|
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аз ҷониби роҳбарияти ҶДММ “Дуэт” воқеъ дар шаҳри Душанбе муроҷиат ворид гардид, ки шаби 10 ба 11-уми октябри соли равон, тахминан соати 02:30-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи шикастани шишаи тиреза вориди утоқҳои кории ин корхона шуда, аз он ҷо се адад компютери тамғаи “Самсунг”, як адад таҷҳизоти нусхабардорӣ ва як адад таҷҳизоти гармидиҳандаи барқиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Арзиши умумии таҷҳизотҳои рабудашуда 3500-сомониро ташкил медиҳад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ, марди 25-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
06.10.с.2016, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар расидааст, ки дар ин рӯз тахминан соати 09:30-дақиқа, шахсони номаълум автомашинаи шахсии тамғаи “Чанху”-и марди 22-солаи сокини ноҳияи мазкурро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти зикргардида, ду нафар писарбачаи 17-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро дастгир намуданд.
Айни замон дар ин самт корҳои тафтишотӣ идома доранд.
11.10.с.2016, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ се нафар сокинони шаҳри Душанбе, ҷавонони синнашон 21 - 26-сола аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршудагон, дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, марди 30-солаи сокини маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанберо лату кӯб кардаанд. Сипас, ҷавони 26-сола бо корди дар дасташ буда як маротиба ба қафаси сина ва маротибаи дигар ба китфи чапи охирин задааст.
Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.
10.10.с.2016, ба мақомоти милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2013, марди 46-солаи сокини ноҳияи Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 27000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин бо чунин мазмун марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе шикоят бурдааст, ки моҳи декабри соли 2014, марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз бовариаш сӯиистифода намуда, 9500-доллари амрикоиашро гирифта, бозпас намегардонад.
Аз рӯи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
09.10.с.2016, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2103”, марди 62-солаи сокини шаҳри Панҷакент аз беэҳтиётиаш ҳангоми автомашинаи мазкурро дар ҳолати озод (холостой) гузоштан дар роҳи нақлиётгарди “Панҷакент-Моғиён”, ногаҳон автомашина ба ҳаракат даромада, ба ҷарии 10-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина зани 82-солаи сокини шаҳри мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.
10.10.с.2016, тахминан соати 12:00-дақиқа, ҳангоми ҳаракати қатораи мусофиркашонии хатсайри “Хушади-Қурғонтеппа”, дар километри 214 пикети №9, тепловоз таҳти идораи машинист марди 51-солаи сокини ноҳияи Вахш, марди 27-солаи сокини ноҳияи Бохтарро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
05.09.с.2016, тахминан соатӽои 06:00, аз ҷамоати Унҷи, кӯчаи Ҷ.Солиеви ноӽияи Б.Ғафуров, аз қисми қафои МТМУ №29, ҷасади ҷинсаш мард, шахсияташ номаълум, тақрибан 18-23 сола дарёфт карда шуд.
Нишонаҳои махсус: қадаш 165-170 см, мӯйи сараш сиёҳ, рӯяш даврашакл, биниаш рост, дар танаш куртаи варзишии хокистаранги остиндароз бо навиштаҷоти «CANADA», шими ҷинси рангаш кабуд ва дар пояш пойафзоли варзишӣ мебошад.
Мавриди қайд аст, ки якчанд рӯз пеш аз дарёфти ҷасади мазкур барномаи консертии ҳунарманди шинохта Баха-84 дар шаҳри Хуҷанд доир гардида, ӯ бо ҳамроҳии Баха-84 расм гирифтааст.
Бо назардошти ин, аз мухлисони ҳунарманд ва тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати муайян намудани шахсияти ҷасади мазкур бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, агар маълумоте дошта бошанд, бо «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21, (+992) 939 222 111 ё ба қисми навбатдории ШВКД дар шаҳри Б.Ғафуров бо рақами (83442)-3-22-35, 92-888-06-71 занг зананд.
Хотиррасон менамоем, ки муддати зиёда аз як моҳ мешавад, ки ҷасади мазкур дар сардхонаи ноҳияи Б.Ғафуров қарор дошта, шахсияташ то айни замон номаълум боқӣ мондааст (Дар расм аз тарафи рост якум).
Ба мақомоти милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 7-уми октябри соли 2016, тахминан соатҳои 22:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи ошкоро ба хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи А.Дониш ворид шуда, аз дасташ як адад телефони мобилии гаронарзиши тамғаи “Хотз М-1” ва 290-сомонӣ маблағи пулӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 9278-сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе ва шарики ӯ ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Файзобод, ҳар ду ҳам бекор, дастгир карда шуданд.
Муайян гардид, ки гумонбаршудагон дар ин рӯз инчунин вориди хонаи истиқоматии ҷавондухтари 18-солаи сокини кӯчаи А.Дониш шуда, аз дасташ 300-сомонӣ маблағи пулиашро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Далели шайъӣ гирифта шуд.
Нисбати ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия оиди ҳодисаи дуздӣ шикоят бурдааст, ки шаби 4-ум ба 5-уми октябри соли 2016, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди суратгирхонааш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳия шуда, аз он ҷо як адад наворбардори тамғаи “Panasonic”, як адад дастгоҳи суратгирӣ, 5-адад қувватдиҳанда, як адад лампаи равшанидиҳанда (прожектор), 3-адад флешкарта ва 400-сомонӣ пули нақдро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Молу таҷҳизоти дуздидашуда ҷамъ 10500-сомониро ташкил медиҳад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ ҷавони 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободро, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шудааст, дастгир намуданд. Далели шайъӣ гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
10.10.с.2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди кӯчаи Шевченкои шаҳри Душанбе марди 49-солаи сокини пойтахт аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони муомилоти ғайриқонунии метал ва сангҳои қимматбаҳо дастгир карда шуд. Хангоми кофтукови шахсӣ аз дастгиршуда 123-адад сангҳои қимматбаҳои навъи “Зумрад” ва 20-адад сангҳои навъи “Сапфир”, ёфта гирифта шуд.
Инчунин, ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматиаш 105-адад сангҳои навъи “Ёқут” дарёфт гардид. Мувофиқи маълумотномаи Назорати давлатии иёргирӣ сангҳои мазкур ба гурӯҳи сангҳои қимматбаҳо шомил буда, арзиши умумиашон 84010,75-сомониро ташкил медиҳанд.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
10.10.с.2016, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, марди 27-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Октябри ноҳияи мазкур, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, духтарчаи дусолаи сокини ҳамин кӯчаро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
09.10.с.2016, тахминан соати 17:30-дақиқа, ҳангоми ҳаракати қатораи мусофиркашонии Москва-Душанбе дар километри 4621 пикети №1-и истгоҳи роҳи оҳани “Айнӣ-Душанбе”, тепловози тамғаи №0300 таҳти идораи машинист, марди 56-солаи сокини шаҳри Душанбе ва ёрдамчии машинист марди 31-солаи сокини ш.Душанбе, марди 72-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст. Дар натиҷа марди солхӯрда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
08.10.с.2016 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 35-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров корманди яке аз ошхонаҳо дар ноҳияи Шаҳристон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.
Гумонбаршуда, рӯзи 07.10.с.2016, тахминан соати 22:40-дақиқа, дар ҳавлии ошхона, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 42-солаи ҳамдеҳа ва ҳамкори худ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба қафаси синааш задааст. Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Имрӯз (10.10.с.2016), бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи ҷамъбастӣ оид ба натиҷагириҳои фаъолияти ин ниҳод дар давраи 9 моҳи соли 2016 баргузор гардид, ки дар кори он сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон, роҳбарият ва ҳайати шахсии РВКД дар шаҳри Душанбе, ШВКД дар ноҳияҳои пойтахт ва дигар ҷузъу томҳои тобеи он ширкат варзиданд.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, алалхусус ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстримистидошта, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, пешгирии қонуншиканиҳо, вусъат бахшидани ҳамкориҳои судманд бо ҷомеа, саҳм гузоштан дар баргузории чорабиниҳои муҳими давлатӣ дар пойтахт ва дигар мавзӯъҳои марбут ба самти фаъолияти оперативӣ-хизматӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
08.10.с.2016, ба мақомоти милитсия зани 72-солаи сокини ноҳияи Панҷ оиди ҳодисаи дуздӣ муроҷиат намудааст, ки шаби 7-ум ба 8-уми октябри соли 2016 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 4-адад шиноснома, 24580-сомонӣ ва 49000-рубли русӣ, ҷамъ ба маблағи 30705-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар гумонбарӣ ба содир намудани ҷинояти дуздии мазкур марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия дастгир карда шуд.
Бо чунин мазмун зани 46-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки шаби 8-ум ба 9-уми октябри соли 2016, аз дохили хонааш шахси номаълум ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки арзиши умумиашон 120 000-сомонӣ меистанд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан дар ҷинояти дуздии мазкур ҷавони 17-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров дастгир гардид.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.