|
13.11.с.2016, тахминан соати 11:30-дақиқа, аз дохили канали обгузари ҳудуди ҷамоати деҳоти Дурбади ноҳияи Ҳисор, ҷасади марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, бо захми пушти сар дарёфт гардид. Ҳамчунин дар километри 12-уми канори шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, автомашинаи шахсии марҳум тамғаи “Опел-Зефира” дарёфт карда шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти Прокуратура рӯзи 14-уми ноябри соли равон, муайян карда шуд, ки се нафар марди 46, 47 ва 51-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва марди 61-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷинояти куштор даст доштаанд.
Айни замон гумонбаршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор дода, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.
Замоне Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифт, ки Ватан дар ҳоли нестшавӣ қарор дошт ва ин Ватан ба фарзанде эҳтиёҷ дошт, ки онро аз фалокатҳо раҳо намояд. Дар он замон, хушбахтона, фарзанди барӯманди миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷасоратҳои худ тавонист миллати тоҷикро сарҷамъ намояд, - иброз гардид дар чорабиние, ки бахшида ба «Рӯзи Президент» дар қисми низомии 5453-и Раёсати Қушунҳои дохилии ВКД бо иштироки ҳайати шахсии ин қисми низомӣ ва сарбозон баргузор гардид.
Дар он муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, фарҳангшинос Ҷонибеки Асрориён ва ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Раҷабов суханронӣ намуданд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хабари дар шабакаи интернет дарҷ гардида: «Росбалт: В Москве началась «война» между таджикскими мафиози» иттило медиҳад, ки Муҳаммадиев Лутфулло Абдуҳамидович, командири ягон воҳидоти махсуси ВКД набуда, танҳо ба ҳайси корманди оперативии яке аз раёсатҳои ВКД фаъолият намудааст, ки 15 сол пеш, яъне соли 2001 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани амале, ки ба шаъну эътибори корманди милитсия доғ меорад, аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шудааст.
Нисбати гурӯҳҳои тоҷикони «мафиозе», ки гӯё дар Федератсияи Россия барои «нуфуз» ҷангу ҷанҷол карда бошанд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ахборот ворид нагардидааст.
Ба мақомоти милитсия соҳибкор, марди 32-солаи сокини ноҳияи Ашт муроҷиат намудааст, ки тахминан моҳи сентябри соли 2016, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозааш, воқеъ дар назди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо якчанд намуд қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳои тамғаҳои гуногун, ҷамъ ба маблағи 8040-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи мазкур дастгир карда шуд. Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуд.
Рӯзи 12.11.с.2016, тахминан соати 15:50-дақиқа, дар бозори “Сафина”, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синаи марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия задааст, ки дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Ҳангоми гузаронидани ҷорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, гумонбари ҳодисаи мазкур дастгир гардид.
Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон И.К., сокини ноҳияи Турсунзода, дар давлати Сурия дар ҷанги муқобили сохти конститутсионии давлати Сурия иштирок карда, ҳамзамон хешу табор ва дигар шаҳрвандони Осиёи Миёнаро ба гурӯҳи террористии ДОИШ ҷалб мекард.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бародари ӯ И.Ҷ., ки мехост барои дар амал татбиқ намудани амалҳои террористӣ ва иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия бо супоришҳои аз бародараш гирифта ба давлати Сурия сафар намояд, дар фурудгоҳи шаҳри Москваи Федератсияи Россия аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дастгир карда шуда, ба Ватан баргардонида шуд.
Зимни гузаронидани дигар чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба воситаи бародари дастгиршудаи И.К., шаҳрванд И.Ҷ., дар натиҷаи амалиёти якҷояи кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Хадамоти Федеролии амният (ФСБ), дар шаҳри Москва ва шаҳри Санкт-Петербург 12 шаҳрвандони Осиёи Миёна, ки қасди содир намудани амалҳои террористиро дар Федератсияи Россия ва қаламрави Осиёи Миёна доштанд, дастгир карда шуданд.
Аз дастгиршудагон миқдори зиёди маводи тарканда ва силоҳи оташфишон дарёфт ва мусодира карда шуд.
Барои халал ворид накардан ба рафти тафтишоти пешакӣ мақомоти корҳои дохилӣ аз овардани ному насаби онҳо худорӣ менамояд.
Мавриди қайд аст, ки кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда ба ҳаммаслаки ин гурӯҳ баромада тавонистанд ва дар бораи ҳамаи аъзоёни гурӯҳ маълумот гирифтанд. Пас аз он маълумотҳо ба ҳамкорони Хадамоти Федеролии амнияти (ФСБ) Федератсияи Россия пешниҳод гардиданд.
Амалиёти мазкур бори дигар намунаи олии ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва хадамотҳои махсуси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро нишон медиҳад.
Бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Истиқлолият беҳтарин арзишест, ки ҳастии халқу миллатро ифода намуда, орзуву омоли ватандориро дар худ таҷассум мекунад. Саҳифаҳои таърих гувоҳ аст, ки Истиқлолият ҳар давлатро ба осонӣ муяссар намегардад. Ватани ҷоноҷони мо Тоҷикистон низ то расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ монеаву мушкилиҳои зиёдеро паси сар кард, вале хиради азалии тоҷикона ва ақлу иродаи созандаи фарзанди бонангу номуси миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Асосгузори Тоҷикистони мустақил Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки дар Тоҷикистон ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву оромӣ ва ҳамдиливу хушбахтӣ оқибат тантана кунад.
Саҳми сохтору мақомотҳои давлатӣ аз ҷумла мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ зери роҳбарии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва Истиқлолияти комили Тоҷикистони ҷавон хеле назаррас аст. Чун 16-уми ноябр «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эътироф шудааст, мехоҳем саҳифаҳои таърихӣ ва дастовардҳои мақомоти милитсияро дар даврони Истиқлолият, ки дар асоси дастгириву ғамхориҳои беназири Сарвари давлат рӯи даст омадааст, варақгардон кунем.
Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус зани 43-солаи сокини ҳамин ноҳия оиди ҳодисаи дуздӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 7-уми ноябри соли 2016, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, се адад телефонҳои мобилии тамғаи «Fly», «Nokia” ва 350-сомонӣ маблағи пулиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Арзиши умумии молу амволи дуздидашуда 2500-сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздии мазкур марди 28-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппаро дастгир намуданд.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
11.11.с.2016, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бинобар суръати баланд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, автомашинаро дар заминҳои кишоварзӣ чаппа намудааст. Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони дохили автомашина се нафар ҷавондухтари 18-20-сола ва ду нафар ҷавони 20-сола, ҳама сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Имрӯз (11.11.с.2016), дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар вилояти Хатлон машғулияти хизматӣ дар мавзӯи «Садоқат ба Президент - садокат ба Ватан» бо иштироки ҳайати шахсӣ ва олимону сиёсатшиносон баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадҷон ҳайати шахсии раёсатро ба муносибати таҷлили «Рӯзи Президент» ва Иди касбӣ табрик гуфт.
Имрӯз (11.11.с.2016), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Вазорат дарси хизматӣ доир гардид, ки дар он муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД майори милитсия Бахтиёр Самиҳов дар мавзӯи «Садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан» баромад намуд.
Нахуст, устоди Академияи ВКД Бахтиёр Самиҳов ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати таҷлили Иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва фарорасии «Рӯзи Президент» табрик намуд.
Имрӯз (10.11.с.2016), дар толори Кохи Ваҳдати пойтахт бахшида ба «Рӯзи милитсия» ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.
Бо мақсади беҳбуд бахшидан ба рафти фаъолияти кормандони милитсия, аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Имрӯз (10.11.с.2016) ба муносибати ҷашни «Рӯзи милитсия» дар шафати бинои асосии ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои дуошёна иборат аз 9 ҳуҷра ба истифода дода шуд.
Имрӯз (10.11.с.2016), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовинони Вазир, сардорони раёсат ва хадамотҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи милитсия» ва пос доштани хотираи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ қаҳрамонона ҳалок гардидаанд, дар назди муҷассамаи ёдгории ин абармардони шуҷои Ватан гулчанбар гузоштанд.
Нақши созгор ва арзандаи кормандони милитсия, ки дар роҳи сулҳу осоиштагӣ, ободии Ватан, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷоннисорӣ намудаанд, ҳаргиз аз ёдҳо зудуда нахоҳад шуд.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.