Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзишӣ аз намуди шоҳмот дар байни ҷавондухтарони шаҳри Хоруғ

28

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри ташаккули афкори ҷавонони лоиқи ин кишвари обод қиёснашаванда мебошад.
Боиси қайд аст, ки варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ буда, миёни варзишгарони ҷавон ва дигар қишрҳои ҷомеа рафоқат, ваҳдату бародариро равнақ бахшида, онро мустаҳкаму устувор менамояд. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД дар ВМКБ ба пешрафти ин соҳаи муҳими ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, барои инкишофи он тамоми чораҳоро роҳандозӣ менамоянд, ки сол то сол зиёд гардидани сафи варзишгарон ва ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ гардидани шаҳрвандони кишвари мо аз он шаҳодат медиҳад.
Вобаста ба ин, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри рушду нумӯи варзиш диққати махсус зоҳир намуда, пайваста дар ин самт чорабиниҳои гуногунро доир менамоянд.

29

Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва мустаҳкам намудани тайёрии ҷисмонии ҷавонон бо дастгирии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бахшида ба «Рузи Модар» мусобиқаи варзишӣ аз намуди шоҳмот дар байни ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва шаҳри Хоруғ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ҷамъбаст ғолибони мусобиқаи варзишӣ бо маблағи пулӣ ва Ифтихорномаҳо аз тарафи роҳбарияти РВКД дар ВМКБ қадрдонӣ карда шуданд.
Далер Чоршанбе, Назарзода Ҳакимҷон, ВМКБ.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика