|
Аз 27 то 30-юми октябри соли равон дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди «Футболи хурд» миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи аъзоёни Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар ин мусобиқа дастаҳои футболбозон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тотористон ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди «Футболи хурд» рӯзи 27-уми октябр, соати 09:00-дақиқа, дар варзишгоҳи «Спитамен»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси мусобиқаи варзишӣ даъват карда мешаванд.
24.10.с.2016, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Гумонбаршуда, шаби 13 ба 14-уми октябри соли равон, тахминан соати 01:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиелло”-ро, ки ба марди 34-солаи сокини ҳамин шаҳр тааллуқ дорад, аз назди хонааш ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
24.10.с.2016, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе марди 24-солаи сокини ноҳияи Ишкошим, бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир гардид.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 16-адад сангҳои қимматбаҳои лаъли Бадахшон, дарёфт ва мусодира карда шуд. Муайян карда шуд, ки 1-карати сангҳои мазкур 1100-доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
24.10.с.2016, тахминан соати 13:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 30-солаи сокини ноҳияи Хуросон ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Шурбулоқ ба самти деҳаи Ворошилови ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, писарбачаи 5-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппаро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Имрӯз (24.10.с.2016), дар толори маҷлисгоҳи ВКД ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ дар назди Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони Сарраёсат, Раёсатҳо, РВКД дар шаҳри Душанбе, ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои пойтахт ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ иштирок доштанд.
Дар рафти ҷаласа,масъалаҳои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа ва омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
22.10.с.2016, ба мақомоти милитсия зани 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ оиди ҳодисаи дуздӣ муроҷиат намудааст, ки санаи 14.10.с.2016, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо 3000-сомонӣ пули нақд ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 5000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳияро дастгир намуданд.
23.10.с.2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғон, ду нафар писарбачаи 16 ва 17-солаи истиқоматкунандагони ноҳияи Деваштич бо гумони содир намудани дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршудагон, шаби 19 ба 20-уми октябри соли 2016, бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия шуда, аз он ҷо як адад “Ноутбук”, як адад таҷҳизоти наворбардорӣ ва якчанд намуд телефонҳои мобилӣ, ҷамъ ба маблағи 4791 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
22.10.с.2016, тахминан соати 19:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 29-солаи сокини ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Истаравшан-Зафаробод”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалол, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, марди 65-солаи сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷаи рух додани чунин садамаи нохуши нақлиётӣ, пиёдагард бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” марди 31-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Шаҳритус”, дар километри 118-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори роҳ чаппа кардааст.
Дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти таъминот бо маҳсулоти ватанӣ ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ заминҳои ҳудуди бинои нави Академияро бомақсад ва пурмаҳсул мавриди истифода қарор додааст.
Имрӯз (22.10.с.2016), роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва курсантони Академияи ВКД дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили карам дастаҷамъона саҳми худро гузоштанд. Кишти такрории карам масоҳати 25 сотихро дар бар гирифта, бо кӯшишу ғайрати ҳайати сафарбаргардида дар маҷмӯъ 8 тонна ҳосили босифати карам ҷамъоварӣ шудааст.
21.10.с.2016, тахминан соати 11:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ-Х5”, сокини 17-солаи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди маҳаллаи 27-уми шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, писарбачаи 11-солаи сокини ҳамин маҳалларо пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ба мақомоти милитсия марди 59-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки санаи 17.10.с.2016, тахминан соатҳои 19:00-дақиқа, дар ҳудуди деҳаи Пахтаобод ду нафар марди 26 ва 43-солаи сокинони ҳамин деҳа бо роҳи зӯроварӣ аз кисаи либоси варзишиаш як адад телефони мобилии тамғаи “Нокиа”, ду адад симкорт ва диски хотиравиашро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гумонбарони ҷинояти ғоратгарӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.
Имрӯз (21.10.с.2016) дар маҷлисгоҳи қисми низомии 3502 Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии роҳбарият ва ҳайати хизматчиёни қисми низомӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Зимни вохӯрӣ нозир-котиби матбуотии Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, кор бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Сарраёсати пешгирии коррупсионии Агентӣ лейтенанти адлия Фаромӯз Раҳмонзода ва нозири калони ҳамин сарраёсат лейтенанти адлия Акрамзода Ёсумани Абдуҳалим дар мавзӯъҳои мубориза бо коррупсия дар доираи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ, огоҳнамоии ҷавонон аз хатарҳои шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию ифротгароӣ дошта сӯҳбати озод гузарониданд.
Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи дружинаҳои ихтиёрӣ нишон дод, ки тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» таҳти №566 аз 03.12.с.2009 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №400 аз 02.08.с.2010 «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Дружинаҳои ихтиёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ 73 ситодҳои дружинаҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд, ки 17197 нафар дружиначиёнро муттаҳид намудаанд.
Дар муддати 9 моҳи соли 2016 ба сафи дружинаҳои ихтиёрӣ 608 нафар қабул ва 336 нафар бо сабабҳои узрнок (беморӣ, хатм кардани муассисаи таълимӣ, тағйир додани макони зист ва ҷойи корӣ ва ғайра) озод карда шудаанд.
Имрӯз (21.10.с.2016), Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои сохтмонию ободонӣ дидан намуд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовинони Вазир ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ба мақомоти милитсия марди 48-солаи сокини ноҳияи Панҷ оиди ҳодисаи дуздӣ муроҷиат намудааст, ки шахси номаълум моҳи августи соли 2014 бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз дохили сандуқ 234000-рубли русӣ ва 1000-доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ марди 22-солаи сокини ҳамин ноҳия дастгир карда шуд.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.