|
Имрӯз (10.12.с.2016), соати 14:00, дар нуқтаи сӯзишвории гази моеъ, воқеъ дар ноҳияи Бохтар, ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа, дар ҳудуди шоҳроҳи Қурғонтеппа-Сарбанд, ки ба шаҳрванд Раҳимов Саид, соли таваллудаш 1974, сокини деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад.
Дарҳол ба ҷойи ҳодиса кормандони бастҳои оташнишонии РХДО вилояти Хатлон бо техникаю таҷҳизоти махсус ва дигар хадамотҳои дахлдор сафарбар шуданд.
Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидан муайян карда шуд, ки дар натиҷаи беэҳтиётӣ дар автомашинаи газкашони тамғаи «Дулан», рақами қайди давлатиаш 9714 АО РТ, ки ба шаҳрванд Халилов Ҷавҳар Абдулҳалимович, соли таваллудаш 1990 тааллуқ дорад, сӯхтор сар задааст.
Сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз нақлиёти боркашони гази моеъи тамғаи «Дулан» ба зарфи нигоҳдории гази моеъи нуқтаи сӯзишворӣ мебошад, ки шарора ба амал омада, боиси сар задани ин ҳодиса гардидааст.
Дар сӯхтор ҳеҷ кас осеб ва зарар надидааст.
Бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳои зишти ҷомеа ва зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризм, экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар толори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушони ВМКБ вохӯрии сардорони РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур ва Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Нусратулло Мирзоев бо фаъолони ин ноҳия доир гардид.
Вохӯриро Раиси ноҳияи Рушон Худоёров Худоёр Завқибекович оғоз намуда, риштаи суханро ба сардори РВКД дар ВМКБ Искандарзода Абдулваҳоб дод. Мавсуф аз фазои сулҳу оромии кишвар, аз дастовардҳои навини Истиқлолият, ки маҳз бо шарофат ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, ғамхориҳо барои халқи ВМКБ, хусусан ноҳияи Рушон, сохтмони биноҳои замонавии маъмурӣ ва истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, мактаб-интернати замонавӣ ва ғайра суханронӣ намуд.
Ба мақомоти милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Гулистони вилояти Суғд муроҷиат намудааст, ки шаби 9-уми декабри соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои ҷамоати деҳоти Зарнисори ҳамин шаҳр, 28-сар чорвои хурди шохдорашро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Арзиши умумии чорвои рабудашуда 16800-сомониро ташкил медиҳад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ ду нафар ҷавонони 22, 23 ва писарбачаи 17-солаи сокинони ноҳияи Мастчоҳ дастгир гардиданд.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ҳодиса идома дорад.
Ба мақомоти милитсия аз ҷониби зани 33-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ариза ворид гардид, ки моҳи октябри соли 2011, дар шаҳри Душанбе марди 45-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ба бовариаш даромада, аз ӯ 13000-доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондааст.
Бо чунин мазмун марди 57-солаи сокини ноҳияи Восеъ шикоят бурдааст, ки санаи 24-уми сентябри соли 2016, марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2800-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро бозпас нагардонидааст.
Ҳамчунин, рӯзи 9-уми декабри соли 2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир гардид. Гумонбаршуда, 17-уми июни соли 2015, аз боварии зани 49-солаи сокини шаҳри Хуҷанд сӯиистифода намуда, 14500-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати шахсони гумонбаршуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом доранд.
Имрӯз (09.12.с.2016), дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, намояндагони корхона ва идораҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, маориф ва дин, аҳли ҷамоатчигии шаҳри мазкур ҷамъомади васеъ доир гардид.
Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода оғоз бахшида, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ ва аҳолӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки баҳри таъмини тинҷиву оромӣ ва осудагии мардум мақомоти корҳои дохилии кишвар саҳми босазо доранд.
Бо чунин ном санаи 8-уми декабр байни курсантони курсҳои 4-5-и факултетҳои №2 ва 4-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии ин муассисаи олии соҳавӣ викторинаи «Лабиринти ҳуқуқӣ» баргузор гардид. Дар он ду даста бо номҳои «Адолат» ва «Қайсарони ҳуқуқ» байни ҳам сабқат варзиданд.
Тавре қайд карда шуд, мақсад аз баргузории ин викторина, таҳкимбахшии дониши курсантон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, муқовимат бо коррупсия, мубориза бо терроризму экстремизм ва малакаи дар амал татбиқ кардани донишҳои омӯхташуда мебошад.
Дирӯз (07.12.с.2016), дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» ва устодону донишҷӯёни донишкадаи мазкур вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин мулоқоти судманд корманди Хадамоти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ВКД Исломиддин Одинаев, муовини роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» Саидҷамол Муродов, аъзои фаъоли ин гурӯҳ Таманно Табарова иштирок ва суханронӣ карданд.
Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои хусусияти террористию экстремистидошта чанд муддат инҷониб, дар Гимназия ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ваҳдат вохӯрии кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД бо устодону хонандагон ва волидайни муҳассилин баргузор гардид.
6-уми декабри соли 2016, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Турсунзода, бо маслиҳати пешакӣ, бо роҳи гаравгонгирӣ ба даст овардани маблағи калони пулӣ даст ба ҷиноят заданд.
Тахминан соати 07:30 дақиқа, яке аз аъзоёни ин гурӯҳ дар кӯчаи И. Сомонии шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб худро ба писарбачаи 17-солаи хонанандаи Мактаби таҳсилоти умумии шаҳри зикргардида ҳамчун шиноси падараш муаррифӣ карда, ӯро ба доми худ дароварда, мегӯяд то мактаб бо автомашинааш тамғаи «ДЭУ ТИКО» бурда расонад.
Дар чорабинии идонае, ки ба муносибати Рӯзи кормандони самти молия дар Раёсати молиявӣ-иқтисодии ВКД баргузор гардид, дар бораи иҷрои босалоҳияти вазифаҳои хизматӣ аз тарафи ҳайати шахсии ин ҷузъи муҳимми мақомоти корҳои дохилӣ ва дарки масъулият баҳри таъмини иҷроиши талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба фаъолияти соҳа ибрози андеша карда шуд.
Рӯзи 04.12.с.2016, тахминан соати 22:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсии марди 38-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав тамғаи “Нексия”, ки дар ҳудуди деҳаи Гулистони ҳамин ноҳия гузошта шуда буд, як адад асбоби мусиқии тамғаи “КОРГ ПА-8000”, ки арзишаш 10,000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ марди 24-солаи сокини ноҳияи мазкур дастгир карда шуд. Асбоби мусиқӣ ба соҳибмулк баргардонида шуд.
Ҳамасола дар кишвар, 5-уми декабр иди касбии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсияи ВКД бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки дар замони истиқлолияти ҷумҳурӣ барои ин ниҳоди давлатӣ тамоми шароитҳои лозимӣ фароҳам оварда шуда, онҳо дар таъмини сулҳу суботи мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ ҳиссаи сазовор доранд.
Кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсия дар РВКД дар ВМКБ низ ин санаи таърихиро дар сатҳи зарурӣ таҷлил намуданд.
Имрӯз (05.12.с.2016), дар қароргоҳи Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи таъсисёбии ин ниҳоди бонуфузи мақомоти корҳои дохилӣ, бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии ВКД, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, собиқадорон ва меҳмонон бо тантана таҷлил карда шуд.
Нахуст, пас аз саломи ҳарбӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
Чорабинии тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ифтитоҳ намуда, аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳайати шахсӣ ва собиқадорони Воҳидҳои таъиноти махсусро бо иди касбиашон табрику таҳният намуд.
Имрӯз (05.12.с.2016), бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД дар қароргоҳи воҳиди махсуси мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Раёсат, сардорони хадамотҳо ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, собиқадорони ДТММ ва ҳайати шахсии даста иштирок намуданд.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.