Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РВКД дар ВМКБ: Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ»

467

Рӯзи 29-уми декабри соли 2018 дар қисми низомии 3503-и қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ маросими ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозиҳои варзишӣ аз намуди волейбол, шоҳмот, шашка, тениси рӯи миз ва дигар навъҳои варзиш байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ аз санаи 15-ум то 23-юми декабри соли равон ташкил ва гузаронида шуд. Варзишгарон байни ҳам сабқат намуда, маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.

469470471

Дар чорабинии имрӯза Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД полковники милитсия Рауфзода Суҳроб ва роҳбарияти РВКД дар ВМКБ иштирок намуда, барои иштироки фаъолона варзишгаронро табрик намуданд.
Сипас, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо Ифтихорномаву Сипоснома, маблағҳои пулӣ ва «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» қадрдонӣ карда шуданд.
Қобили қайд аст, ки бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи дустӣ миёни ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Вазири корҳои дохилӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои гуногуни варзиш барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор мегардад.
Эҳсон Абдуллозода
Далер Чоршанбӣ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика