Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ

153

Бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин такмили минбаъдаи тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ, ҷалби кормандон ба машғулиятҳои мунтазами ҷисмонӣ ва муайян намудани варзишгарони болаёқат байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мусобиқаҳои варзишии даставӣ ва шахсӣ оғоз гардид.

151152154155

Мусобиқаҳои варзишии даставӣ ва шахсӣ аз намудҳои давидан ба масофаи 4 ҳазор метр ва 100 метр, вазнкашӣ дар турник, вазнбардорӣ дар брус, волейбол ва футболи хурд, миёни кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ШВКД дар шаҳри Хоруғ, Дастаи таъиноти махсуси милитсия, Ротаи алоҳидаи фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилӣ ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, баргузор мегардад.
Бояд қайд кард, ки ғолибони мусобиқаҳо ва варзишгарони беҳтарини дастаҳо аз ҷониби роҳбарияти РВКД дар ВМКБ бо Ҷом, медал, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Раҷаббек Илёсов, Далер Чоршанбе.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика