Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаҳои варзишӣ миёни муассисаҳои касбии таълимӣ

620

Дар муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе маросими кушодашавии мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои волейбол, шашкаву шоҳмот ва тенниси рӯйи миз миёни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ибтидоии касбӣ, литсейу коллеҷҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид. Ин сабқатҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир карда шуда, ташаббускорони он - Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон мебошанд.

621

Дар маросими кушодашавии мусобиқаҳо, аз ҷумла сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фатозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор, сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулшанзода Раҷабалӣ Гурез, мудири шуъбаи таблиғотии ҲХДТ Маҳмадулло Наимов, мудири шуъбаи таблиғотӣ ва иттилоотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Қурбонгул Қурбонмамадова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сардори ХПҲНҶ полковники милитсия А.Фатозода зимни баромади худ иброз намуд, ки мақсад аз баргузор намудани чунин мусобиқаҳо, пеш аз ҳама, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон мебошад. Дар ин замина, мо метавонем насли ояндасозро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намуда, аз амалҳои номатлуб ва оворагардӣ боз дорем.

623622

Акнун варзишгарони беҳтарин низ метавонанд минбаъд дар мусобиқаҳои олии кишвар иштирок намуда, яке аз парчамбардорони ватани хеш гарданд.
Бояд зикр намуд, ки мусобиқаи мазкур давоми як моҳ идома ёфта, варзишгарони ғолиб бо туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда мешаванд.
Абдулло ШОҲИЁН,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика