Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди "Футболи хурд" дар ноҳияи Данғара

589

Рӯзи 3-юми январи соли 2019 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати тақвият бахшидани варзиш дар байни наврасону ҷавонон ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди "Футболи хурд" байни наврасону кӯдакон барои дарёфти "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ "оғоз ёфт.

590

Дар мусобиқаи мазкур 13 даста аз ҳисоби наврасону кӯдакони соли таваллуди 2005 боло иштирок намуда истодаанд.
Рафти мусобиқа бо ҷалби устодони варзиш доварӣ карда шуда, ғолибон баъди анҷоми мусобиқа бо туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти ШВКД дар ноҳияи Данғара сарфароз гардонида мешаванд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика