|
Имрӯз (07.11.с.2016) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон, аз ШВКД дар ноҳияи Қубодиён дидан кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсии шуъбаи мазкурро ба муносибати ҷашнҳои «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи милитсия» табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои бар дӯшдошта муваффақиятҳо таманно кард.
Мавсуф зимни мулоқот аз ҷумла қайд намуд, ки дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ, махсусан ба муқобили терроризм, экстремизм, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пеш ва муайян намудани шахсони дар кофтуков қарордошта ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, кормандони митлитсия бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, бо нерӯи тавоно ҷидду ҷаҳд намоянд.
Имрӯз (07.11.с.2016) дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз шароити хизматбарии ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ ба шуъбаи мазкур ташриф овард.
Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин раиси ноҳияи Дӯстӣ Салоҳиддин Раҷабзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Ҳангоми вохӯрӣ бо ҳайати шахсии шуъба, Вазири корҳои дохилӣ онҳоро ба муносибати «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи милитсия» табрик гуфта, дар фаъолияти корӣ ва зиндагиашон комёбию бурдбориҳо таманно намуд.
Имрӯз (07.11.с.2016) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон, дар ноҳияи Ҷайҳун, бо шаҳрвандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷанговарони интернатсионалист вохӯрӣ доир намуд.
Дар рафти мулоқот Вазири корҳои дохилӣ аз ҷумла қайд кард, ки Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ нисбати собиқадорони мақомоти милитсия пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, ба муносибати ҳар гуна ҷашну маросимҳои миллӣ кӯмаки моддию молӣ мерасонанд.
Имрӯз (07.11.с.2016) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Хатлон, аз шароити корӣ ва фаъолияти хизматии кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун шиносоӣ пайдо намуд.
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсии шуъбаи мазкурро бо ҷашнҳои «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи милитсия» табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар ин вазифаи мураккабу пуршараф бурдбориҳоро таманно кард.
Қайд гардид, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамалакат вазъи иҷтимоӣ ва шароити кории кормандони милитсия сол аз сол беҳтару хубтар гардида, чунин шароит имконияти бештареро дар фаъолияти хизматӣ фароҳам овардааст.
Имрӯз (07.11.с.2016) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон, ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Панҷ ташриф оварда, аз шароити хизматбарии ҳайати шахсии ин ниҳод шиносоӣ пайдо намуд.
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсии шуъбаи мазкурро бо «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иди касбии «Рӯзи милитсия» табрик намуда, ба онҳо дар ҷодаи фаъолияти хизматӣ комёбиҳои беназирро таманно намуд.
Имрӯз (07.11.с.2016) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба вилояти Хатлон сафари хизматӣ намуда, бо кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки дидбонгоҳи махсуси дастаи мазкур дар ноҳияи Панҷ қарор дорад, вохӯрӣ доир намуд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз рафти хизматбарӣ, шароити моддӣ-маишӣ ва омодагӣ ба давраи зимистони кормандони ин ниҳод шиносоӣ пайдо намуда, оиди беҳтару хубтар ба роҳ мондани рафти хизмат ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Имрӯз (05.11.с.2016), дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсия чорабинии идона баргузор гардид.
Дар ин ҷамъомади тантанавӣ сардори Академия номзади илмҳои ҳуқуқ полковники милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмон, мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Қудратулло Ғуломов, сардабири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа»-и Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шералӣ, раиси шӯрои собиқадорони Академия полковники мустаъфӣ Ғуломов Мурод, устодон ва муҳасилини ин боргоҳи илм иштирок намуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва ба он то имрўз 3 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Мақсад аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ин пеш аз ҳама ҳамқадами замони муосир будан аст - қайд карда шуд, рўзи 4 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ.
Дар чорабинӣ бахшида ба Рўзи Конститутсия мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сафарзода Анвар Ислом дар мавзўи «Конститутсия ва моҳияти он» маърўза намуд, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
04.11.с.2016, ба мақомоти милитсия зани 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки дар муддати се моҳ ҷавони 22-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди бе обрӯ кардани духтари 21-солааш аз ӯ ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 2300-сомониро талаб карда, гирифтааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ба ШВКД дар шаҳри Қурғонтеппа марди 23-солаи сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки шаби 30.10.с.2016, тахминан соати 02:00-дақиқа шахсони номаълум пинҳонӣ 4-адад чархҳои автомашинаи шахсиаш, тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро, ки дар назди хонаи истиқоматиаш меистод, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар марди 25 ва 26-солаи сокинони шаҳри Сарбанд бо гумони дуздӣ дастгир гардиданд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.
Нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад.
Имрӯз (04.11.с.2016) дар Раёсати минтақа ва ноҳияи Рашт бахшида ба 22-юмин солгарди ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсати мазкур машғулияти хизматӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ директори китобхонаҳои системаи марказонидашудаи ноҳияи Рашт Маҳмадлоиқ Носиров баромад намуда, дар бораи таърихи пайдоиш ва рушди Конститутсия – дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ва таҷассумгари ҳуқуқу озодиҳои мардуми тоҷик суханронӣ намуд.
Бо мақсади тарғиби рушди варзиш ва ривоҷу равнақ додани варзиш дар байни ҳайати шахсии РВКД дар ВМКБ ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо супориши бевоситаи сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода А.М. баҳри такмили минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ, инчунин хотирмон гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ бахшида ба муносибати «Рӯзи милитсияи тоҷик» бозиҳои варзишӣ аз намуди волейбол, футболи хурд, тениси рӯи миз ташкил карда шуда, идома доранд.
Бозиҳои варзишӣ аз тарафи корманди Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ капитани хизмати дохила Ҳокимбеков Х.Ф. назорат ва баҳогузорӣ карда мешаванд.
Имрӯз (04.11.с.2016), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола -6-уми ноябр таҷлил мегардад, дарси хизматӣ баргузор гардид.
Дар машғулияти хизматӣ бо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ омӯзгорони Академияи ВКД Тошов Амирхон Мансурович ва Юсуфзода Акмал Қаюм дар мавзӯҳои «Моҳият ва мафҳуми Конститутсия» ва «Аҳамияти таърихии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.
Ба қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи Ёвон хабар расид, ки шаби 29 ба 30-юми октябри соли 2016, тахминан соати 01:20-дақиқа, шахсони номаълум вориди ҳуҷраи нуқтаи сӯзишвории ҶДММ “Дӯстӣ” воқеъ дар ноҳияи Ёвон шуда, бо тариқи зӯроварӣ дасту пойи корманди нуқтаи сӯзишворӣ, марди 28-солаи сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро баста, аз ҷайбаш 1140-сомонӣ пули нақд ва телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ се нафар сокинони ноҳияи Ҷайҳун, ҷавонони 25, 27 ва 30-соларо, ки ду нафари онҳо қаблан бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, дастгир намуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.