Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти курсантон дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ

 

538

Дар партави иштироки фаъолонаи курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, дар чорабиниҳои варзишӣ, мусобиқаву спартакиадаҳое, ки дар доираи вилояти Суғд ва берун аз он гузаронида мешаванд, курсантон ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардида истодаанд. Ёдрас аз он, ки бо ташаббуси Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд, ҳамчунин ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои варзишӣ (Спартакиада) байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд, барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят, инчунин бо мақсади муайян намудани варзишгарони беҳтарин барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишии байнидонишгоҳии сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз санаи 31-уми октябр то санаи 15-уми ноябри соли 2018, шуда гузашт. Дар мусобиқаҳои мазкур 74 нафар курсантони факултети № 4 фаъолона иштирок намуда, 23 нафари онҳо ба натиҷаҳои хуб ноил гардида, соҳиби 29 медал гардиданд. 

Курсантони факултети №4 Сидиқов Пайрав дар намуди «Самбо», Ҳайитов Ҳайитбой дар намуди «Бокс», Ҳусейнов Азизмаҳмад дар ду намуд: «Самбо ва Дзюдо», Мирраҳимов Маҳмадшо дар намуди «Варзиши сабук» ва Эшонқулова Мубина дар ду намуд: «партофтани Диск ва Найза» дар ин мусобиқаҳо чемпиони мутлақ гардида, барои иштирок дар мусобиқаҳои байнидонишгоҳии сатҳи ҷумҳуриявӣ имконият пайдо намуданд.
Бо кӯмак ва дастгирии бевоситаи сардори факултети №4, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. курсантони номбаршуда барои иштирок дар мусобиқаҳои байнидонишгоҳии сатҳи ҷумҳуриявӣ сафарбар карда шуданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба варзиши сабук, ки санаҳои 24-25-уми ноябри соли 2018 дар ш.Душанбе баргузор гардид, курсанти факултети №4, милитсияи қаторӣ Эшонқулова Мубина такроран дар ду намуди варзиш: «партофтани Найза ва партофтани Ядро» чемпиони мутлақ гардида, соҳиби ду медали тилло гардид.

537

Дар мусобиқаи варзишӣ дар намуди «Самбо», ки санаҳои 23-24-уми ноябри соли 2018 дар ш.Душанбе баргузор гардид, курсантони факултети № 4, милитсияҳои қаторӣ Ҳусейнов Азизмуҳаммад дар вазни 100 кг ҷойи 2-юм ва Сиддиқов Пайрав дар вазни 82 кг ҷойи 3-юмро ишғол намуда, соҳиби диплом ва медалҳо гардиданд.
Аз дастовардҳои ин варзишгарони факултет, ки аз ин пеш низ дар ҳамаи чорабиниҳои варзишии факултет фаъолона иштирок менамуданд, ҳайати кормандон ва омӯзгорон, инчунин ҳайати курсантони факултет шоду хуррам буда, барои онҳо муваффақиятҳои нави варзишӣ ва комёбиҳои беназир таманно менамоянд.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД, полковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика