Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории мусобиқаҳои варзишии бокс ва волейбол дар вилояти Суғд

569

Бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар давраи аз 20-ум то 25-уми декабри соли равон бахшида ба «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои бокс - байни ҷавонписарон ва волейбол - байни ҷавондухтарон доир карда шуд. 

Дар мусобиқа оид ба намуди бокс варзишгарони соли таваллудашон 2002 - 2003 аз рӯи 10 вазн аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Бӯстон, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров, дар мусобиқаи волейбол байни бонувон даҳ даста аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳайати зиёда аз 100 нафар варзишгар ширкат варзиданд.

570571

Дар мусобиқа аз рӯи намуди волейбол ҷойи аввал насиби бонувони волейболбози Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюм – насиби дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҷойи сеюм ба дастаи шаҳри Истаравшан муяссар гардид.
Санаи 25-уми декабри соли равон дар Кохи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими пӯшидашавии мусобиқаҳо баргузор ва дар ҷараёни он муовини аввали сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд полковники милитсия Ализода Музаффар суханронӣ намуда, иштирокчиёни мусобиқаҳоро барои иштироки фаъолона сипосгузорӣ ва таъкид дошт, ки варзиш дар ҳама давру замон омили обутоби бадан ва солимии ҷисм буд, ҳаст ва ҳоҳад монд.

572573

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди варзиш таваҷҷуҳи махсус дода, мунтазам чорабиниҳои гуногуни варзиширо дар байни ҳайати шахсӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор менамояд. Чунин тадбир метавонад баҳри солимгардонӣ ва аз ҷониби дигар барои пешгирӣ намудани кирдорҳои зидиҳуқуқӣ мусоидат намояд.
Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал ва Сипосномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Искандар Ҳасанов, лейтенанти милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика