|
Субҳи имрӯз дар доираи сафари хизматӣ ба вилояти Суғд, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба РВКД дар ин вилоят ташриф оварда, аз рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ ва таъмиру азнавсозии раёсат шиносоӣ пайдо кард.
Зимни шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ Вазири корҳои дохилӣ ба масъулини соҳа ҷиҳати босифат анҷом додани таъмиру таҷдид як қатор супоришҳои мушаххас дод.
Имрӯз (10.07.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари хизматӣ ба вилояти Суғд, аз Маркази таълимӣ-фароғатии ВКД дар ноҳияи Шаҳристон боздид ба амал овард.
Имрӯз (10.07.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба вилояти Суғд сафари хизматӣ доир намуда, нахуст аз ШВКД дар ноҳияи Айнӣ дидан кард.
Вазири корҳои дохилӣ аз рафти хизматбарӣ ва шароити кории ҳайати шахсӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, бо кормандони милитсия вохӯрӣ баргузор кард.
09.07.с.2016, соати 15:58 дақиқа дар нуқтаи сӯзишвории гази моеъи ҶДММ «Кафолат-Садбарг», воқеъ дар канори роҳи автомобилгарди Қурғонтеппа-Сарбанд, ҳудуди ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳияи Бохтар, ки ба соҳибкор Ҳакимов Сайнуриддин Фатҳуллоевич, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омадааст.
Дарҳол ба ҷойи ҳодиса кормандони бастҳои оташнишонии РХДО вилояти Хатлон бо техникаю таҷҳизоти махсус ва дигар хадамотҳои дахлдор сафарбар шуданд.
Ҳангоми ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор расидан муайян карда шуд, ки дар автомашинаи газкашони тамғаи «Дулан», ки ба шаҳрванд Мадбобоев Далер Раҳимович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Қурғонтеппа тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омада, зарфи автомашинаи газкашон таркидааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохӯш як нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, 17 нафар шаҳрвандони дигар ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд.
Сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз нақлиёти боркашони гази моеъи тамғаи «Дулан» ба зарфи нигоҳдории гази моеъи нуқтаи сӯзишворӣ мебошад. Зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад.
Лоиҳа
КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ
1. Муқаррароти умумӣ
1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.
2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Ба мақомоти милитсия дар шаҳри Хуҷанд зани 48-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 21.04.с.2016, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи “Фут-Сервис”-и ҳамин шаҳр шуда, аз он ҷо 20-метр ноқилҳои барқии калонҳаҷм ва 40 метр ноқилҳои барқии хурдҳаҷм, ки маблағи умумии он 2200 сомониро ташкил медиҳад тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Имрӯз (08.07.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, ба ифтитоҳи Шӯъбачаи милитсияи деҳоти «Гулхас»-и ШВКД дар шаҳри мазкур ҳусни оғоз бахшид.
Ба ШВКД дар ноҳияи Нуробод зани 49-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки санаи 07.07.с.2016 шахси номаълум ба тариқи телефони мобилӣ ба ӯ занг зада, бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди фош кардани маълумотҳои беобрӯкунанда аз номбурда 760-сомонӣ ва 1-адад ангуштарини тиллоӣ, ки арзишаш 360-сомониро ташкил медиҳад, гирифтааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Нуробод бо гумони даст доштан дар ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Имрӯз (29.04.с.2014), дар толори бинои Марказии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро - номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳукуқшиноси шоистаи Тоҷикистон ба донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ ва шуъбаи байналмилалии Донишгоҳи мазкур дар мавзӯи «Зарурият ва аҳамияти омӯзиши фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дарси озод гузаронд.
Сараввал ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Эмомов Маҳмадисуф Сайдалиевич Вазири корҳои дохилиро ба ин даргоҳи илму маърифат хайра мақдам гуфта, роҷеъ ба ҳамкории байни мақомоти корҳои дохилӣ бо Донишгоҳи Миллӣ изҳори сипос намуд.
Имрӯз (01.10.с.2016), бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, варзишӣ ва аксияи «Шириниҳои шарқ» оғоз гардида, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон тақдим намудани шириниҳо дар назар аст.
Мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди шоҳмот, шашка, футболи хурд, волейбол, вазнбардорӣ ва тенниси рӯи миз бо шавқу рағбати зиёд ҷараён гирифта, баёнгари тарзи ҳаёти солими ин насли ояндасози миллат ба шумор меравад.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.