Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти Вазири корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи Модар

 Табрикоти

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро
дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар

07.03.с.2018                                           ш. Душанбе

Муҳтарам меҳмонон, бонувони азиз,
ҳамкасбон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҷашни зебою фархунда - Рӯзи Модарро ба шумо табрику таҳният намуда, бароятон cаодату хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори ободу осударо таманно менамоям.
Дар ин лаҳзаҳои бузургиву шаҳомат, лутфу назокат ва меҳрубониву самимият, ки моро гирди ҳам овардааст, зарур медонам, ки мавқею саҳми занонро дар ҷомеа, бахусус дар мақомоти корҳои дохилӣ қайд намоям.
Нақши занро шоири бузург Мирзо Турсунзода аз азал дуруст дарҷ кардааст:
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.

Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Ё ин ки шоири дигаре менависад:

Биҳишт, эй ҳамдилон, зери қудуми модарон бошад,
Ҳама дарди ҷаҳон дар қалби модарҳо ниҳон бошад.

Дуъои ҷони фарзандаш кунад дар ҳар ибодат ӯ,
На дар фикри ғами дунё, на дар моли ҷаҳон бошад.

Зан пеш аз ҳама модар, хоҳар, ҳамсар ва дӯсти наздик ба ҳисоб меравад. Зан зеботарин офарандаи ҳастии рӯи замин аст.
Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фурӯд меоранд.
Рӯзи Модар ҳамасола 8 март, яъне дар фасли баҳор таҷлил мешавад.
Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад.
Ин гуфтаҳои Роҳбари давлат нисбати занҳо мебошад.
Дар баробари ба дунё овардани тифл ва тарбияи фарзанд, мушкилоти зиндагӣ боз таъмини суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткориро бар ӯҳда доштан, ин масъулияти баланди занро дар ҷомеа нишон медиҳад ва ман шахсан инро фахр меҳисобам.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз занони мақомоти корҳои дохилӣ, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояткорӣ хизмати софдилона намуда, дар пешгирии ҳама намуди ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми босазо мегузоранд.
Бузургии зан-модар дар рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории ӯ таҷассум меёбад.
Зеро дар ҳама давру замон занон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ, раҳму шафқат, меҳрубонӣ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдат, дӯст доштани Ватан ва ба кору амалҳои неку созанда даъват мекарданд ва имрӯз низ, ин рисолатро онҳо ба зимма доранд.
Имрӯз дар ин чорабинии пуршукӯҳ занҳои фаъоли кишвар, намояндагони идораву сохторҳои давлатӣ, бонувоне, ки дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ - иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми арзанда доранд, иштирок мекунанд. Ман бо камоли эҳтиром барои даъвати моро пазируфтан ва дар ин маҳфили зебо ширкат намудан, ба Шумо изҳори миннатдорӣ менамоям.
Бояд қайд намуд, ки ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмию фарҳангӣ, таълимӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат сол аз сол тақвият ёфта, дар ин замина онҳо дар кулли чорабиниву маъракаҳое, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ доир карда мешаванд, фаъолона иштирок менамоянд.
Бо назардошти боло бурдани мавқеи зан, бунёди ҷомеаи солим, пойдории оилаҳои ҷавон ва тарбияи фарзандони боақлу соҳибмаърифат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармони махсус “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба тасвиб расид, ин иқдом ҷиҳати саҳми занон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат заминаи боэътимод ба шумор меравад.
Мавриди қайд аст, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ соли 2018 “Соли рушди сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида, занону бонувони кишвар, ки бо ҳунару истеъдоди волояшон таҷассумгари арзишҳои миллӣ ва фарҳангу тамаддуни пурғановати ниёгонамон мебошанд, имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар ҳунару эъҷози нотакрори худро ба мардуми кишвар муаррифӣ менамоянд.
Ин иқдоми накӯ аз ҷониби кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ низ муҳим арзёбӣ гардида, дар баробари пеш бурдани фаъолияти хизматӣ ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ аз тамоми кормандони милитсия тақозо карда мешавад, ки бо шаҳрвандон, алалхусус шаҳрвандони хориҷӣ муоширати хуб дошта, хушмуомила бошанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯзҳо садҳо нафар занони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, бо саҳмгузорӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, аз худ истеъдоду лаёқати баланди корбарӣ, вафодорӣ ва садоқат ба ин пешаи пурифтихорро зоҳир менамоянд.
Айни замон дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1600 нафар занон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора зиёда аз 80 - нафар дар ҳайати роҳбарикунанда масъулияти баланди касбиро ба ӯҳда доранд. Ҳамасола бо дастгирию ғамхории Президенти кишвар ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҷашну маъракаҳо онҳо барои хизмати софдилона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ ва садоқат ба давлату миллат бо ордену медалҳо ва тӯҳфаю мукофотҳои пулию молӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

Бонувони азиз!

Бори дигар, бо камоли эҳтирому самимияти беандоза Шуморо аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва шахсан аз номи худам бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ба аҳли оила ва наздиконатон саломативу сарбаландӣ, умри дарози пурбаракат, рӯзгори хушу хонаи обод ва дар хизмати пуршарафатон барору комёбиҳо орзу менамоям.

Ташаккур ба диққататон!


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад