|
20.10.с.2016, ба мақомоти милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров шикоят бурдааст, ки санаи 28.01.с.2016, марди 34-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Порш-Кайен”, ки арзишаш 13000-доллари амрикоӣ мебошад, гирифта, то ҳол маблағашро барнамегардонад.
Гумонбаршуда дастгир гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, нозири мизи ҳарбии яке аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи мазкур бо ҷурми гирифтани пора дастгир гардид.
Гумонбаршуда, санаи 19-уми октябри соли 2016, аз зани 47-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ барои додани билети ҳарбии қалбакӣ ба писари 21-солааш маблағи 3000-сомониро ба сифати пора талаб карда гирифтааст. Далели шайъӣ гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ба мақомоти милитсия роҳбарияти Муассисаи таълимии ғайридавлатии гимназияи “Нур”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Х.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров оиди содир шудани ҳодисаи дуздӣ хабар доданд, ки шаби 5-ум ба 6-уми октябри соли 2016, тахминан соати 04:00-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди ҳуҷраи хазинадории гимназияи мазкур шуда, аз он ҷо ду адад ноутбуки тамғаи “Асер”, як адад принтери тамғаи “НР” ва як адад компютери тамғаи “LG”, ҷамъ ба маблағи умумии 10000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба далели дуздии мазкур зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, донишҷӯ, ҳамчун гумонбар дастгир карда шуд.
19.10.с.2016, тахминан соати 22:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Сиело”, марди 26-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”, дар километри 253-юми ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтании ноҳияи Деваштич бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста марди 70-солаи сокини деҳаи Хуҷаҳои ноҳияи Деваштичро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбати ятимону бепарасторон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро доимо таҳти парастории бевоситаи хеш қарор медиҳад. Дар ин асос, роҳбарияти ВКД ва Академияи он низ тадбирҳои мушаххас андешида, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар ин самт сармашқи кори хеш қарор медиҳанд.
Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар сол садҳо ҷавонон, фазандони ятиму бепарастор ба мактабҳои олии Тоҷикистон дохил ва соҳиби касбу ҳунар мегарданд. Дар Академияи ВКД низ як теъдод ятимону бепарасторон ва фарзандони кормандони милитсияе, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳалок гардидаанд, ба таҳсил ва ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Онҳо бо шароити зарурӣ, ҷойи хоб, хӯроки гарм, либос ва ашёи хониш пурра таъмин гардидаанд. Дар факултети №2-юм 130 нафар ятиму бепарасторон таҳти парасторӣ ва ғамхорӣ қарор доранд.
Бо ташаббуси роҳбарияти Академияи ВКД, дар заминҳои ҳудуди ин муассисаи таълимии тахассусӣ дар масоҳати 400 метри квадратӣ ҳавзи моҳипарварӣ ташкил карда шуд.
Тавре масъулин иброз намуданд, дар навбати аввал дар ин ҳавзи пуроб зиёда аз 250 дона моҳии навъҳои карп, сазан ва амури сафед парвариш карда мешаванд.
Онҳо ният доранд, ки дар оянда теъдоди ин навъи ҷонварони обиро афзоиш дода, бо ин роҳ захираи маҳсулоти ғизоиро дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.
Дар байни халқ бахусус пайравони дини Ислом мардум дар симо ё шахсияти «эшон», «суфӣ», «мавлавӣ» ва «мулло» нафари поку ботақво, росткирдору муъмини комил ва парҳезгор аз ҳар гуна корҳои ношоистаро медонанд. Инчунин, дар замони муосир нафароне, ки дар байни ҷомеа ҳамчун мулло ё шахси рӯҳонӣ шинохта мешаванд, онҳоро аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони ҷомеа ном мебаранд. Вале сад афсус, ки имрӯз баъзе ба ном муллоҳо аз дину мазҳаб ва оятҳои Қуръон ҳамчун воситаи пешбурди рӯзгори шахсӣ суистифода карда, дар асл ягон донишкадаи исломиро хатм накарда, танҳо бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи нафсонии худ, дар байни ҷомеа худро муллою табиб, қасидахону ҷинбарор ва мушкилкушои мардум муаррифӣ мекунанд.
Дар натиҷаи коркард ва чорабиниҳои оперативӣ кормандони Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташккили ВКД дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисор муллои мардумфиребу бадахлоқ Дустмуродов Ризоқул Хушмуротович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Шаҳринавро ҳамчун гумонбар дар қаллобӣ ва кирдорҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта, дастгир намуданд.
18.10.с.2016, тахминан соати 22:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, марди 53-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми ҳаракат дар километри 48-уми шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷаи чунин бархурд, ронандаи ин автомашина бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири он, марди 44-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
(Ҷамъбасти ҷаласаи Мушовараи ВКД) Дар рафти ҷаласаи Мушовараи ВКД сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон баромад намуда, интизоми иҷроия ва фаъолияти баъзе аз ҷузъу томҳои алоҳидаи мақомоти корҳои дохилиро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии кормандон таклифҳои судманд пешниҳод намуд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни ҷаласаи Мушовара сардорони ҷузъу томҳои алоҳида, аз ҷумла сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ, сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳҳоб, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Шафизода Рустам, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Фотеҳ Қунғуротзода ва дигар роҳбарони раёсат ва шӯъбаҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ баромад намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ дар давраи нӯҳ моҳи соли 2016 ҳисобот доданд.
(Идомаи ҷаласаи Мушовараи ВКД) Дар идомаи ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ, муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо зимни баромади хеш оид ба фаъолияти роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар самтҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, алалхусус мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонону наврасон, масъалаҳои ҳамкорӣ бо аҳолиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.
Қайд гардид, ки вазъи бақайдгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, бояд корҳои профилактикию фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шаванд.
Дар ҷараёни ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2016, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва тақвият бахшидани фаъолияти хизматӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Айни замон, муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар нуҳ моҳи соли 2016 баромад намуда истодааст.
Аз рафти ҷаласаи Мушовараи ВКД иловатан иттило дода мешавад.
16.10.с.2016, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” марди 25-солаи сокини шаҳри Сарбанд, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Қурғонтеппа, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии баландиаш 40-метр афтидааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашина зани 56-солаи сокини шаҳри Сарбанд бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ, дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофирони дигари автомашина писарбачаи 6-солаи сокини шаҳри Сарбанд ва зани 25-солаи сокини ноҳияи Вахш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Субҳи имрӯз (18.10.с.2016), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2016 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аъзои Мушовара, сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ оғоз гардид.
Ҷаласаи Мушовараро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, қайд кард, ки дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои зикршуда, тамоми ҳайати шахсӣ ва қувваю воситаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти таъмини амният, ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, ба хизмати пурзӯр сафарбар гардиданд.
Дар ноҳияи Бохтар пас аз рух додани ҳодисаҳои пайдарпайи дуздӣ, кормандони милитсия гумонбари онро муайян ва дастгир намуданд. Муайян карда шуд, ки ин ҷиноятҳоро ҷавони 18-солаи сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Гумонбаршуда, 24.09.с.2016, тахминан соатҳои 10 ба 13:00-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи мазкур шуда, аз он ҷо 2-адад ҷавоҳироти тиллоӣ ва 410-доллари амрикоӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 8220-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.