда ба ширкати саҳомии холдингии “Барқи Тоҷик” 2088-сомониро ташкил медиҳад.

 
Қаллобии зан

28.12.с.2016, ба мақомоти милитсия бо ариза марди 50-солаи сокини пойтахт дар он хусус муроҷиат кардааст, ки соли 2014, зани 41-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои фурӯш автомашинаи тамғаи “Лексус-RX-350», ки арзишаш 30 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта, онро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

 
Мусодираи маводи тарфгарӣ

22.12.с.2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия писарбачаи 16-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 5 ҳазору 500-дона  маводи тарфгарии намуди “Трения”, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Айни замон дар ин самт тафтишот идома дорад.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3708171
ИмрӯзИмрӯз369
МоҳМоҳ16365
ХамагиХамаги3708171

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.