Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомҳои ғолибияти динамочиён дар мусобиқаи «Панкратиони муосир»

45

10-уми марти соли равон, дар арафаи таҷлили «Иди байналмилалии Наврӯз» бо ташаббуси Федератсияи панкратиони муосири ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди «Панкратиони муосир» дар байни варзишгарони ҷавону наврас баргузор гардид.

46

Дар ин мусобиқаи варзишӣ, ки мухлисону ҳаводорони зиёдеро аз субҳи барвақт ҷамъ овард, варзишгарони ҷавону наврас дар 5 дараҷаи синну сол, аз 9 то 18-сола ва аз он боло дар вазнҳои худ қувваозмоӣ намуда, барои ба даст овардани мақоми ғолибият саъю кӯшиш карданд.
Дар натиҷаи рақобатҳо байни ҳамсолону ҳамвазнон, ки дар чанд давр идома ёфт, варзишгарони аъзои ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ 4 мақоми аввал, 5 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дар синни 12-13 сола, дар вазни 28 кг Муҳаммадҷон Абдуллоев ҷойи якум, Илёс Муҳамадиев ҷойи дуюм, дар синни 14-15 сола дар вазни 48 кг Зоҳир Маҳмудов, дар вазни 52 кг Шерзоди Фаррух ҷойи 1, Тоҳир Мирмамадзода ҷойи 2 ва Суруш Дӯстов ҷойи 3-юм, дар вазни 62 кг бошад, Насим Ҳайдаров ҷойи 2-юмро соҳиб гардиданд.

Ҳамин тариқ, дар синну соли 16-17 сола дар вазни 57 кг Наврӯз Эмомов мақоми аввал, Абдураҳмон Баҳодуров зинаи дуюм, дар синни аз 18-сола боло дар вазни 57 кг Маҳмаддовуд Ҷобиров ҷойи аввал, дар вазни 61 кг Эраҷ Раҳмонов ва Муҳаммад Саидов дар вазни 65 кг ҷойҳои сеюмро соҳиб гаштанд.

4748

Варзишгарони ғолиби мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ бо медалу Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии варзишии мазкур, ин пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи варзиш ва ҳаёти солим дар ҷомеа ва такмили маҳорати варзишии ҷавонону наврасон мебошад.

Хисрав Солиҳов
подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика