Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти футболи хурд байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ»

610

Бо ташаббуси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Раёсатҳо ва Шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Душанбе, Вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ тӯли зиёда аз 2 моҳ дар сартосари ҷумҳурӣ дар байни наврасони солҳои таваллудашон 2005, таҳти шиори «Варзиш - барои тарзи ҳаёти солим ва зидди нашъамандӣ» мусобиқаи даставии футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» доир карда шуд.

611612613614

Рӯзи 2-юми феврали соли ҷорӣ дар Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо» ҷамъбасти ин сабқатҳо дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, бо иштироки намояндагони Федератсияи футболи мамлакат, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар сохторҳову мухлисони варзиш ва дастаҳои ғолиб баргузор гардид.
Дар ҷамъбаст қайд карда шуд, ки баргузории мусобиқаи мазкур барои дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ дар байни насли наврас ва пешгирии кирдорҳои номатлуб миёни наврасон роҳандозӣ гардида, футболи хурд байни наврасон аввал дар минтақаҳову ҷамоату шаҳрак, сипас байни шаҳру ноҳияҳо сурат гирифт.
Дар мусобиқа байни наврасони шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 16 даста, бо шумули 192 варзишгар ва 16 мураббӣ ширкат намуданд.
Ниҳоят ғолибон муайян гардида, бо Ҷом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамин тариқ, ҷойи аввал насиби дастаи ШВКД дар шаҳри Ваҳдат гардид. Ҷойи дуюмро тими наврасони Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино ба даст оварда, ҷойҳои сеюмро бошад, дастаҳои варзишии Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Варзоб ишғол намуданд.

615616

Инчунин, Рофеъ Зоиров, аз дастаи Ваҳдат - «Дарвозабони беҳтарин», Самар Ҳаётов аз дастаи Шаҳринав - «Ҳимоятгари беҳтарин», Шоҳрух Оев аз дастаи Варзоб - «Ҳамлагари беҳтарин», Некрӯз Шукуров аз дастаи Ваҳдат - «Нишонзани беҳтарин» ва Амрулло Самадзода аз дастаи Шаҳринав - «Бозингари беҳтарин» ва Сарахон Эмомов ҳамчун «Довари беҳтарин» дониста шуда, бо Ифтихорномаву тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки Вазорати корҳои дохилӣ яке аз ташаббускорони асосии мусобиқаҳои футбол дар ҷумҳурӣ буда, бо дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар гӯшаву канори мамлакат оммавияти варзиш ба таври густурда ба роҳ монда шудааст. Ин аст, ки имрӯзҳо мусобиқаи футболи хурд дар байни бонувон, ҷавонон ва собиқадорон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ», бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бомаром ҷараён дорад.

Наврӯз ҶОБИРОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика